«Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои таърихӣ — ҳуқуқӣ»

№57 (4007) 21.05.2019

КитобБо ҳамин ном чанде пеш матбааи ҶДММ «Эр-граф» ба муносибати 25-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асари муҳаққиқи ҷавон, мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Фирӯз Сайнозимзодаро таҳти унвони «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои таърихӣ-ҳуқуқӣ» ба нашр расонд, ки дар натиҷаи пажӯҳиши паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар солҳои 2000 — 2018 мураттаб гардидааст.

Тавре муҳаррири масъули асар, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Бахтовар Сафарзода менависад: «Омӯзиш ва таҳлили ин рисолаи воқеан ҳам пурарзиш далолат бар он мекунад, ки муаллиф мавзӯи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»-ро аз назари илми ҳуқуқ хеле моҳирона ба риштаи таҳлил кашида, дар он аз сарчашмаҳои илмии боэътимод, дидгоҳу афкор ва назарҳои созандаву пурҳикмати ҳуқуқшиносони ватанӣ ва хориҷӣ фаровон истифода намудааст».

«Дар маҷмӯъ, асар метавонад дар самти амиқу дақиқ омӯхтан ва воқиф гардидани ҳар шахси ҳушманд аз таърихи пайдоиш ва аҳамияти ҳуқуқии Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ ва таҷрибаи ҷаҳонии паёмҳои сарварони давлат ба парламент дар дигар мамлакатҳои ҷаҳон мусоидат намояд», — илова намудааст Бахтовар Сафарзода.

Китоб аз се боб иборат буда, бо теъдоди 500 нусха ба табъ расидааст ва барои истифодаи доираи васеи хонандагон тавсия дода шудааст.

«Садои мардум»