Барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ

Аз ховари сухан то фаранги маъно

№55 - 56 (3692-3693) 20.05.2017

123Баррасӣ ва таҳқиқи масоили марбут ба таърихи адабиёти форсу тоҷик, хоса сабкшиносии осори қадим ва ҷадид, инчунин густариши равобити адабии миёни ақвоми мухталиф, махсусан пайванди адабиёти тоҷик бо соири кишварҳои дунё, аз дергоҳест, ки таваҷҷуҳи аҳли таҳқиқро сӯи хеш кашидааст.

Вусъати тадқиқоти густардае, ки дар марҳилаи ҷадид ба зуҳур мерасанд, назарҳои тозаи илмиро бозгӯӣ карда, аз густариши тамоюлҳои пажӯҳишӣ шаҳодат медиҳанд. Яке аз чунин асарҳои арзишманд китоби профессор Матлубаи Мирзоюнус «Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо» мебошад. Тавре дар муқаддимаи он муаллиф ишорат намудааст, «дар он мақолоте фароҳам омадаанд, ки дар солҳои гуногун ва дар мавзӯъҳои мухталиф таълиф ёфтаанд. Ағлаби мақолаҳо дар байни солҳои 2000-2015 ба қалам омадаанд. Бинобар он ки мавзӯи мақолот гоҳе ба ҳам қаробат надоранд, лозим дониста шуд, ки маҷмӯа дар ҳафт бахш мураттаб гардад: «Масъалаҳои таърихи адабиёти тоҷик ва сабкшиносӣ», «Ҷусторе дар адабиёти муосири тоҷик», «Хубони порсигӯ», «Аз Ховар то Фаранг», «Нақду баррасӣ», «Ёднома» ва «Сафарнома».

Аз мутолиаи ҳар бахши китоб мусаллам мегардад, ки муаллиф ба масоили адабиётшиносӣ ва нақду сухансанҷӣ диду назари хоса дошта, доманаи пажӯҳишҳои ӯ вусъату майлони махсус касб намудаанд. Дар навбати аввал матолиби меҳварии марбут ба сайри таърихии адабиёти тоҷик ҷилои хосае касб намуда, мулоҳизоти мавсуф, пеш аз ҳама, аз диди таҳаввулоти сабкӣ дар адабиёти куҳан ҷараён пазируфтааст. Ҳамчунин, муҳаққиқи сабкҳои адабиёти форсу тоҷик ба ҷараёншиносии ташаккули сабкҳои адабӣ руҷӯъ намуда, ҷойгоҳи сабки хуросониро дар мисоли намунаҳои адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои нуҳ ва даҳ ва раванди гузариши он ба сабки ироқиро дар қарнҳои баъдӣ мавриди баррасӣ қарор додааст. Доманаи мавзӯъҳои мавриди баррасии муаллиф роҷеъ ба масоили марбут ба адабиёти классикии тоҷик низ пурвусъат буда, шинохти мероси адабӣ, сабки суханварии адибони ҷудогона, шарҳҳои шеърӣ, тазкираҳои мухталиф дар таърихи адабиёт ва амсоли ин дар заминаи мақолоти мухталифи ин бахш ба баҳсу баррасӣ кашида  шудаанд. Хоса, назарҳои ҷолиби таваҷҷуҳи муаллифи китоб дар бораи шеъри оламгири устод Рӯдакӣ ва тарҷумаҳои он, каломи ҷаззоб ва муассири Мавлонои Балхӣ ва Камоли Хуҷандӣ, нахустин шарҳи Девони Ҳофиз ва ҳунари шоирии Абулфазли Сират баён шудааст, ки аз арзиш ва аҳамияти муҳим бархӯрдоранд.

Дар идома метавон ба як нуктаи муҳим ишорат намуд, ки муаллифи китоб бо анҷоми силсилаи пажӯҳишҳои нодир таҳти унвони «Хубони порсигӯ» як равиши тозаи таҳқиқиро дар адабиётшиносии тоҷик ба роҳ гузоштанд, ки маҳсули он на танҳо дар сурати мақолоти ҷудогона, балки чанд рисолаи илмӣ муҷассам аст. Роҳандозии силсилаи таҳқиқоти «Хубони порсигӯ» ва нашри чанд маҷмӯаи таҳқиқотӣ имкон пеш овард, ки бо эҳтимоми  донишманди соҳибназар таҳқиқи рӯзгор ва осори бонувони суханвар, ки дар адабиётшиносии тоҷик аз ҷониби Т. Усмон ва У. Назир оғоз гардида буд, идома ёбад. Китобҳои «Сиришке дар лола» (роҷеъ ба рӯзгору осори Робиаи Балхӣ), «Шамъи Тироз» (роҷеъ ба зиндагинома ва эҷодиёти Маҳастии Хуҷандӣ), «Шукуфаи андӯҳ» (роҷеъ ба рӯзгор ва осори шоираи эронӣ Фурӯғи Фаррухзод), «Ҳамзоди тӯфон» (роҷеъ ба рӯзгору осори шоираи муосири тоҷик Гулрухсор) аз зумраи ҳамин силсилаи таҳқиқоти марбут ба «Хубони порсигӯ» маҳсуб мешаванд.

Дар силсилаи таҳқиқоти анҷомёфта, пеш аз ҳама, таваҷҷуҳи муаллифро баррасии вежагиҳои сабкӣ ва ҳунари шоирӣ, инчунин, афкор ва ақволи судманд ва орифонаи  чанд тан аз бонувони суханвари адабиёти классикии тоҷик, чун Робиаи Балхӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Мастураи Курдистонӣ,  гурӯҳе аз занони ориф ва амсоли ин маҷзуб намудааст.

Ҳамин равиши муҳими шинохти масоили адабиётшиносиро муаллиф дар  дигар бахшҳои китоб низ идома додааст. Масалан, дар қисмати «Ҷусторе дар адабиёти муосир» мулоҳизаҳои хешро роҷеъ ба масъалаҳои мубрами адабиёти тоҷик баён дошта, матолиби судманде роҷеъ ба ҷараёнҳои шеъри муосир, таъсири сабки ҳиндӣ ба адабиёт, асари афкор ва каломи Мавлоно ба шеър, вежагиҳои ашъори устод Мирзо Турсунзода ва адибоне чун Аҳмадҷони Раҳматзод, Неъмати Оташ, нас­ри Баҳманёр ва мақоми устод Шакурӣ дар таҳқиқи сабки нас­ри муосири тоҷик ва амсоли инро баён кардааст. Айнан бо ҳамин усул муҳаққиқ дар бахши «Хубони порсигӯ» намунаҳои ашъор ва мақоми ҳунарии бонувони суханвари адабиёти кишварҳои форсизабон, чун Парвини Эътисомӣ, Симини Беҳбаҳонӣ, Гулрухсор, Фарзона ва дигаронро ба риштаи таҳқиқ кашидааст.

Тавре таъкид гардид, самти муҳими пажӯҳишҳои олимаро баррасии масъалаҳои адабиётшиносии тат­биқӣ ва равобити адабӣ ба вуҷуд овардааст, ки дар унвони китоб дар заминаи мафҳуми «муколамаи фарҳангҳо»  ба таври барҷаста равшан мегардад. Дар маҷмӯа чанде аз мақолоти муҳим роҷеъ ба муколамаи фарҳангҳо дар «Девони Шарқӣ-Ғарбӣ»-и Ҳӯте, тарҷумаҳои ин девон ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, таъсири шеъри Ҳофиз ба сурудаҳои Пушкин ва баррасии масоили таассури шоири маъруфи рус – Сергей Есенин аз адабиёти форсу тоҷик низ фароҳам шудаанд, ки андешаҳои судманду илмии муаллифро дар бораи масъалаҳои мубрами адабиётшиносии татбиқӣ ва пайвандҳои адабиёти тоҷику рус ва Аврупои Ғарбӣ бозтоб бахшидаанд. Қисмати дигари мулоҳизоти илмии профессор Матлубаи Мирзоюнус роҷеъ ба масоили пайвандҳои адабӣ дар қисмати нақду баррасӣ низ баён шудаанд, зеро дар ин бахш дар тақризҳои ба китобҳои Ҳамроқул Шодиқулов ва Абдувалӣ Давронов «Пайвандҳои адабии халқҳои тоҷик» ва Александр Ҳайзер «Тоҷи  заррин» (очеркҳо роҷеъ ба таърихи равобити адабии тоҷикон бо Аврупои Ғарбӣ ва Россия) низ баён шудаанд, ки чеҳраи ин донишмандро чун як муҳаққиқи барҷастаи масоили равобити адабӣ низ нишон додааст.

Воқеан, дар заминаи мурур ба маҷмӯи мақолоти арзишманд фароҳам­омада метавон ба ин нукта мусаллам шуд, ки тӯли солҳои зиёд дар доманаи фаъолиятҳои пажӯҳишии Матлубаи Мирзоюнус масоили зиёде ворид гардида, ин хидматҳо тавонистанд, ки ӯро ба ҳайси як нафар муҳаққиқи сермаҳсул муаррифӣ намоянд.

Азбаски маҷмӯаи мақолоти илмии профессор Матлубаи Мирзоюнус «Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳанг­ҳо» барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ пешниҳод шудааст, онро ҷонибдорӣ мекунем ва бо итминони комил мегӯем, ки донишманди пурмаҳсул бо фаъолияти назарраси илмӣ шоистаи дарёфти он ҳаст.

Умеда Ғаффорова, доктори илмҳои филологӣ,

профессор,

Замира Ғаффорова,

доктори илмҳои филологӣ,

профессор,

Нуралӣ Нурзод, номзади илмҳои филологӣ, дотсент