Ёде аз ҳамкасб

Шарифамоҳро ниқобпӯшон рабуданд

№91 (4041) 27.07.2019

ШарифамохШарифамоҳи Кишвардухт холаи ман аст. Бо вуҷуди он ки аз ғайб задани ӯ беш аз 25 сол сипарӣ гашта бошад ҳам, ӯро бо некӣ ёд мекунанду ному хотираашро зинда медоранд. Маҳз зиндагии ин зани наҷиб боис гардид, ки ман дар риштаи рӯзноманигорӣ таҳсил намоям…

Номбурда рӯзноманигори ҳақиқатҷӯ буд. Аз хурдӣ ба шеъру таронанависӣ шавқу рағбат дошт. Таронаҳои нахустинаш дар рӯзномаи «Ҳақиқати Қӯргонтеппа» чоп шудаанд. Орзу дошт, ки навиштаҳояшро дар шакли китоб ҷамъ оварад, аммо ин орзуи ӯ амалӣ нагардид. Дар даврони шуми ҷанги шаҳрвандӣ мисли чанд тан аз рӯзноманигорони шинохтаи дигар беному нишон шуд. Пас аз солҳо шоира ва рӯзноманигор Шарофати Дониёр орзуи шодравон Шарифамоҳи Кишвардухтро амалӣ гардонд. Мақола ва таронаҳояшро ҷамъоварӣ намуда, бо номи «Авроқи парешон» рӯи чоп овард.

Шарифамоҳ 22 июни соли 1951 дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) ба дунё омадааст. Баъд аз он ки мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло хатм намуда (соли 1968), ба волидонаш гуфт, ки рӯзноманигор шудан мехоҳад.

- Ҳамсояҳо чӣ мегӯянд? — норозигӣ карданд волидон. Бояд гуфт, ки дар он айём шумораи хоҳишмандони таҳсил аз ҳисоби духтарон дар мактабҳои олӣ хеле кам буд ва ин кор то андозае айб ҳам дониста мешуд.

- Ба ҳеҷ ҷой намеравӣ, хондани ту ба мо лозим нест, — ба қарори қатъӣ омаданд, волидони Шарифамоҳ. Вале Шарифамоҳ аз раъяш нагашт.

Рӯзе муаллима Қурбонгул Иззатуллоева (равонаш шод бод!), ки аз орзуҳои шогирд хабар дошт, ба назди падару модари Шарифамоҳ омад.

- Монед, духтаратон хонад, соҳиби илму маърифат шавад, — хоҳиш намуд ӯ. — Шарифамоҳ духтари босавод аст, бовар дорам, ки рӯзноманигори хуб мешавад.

Вале суханони муаллима ҳам натиҷа набахшиданд ва Шарифамоҳ маҷбур, шуд, ки бо кумаки муаллимааш барои супоридани ҳуҷҷат ба факултети журналистикаи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ), ба шаҳри Душанбе ояд.

Он рӯз то бегоҳ ҳама осуда буданд, танҳо қарибии шом модари Шарифамоҳ аз набудани духтараш огоҳ шуда, ба таҳлука афтод. Зери дарахти тут, ки дар рӯ ба рӯи роҳи калон қомат афрохта буд, интизори фарзанд нишаст. Вале аз Шарифамоҳ дарак набуд. Модари бечора то субҳ зери дарахт ашк рехт. Баъди дамидани субҳ бо ҳазор андеша ба хонаи муаллима Иззатуллоева рафт.

- Аз Шарифамоҳ дарак нест, шумо хабар надоред, ки ба куҷо рафта бошад? – бо чашмони пуроб пурсон шуд модар.

- Медонам, модарҷон, — посух дод муаллима, — хавотир нашавед. Духтаратон дар Душанбе, ба университет ҳуҷҷат месупорад…

Шарифамоҳ имтиҳонро супорида, хурсандона аз синфхона берун омад, ва … дар рӯ ба рӯяш падарро дид.

- Ин чӣ кори кардагиат буд? — ҳатто ба саломи духтараш ҷавоб надода пурсид падар. — Ҳамсоя­ҳо хандида истодаанд, аз гиряи бисёр мадори модарат намондааст. Чизу чораатро ҷамъ кун, ба хона меравем.

- Ман рафта наметавонам, чунки имтиҳонҳоро супорида, донишҷӯ шудам…

Падар ба хона баргашт. Модар пас аз огоҳ шудан аз саломатии духтараш андаке ором гирифт ва чун шунид, ки Шарифамоҳ пас аз гирифтани ҷойи хоб дар хобгоҳ ба хона бармегардад, боз зери тути калонро «иҷора» гирифт ва интизори бозгашти духтари якраваш нишаст. Ҳар рӯз аз субҳ то шом интизорӣ мекашид. Ниҳоят,Шарифамоҳ баргашт.

- Ту сари моро дар назди ҳамсояҳо хам намудӣ, — гуфтанд падару модар, ки ҳанӯз ҳам духтарашонро набахшида буданд. — Ба атрофат нигоҳ кун, кадом духтари ҳамсоя мехонад?

- Падарҷон, модарҷон, барои чӣ ман сари шуморо  хам мекардааму обрӯи шуморо мерезондаам? Магар хондану соҳибмаълумот шудан бадӣ дорад? Магар аз бесаводӣ дида, саводнок будан беҳтар нест? Ман ба шумо ваъда медиҳам, ки донишгоҳро бо сари баланд хатм намуда, ба наздатон бармегардам, — гуфт ӯ.

… Шарифамоҳ донишгоҳро соли 1973 хатм намуда, ба зодгоҳ баргашт ва ба идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» ба кор даромад. Худи ҳамон сол оиладор шуд. Соҳиби ду писар — Диловар ва Дилшод гардид. Муддате дар вазифаи мудири шуъбаи мактубҳо фаъолият намуд. Нисбат ба ягон муроҷиати хонандагон беэътиноӣ зоҳир намекард. Зуд — зуд ба сафари хизматӣ мерафт. Ҳар арзу шикоятро пурра санҷида, танҳо ҳақиқатро менавишт. Рисолати журналистиро комилан иҷро менамуд ва ба касбаш содиқ буд. Аммо шавҳараш, ки рашки зиёд дошт, мехост, ки Шарифамоҳ кор накунад. Рӯзе назди ӯ  чунин шарт гузошт: «Ё ман ё корат! Ман мехоҳам, ки ту дар хона шинӣ!» Шарифамоҳ чӣ кор карданашро намедонист. Солҳое, ки барои идома додани таҳсил ва соҳиб шудан ба касби дӯстдошта бе розигии падару модар, бе дуои онҳо аз хона баромада, якаву танҳо ба шаҳр рафт, волидонро зери таънаи мардум гузошт, пеши назараш ҷилвагар шуданд. Акнун, ки бо сари баланд дар роҳи интихобнамудааш қадам мезанад, ба осонӣ аз касб даст кашад? Ниҳоят, ба хулоса омад: гарчанд хонавайронӣ барояш зарбаи сахте мегардид, ӯ дар муқобили шавҳар касбро интихоб намуд.

Шарифамоҳ дарду алами худро ҳеҷ гоҳ ва ба касе нишон намедод, ҳамеша дар лабонаш ханда ҳувайдо буд. Вале соли 1987 марги нобаҳангоми писари калониаш Диловар, ки 14 сол дошт, барояш зарбаи сахт гардид. Бо Дилшодаш танҳо монд.

Касби дӯстдоштааш доруи қалби бемораш буд. Корҳояш хуб пеш мерафтанд. Хабару мақолаҳояш зуд-зуд дар саҳифаҳои рӯзнома чоп мешуданд. Соҳиби вазифаи нав — мудири шуъбаи ҳаёти партиявӣ гардид. Писараш Дилшод ба воя расида, ҷавони хушқаду қомате шуд. Акнун орзуи Шарифамоҳ писарашро хонадор карда, орзуву ҳаваси дилашро дидан буд, ки бесарусомониҳо оғоз ёфтанд. Алангаи ҷанги шаҳрвандӣ ба шаҳри Қӯрғонтеппа низ расид. Шарифамоҳ аз тарси он ки силоҳбадастон ба писараш зарар нарасонанд, ӯро ба ҷое рафтан намемонд. Гарчанд худ тез-тез ба хабаргирии волидон меомад, Дилшодро бо худ намегирифт. Дар лаҳзаҳои хатарнок писарашро зери кати хоб пинҳон менамуд. Вале…

Он рӯз Шарифамоҳ бо муҳаб­бату орзуҳои ширин мӯйи сари ҷингилаи Дилшодро паст намуда, ӯро ба саршӯйӣ фиристод ва худ дастурхон густурд, ки дар тақ-тақ шуд. Дилшод, ки дар долон бо саҷоқ сару рӯяшро пок мекарду ҳеҷ гоҳ дар намекушод, ин дафъа бе ягон тарсу ҳарос ва андешае ҷониби дар равон гашт ва дарро боз намуду дар ҷояш шах шуд. Дар рӯ ба рӯяш силоҳбадастони ниқобпӯш меистоданд. Яке аз онҳо Дилшод­ро бо нӯги автомат ба берун тела дод. – Оча, — фарёд кард Дилшод. Шарифамоҳ аз ин садои писар як қад парида, ба тарафи дар давид ва ҷигарбандашро пеш-пеши силоҳбадастон дид.

- Ман ҳозир меоям, — дари хонаашро қуфл зада, ба ҳамсояҳо гуфт ӯ ва сарлучу пойлучу гирён аз паси силоҳбадастон давид. Пеш аз нишастан ба мошини онҳо, ки рақам надошт, ба ҳамсояҳояш муроҷиат намуд: «Ҳамсояҳо, ин ҳайвонҳоро ҳеҷ гоҳ набахшед!»

Мошин Шарифамоҳу Дилшод­ро ба куҷо бурд, то ҳол касе намедонад…

Хабари рабуда шудани Шарифамоҳ ва писараш Дилшод зуд паҳн гардид ва модари Шарифамоҳ ғалтону хезон сӯи хонаи фарзандаш давид.

- Шарифамоҳ, ман омадам, ту куҷоӣ?

Ӯ дарро мекуфту паи ҳам номи духтару набераашро ба забон меовард, вале… бефоида.

Баъд аз лаҳзае ҳамсояҳо омада, дарро шикастанд. Ҳама диданд, ки дар хона дастурхон густурда ва ду коса хӯрок болои он гузошта шудааст. Дар зарфи дастшӯйӣ чанд тори мӯи ҷингилаи Дилшод мехобиданд…

Баъд аз чанд рӯз сандуқи Шарифамоҳро кушоданд. Дар он либосҳои домодиву чодари арӯсии бо меҳр таҳшуда мехобиданд…

Мадина ҶОБИРОВА, донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав