Шоир андар синаи миллат чу дил

Ё биё мусалмон шав ё маро насоро кун

№54 (3848) 03.05.2018

Тоҷикистон сарзамини илм, шеър ва ирфон аст. Дониш ва хиради мардуми мо дар ҳар варақи санг дарҷ гаштааст. Мо ҳар қадар ки ба кӯҳистон сафар намоем, ҳамон қадар бо шоирону олимону орифоне вомехӯрем, ки аз донишу хирад қасрҳо сохтаанд ва дар рушди тафаккури миллӣ нақш гузоштаанд. Яке аз он шахсиятҳои барҷаста Миравлиё Ҳусайн Мағмуми Дарвозист, ки бо ашъори дилпазир маъруф аст. Мағмум соли 1259 шамсӣ дар деҳаи Кеврони Дарвоз таваллуд шуда, соли 1325 хуршедӣ дар синни шасту шаш дар Бағлони Афғонистон чашм аз олам пӯшидааст.

Дар миёни мардум мухаммаси Мағмум, хоса байти зерини он шуҳрат дорад:

Моҳи кишвари русӣ майли мазҳаби мо кун,

Ё биё мусалмон шав ё маро насоро кун.

Ин шеърро Умари Темур басо ҷолиб месарояд. Доктор Шамсулҳақи Ориёнфар дар пажӯҳишномаи «Аз Балху Тахористон то Суғду Бухоро ва Хатлон» менависад: «Мағмум дар бораи ин мухаммас дар саҳифаи 94 девони қаламиаш, ки назди Мирнаҷибуллои Байзоӣ дар Афғонистон маҳфуз аст, чунин менависад: «Дар соли 1335 қамарӣ дар Бухоро дар қасри Ситораи моҳи хосаи Амир Олимхон бо панҷ нафар аъзои ҳайат иштирок намудем. Духтари насорие, ки доктар буд ва бо забони форсии бухороӣ суҳбат менамуд, дар маҳфили мо рафтуомад мекард. Дар ҳамин вақт ду муғаннӣ дар майдон омаданд ва ин фарди Мирсаид Абдулаҳадхонро (амири Бухоро) хонданд:

Шӯхи арманимазҳаб як даме мудоро кун,

Ё биё мусалмон шав ё маро насоро кун.

Ёрон аз ман хостанд, ки мухаммасе аз сӯи панҷ нафари мо бисароӣ, ки дар ҳар банд мисраъ (Ё биё мусалмон шав ё маро насоро кун) такрор шавад. Мухаммасро дар ҳамон маҷлис сурудам. Онро аз ман гирифтанд ва барои духтари насорӣ, ки доктар буд, хонданд ва тарҷума карданд. Бисёр хуш шуд ва як соати нуқрагии русиро аз ҷайб бароварда, ба ман туҳфа дод ва ин аст он мухаммас:

Моҳи кишвари русӣ майли мазҳаби мо кун

Рӯи худ ба масҷид ор, пушт бар калисо кун

Ихтиёр кун ислом тарки кеши тарсо кун

Ҳар чӣ бошад, эй дилбар, аз ду кор якро кун 

Ё биё мусалмон шав ё маро насоро кун…».

Ин шеъри Мағмуми Дарвозӣ бинобар шевоӣ, содагӣ хеле машҳур мешавад ва ба забони хосу ом меафтад. Ҳамчунин шоирони зиёде дар пайравӣ ба он шеърҳо мегӯянд, ки яке аз онҳо шоири машҳури афғонистонӣ Сӯфӣ Ғуломнабии Ашқарӣ мебошад. Шеъри Ашқарӣ «Бути фарангоин» ном дорад:

Эй бути фарангоин раҳм бар дили мо кун,

Метапад ба хоку хун ҳоли мо тамошо кун

Ё ризои худ меҷӯ ё ба гуфтаи мо кун

Шӯхи арманизода андаке мудоро кун

Ё биё мусалмон шав ё маро насоро кун…

Банда тасодуфан аз интернет девони Мирсаид Муҳаммади Каррухиро пайдо кардам, ки бо кӯшиши Моили Ҳиравӣ нашр шудааст. Аммо соли нашри китоб дар нусхаи электронии он вуҷуд надорад. Моили Ҳиравӣ дар оғоз дар бораи шоир ва зодгоҳи ӯ — Каррух, ки дар наздикии шаҳри Ҳирот будааст, маълумот медиҳад. Вай аз як навиштаи Салҷуқӣ ном донишманде иқтибос меорад: «Сайидо аз афозили шуаро ва кибори уламои қарни дувоздаҳуми Ҳирот аст». Дар ин ҷо манзур қарни дувоздаҳуми ҳиҷрӣ аст, ки шоир зиндагонӣ кардааст.

Зимни мутолиаи девон дар саҳифаи 111 чашмам ба ғазали зерин афтид:

Ҳамчу ғунча дилтангам, соқиё, мудоро кун,

Ҷуръае ба комам рез ғунчаи дилам во кун.

Ҳамчунон ки бод имрӯз атрбез меояд,

Ёр мерасад, эй дил, бӯсае таманно кун.

Ҳамчу мардуми дида хуш ба заврақи чашмам,

Лаҳзае биё биншин сайри мавҷи дарё кун.

Зулфи анбариносо карда ҷумларо тарсо,

Эй масеҳи вақт имшаб ҷилва дар калисо кун.

Аз лаби шакарборат бӯсае тамаъ дорам,

Ё бикуш ба шамшерам ё муроди дилро кун.

Лашкари ғамат Сайид дар ҷаҳон намегунҷад,

Дилфарох саҳро нест, ҷой дар дили мо кун.

Баъди хондани ғазали мазкур чунин ба назар расид, ки шояд  Абдулаҳадхон шеъри худро дар пайравии ҳамин ғазали Мирсаид Муҳаммади Каррухӣ сурудааст. Чун Каррухӣ орифи дар замони худ машҳур ва шоири хубе будааст, ҳатман Мағмуми Дарвозӣ ва Ғуломнабии Ашқарӣ низ аз ашъори ӯ огоҳӣ доштанд. Ҳамин тавр бо таъсири як шеър мухаммасҳои зебои дигар суруда шудаанд, ки то имрӯз овозхонон месароянд ва дӯстдорони каломи бадеъ аз он ҳаловат мебаранд.

ВОРИС, «Садои мардум»