Боздиди намояндагони Қирғизистон аз Қалъаи Хуҷанд

№ 22.04.2024

Ҳайати меҳмонон аз Ҷумҳурии Қирғизистон, ки дар мулоқоти гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон ба шаҳри Гулистон ташриф оварда буданд, аз Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» боздид намуданд.

Мавриди зикр аст, ки Қалъаи Хуҷанд ба наздикӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои халқи тоҷик бо ибтикору раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди барқарорсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Ба ҳайати меҳмонон раиси вилояти Ботканд Абдикарим Алимбаев, раисони шаҳру ноҳияҳои наздимарзӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигарон шомил буданд.

Меҳмонон ҳангоми саёҳат аз деворҳои атрофи қалъа ва арку дарвозаҳои он, растаҳои ҳунармандон, ошхонаи миллӣ, нуқтаҳои хизматрасонӣ, ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд дидан намуданд.

Мухтори АБДУЛЛО,

«Садои мардум»