Истифодаи самараноки обу замин — омили муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ

№50 (4790) 22.04.2024

Ҳамасола бо оғоз гардидани фасли баҳор ва мавсими обёрии заминҳои кишоварзӣ дар самти беҳдошти замин, бо об таъмин намудани заминҳои кишоварзӣ ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо масъалаву мушкилоти нав ба миён меоянд. Ба хотири огоҳӣ пайдо кардан аз вазъ бо муовини директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Олим Сафарзода ҳамсуҳбат шудем.

- Яке аз роҳҳои таъмини амнияти озуқавории мамлакат чун ҳадафҳои стратегӣ, истифодаи самараноки замин ва об маҳсуб меёбад. Бо ин мақсад агентӣ дар мавсими нав кадом корҳоро ба анҷом расонд?

- Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он баҳри иҷрои вазифаҳои худ, аз ҷумла таъмини истифодабарандагон бо оби полезӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии замин, аз худ намудани заминҳои нав, барқарорсозии замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва соҳилмустаҳкамкунӣ, корҳои муайянеро анҷом дода истодааст. Барои мисол, тоза намудани шабакаҳои обёрӣ дар масофаи 2724 ҳазор м3 (95%), заҳбуру заҳкашҳо 1943 ҳазор м3 (99%), таъмири иншооти гидротехникӣ 747 адад (96%), пойгоҳҳои обкашӣ 33 адад (72%), дастгоҳҳои обкашӣ 817 адад (95%), чоҳҳои амудӣ 97 адад (100%), зеристгоҳҳои барқӣ 180 адад (100%), трансформаторҳо 315 адад (99%), сулулҳо 1006 адад (95%) ва хатҳои барқӣ 102,7 км (100%) амалӣ гардид.

 Соли ҷорӣ идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо бо 57367 истифодабарандаи об барои бо об таъмин намудани 478691 гектар шартнома ба имзо расониданд.

«Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2023-2027», «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027», «Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосири каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ба рушди соҳа таҳрик бахшиданд.

- Агентӣ барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ чӣ корҳоро анҷом дод?

- Тағйирёбии иқлим боиси офатҳои табиӣ — обхезӣ, ярч ва омадани сел шуда, ба хоҷагии халқ зарар мерасонад. Селу обхезиҳо қисми зиёди офатҳои табииро ташкил намуда, қариб ки дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ мушоҳида мешаванд. Дар натиҷа иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, саддҳои муҳофизатӣ ва дигар иншооти обгардон осеб мебинанд. Лозим ба ёдоварист, ки дар ҷумҳурӣ 1386 км садди муҳофизатӣ ва 710 селпарто бо дарозии умумии 503 км мавҷуд мебошад.

Яке аз чораҳои асосӣ оид ба пешгирии ин раванд соҳилмустаҳкамкунӣ ба шумор меравад, ки барои ин ҳамасола маблағҳои зиёд зарур аст. Бо ин мақсад дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Барномаи давлатии корҳои соҳилмус­таҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» қабул шудааст. Дар доираи барномаи мазкур соли ҷорӣ бо харҷи 969,6 ҳазор сомонӣ дар масофаи 2060 метр соҳилҳо мустаҳкам карда шудаанд.

- Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «…тавассути ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҷиҳати азхудкунӣ ва обёрии заминҳои нав чораҷӯӣ карда шавад»… Вобаста ба ин дастур чӣ гуна тадбир­андешӣ шуд?

- Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2022, №90 «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» қабул гардидааст. Маблағи умумии он 563,1 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки 504,4 млн. сомонӣ сармояи хориҷӣ мебошад. Дар ин замина, соли 2022-юм 1445,69 гектар ва дар соли 2023-юм 480 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ба гардиши кишоварзӣ ворид шуд. Тибқи барнома, соли ҷорӣ бо харҷи 139,4 миллион сомонӣ азхудкунии 3410 гектар замини нав ва барқарорсозии 900 гектар замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ба нақша гирифта шудааст.

- Яке аз вазифаҳои асосии агентӣ беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин самт чӣ корҳо анҷом дода шуд?

- Тағйир ёфтани ҳолати мелиоративии заминҳо раванде ҳаст, ки пайваста дар ҷараён мебошад. Биноан, бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар доираи «Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2018, №374 тасдиқ гардидааст, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 48572 гектар замин бо харҷи 51103,0 ҳазор сомонӣ дар нақша буд. Ба шарофати татбиқи барнома солҳои 2019-2023 ҳолати мелиоративии 49393 гектар замин беҳтар карда шуд. Баъд аз анҷоми барномаи қаблӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2024 «Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» қабул гардид, ки дар марҳилаи якум солҳои 2024-2026 бо сарфи 52218 ҳазор сомонӣ вазъи мелиоративии 43519 гектар замин беҳтар гардонида мешавад.

- Барои суҳбат ташаккур.

Мусоҳиб Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,

 «Садои мардум»