Шаҳри дӯстдоштанию арзандаи ифтихор

№50 (4790) 22.04.2024

Паёми табрикии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе

шаҳри Душанбе, 20 апрели соли 2024

Ҳамватанони азиз!

Сокинони саодатманди пойтахт!

Шуморо ба муносибати Рӯзи пойтахти маҳбубамон шаҳри Душанбе, ки имсол ба 20 апрел рост меояд, самимона шодбош мегӯям.

Ин ҷашн, ба мисли худи пойтахти зебою дилорои мо, кулли сокинони кишварамонро сарҷамъу муттаҳид месозад. Имрӯз хурду калон Душанберо дӯст медорад, ба таърих, фарҳанг ва арзишҳои он арҷ мегузорад.

Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маркази сиёсӣ, илмию фарҳангии он муаррифгари шоистаи симо ва оинаи давлату миллати куҳанбунёди тоҷик ба ҳисоб меравад.

Дар давраи арзишманди ташак­кулёбиаш пойтахти азизамон шаҳри ­Душанбе бо саҳмгузории наслҳои ­гузашта сохта шуда, ҳоло дар марҳилаи инкишофи бемайлон ва рушди бесобиқаи худ қарор дорад.

Бахусус, солҳои охир зери таваҷҷуҳ ва ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ­масъалаи рушду ободии пойтахт такони тоза ва илҳомбахш дода шуда, корҳои бузурги бунёдкорию созандагӣ амалӣ карда шуданд.

Бо шарофати дастгирии давлату Ҳукумат ва тавассути заҳматҳои сокинони ободпешаи Душанбешаҳр мо тавонис­тем, ки дар якчанд соли охир симои пойтахтро куллан дигар карда, онро ба яке аз пойтахтҳои муосири сатҳи ҷаҳонӣ мубаддал гардонем.

Маҳз, дар натиҷаи заҳмати содиқонаю ватандӯстонаи сокинони сарбаланди мамлакат шаҳри Душанбе дар байни пойтахтҳои давлатҳои дигар ҳамчун пойтахти ҷавону рушдёбанда эътироф гардид. Муҳимтар аз ҳама, дар Душанбе барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла тиҷорату иқтисод, илму фарҳанг, роҳу коммуникатсия ва таъмини зиндагии шоистаи аҳолии он, шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки дар солҳои наздик шаҳри Душанбе ба яке аз марказҳои муҳими илмӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар минтақа табдил хоҳад ёфт.

Дар баробари дастовардҳои назаррас мо ҳанӯз дар миқёси пойтахт масъалаю мушкилоти ҳалталаб низ дорем, ки ҳамаи онҳоро худамон бо нерую зеҳни солим, иттиҳоду сарҷамъӣ ва меҳнати созандаю ободгарона бо шукргузорӣ аз суботу оромии Ватани озоду соҳиб­истиқлоламон ҳаллу фасл менамоем. Аз ин рӯ, ҳар як сокини пойтахтро даъват менамоям, ки дар иҷрои рисолати боз ҳам ободтару пешрафта, зебою гулпӯш ва сарсабзу хуррам гардонидан ва ба ҷаҳониён ба таври арзанда муаррифӣ кардани пойтахти азизамон шаҳри Душанбе сидқан талош варзанд.

Итминони комил дорам, ки сокинони бофарҳанги пойтахт минбаъд низ бо риояи маданияти баланди шаҳрдорӣ ва донишу маърифати волои инсонӣ намунаи беҳтарини шаҳрнишинро нишон медиҳанд, зеро Душанбе шаҳри мост, хонаи умеди мост, ки мо онро дӯст медорем, аз он ифтихор мекунем ва ба он эътимод дорем!

Ба шумо хушбахтӣ, саломатӣ ва умри дароз таманно карда, орзуи онро дорам, ки шаҳри Душанбе макони амалишавии ниятҳои хайри ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ гардад.

Таҷлили Рӯзи пойтахт муборак, ҳамдиёрони азиз!