Бахшида ба Рӯзи пойтахт

Таҷаллии симои давлату миллат

№48 (4788) 17.04.2024

photo_2024-04-16_16-16-24 — копияТоҷикон дар шаҳрсозию шаҳрдорӣ таҷрибаи ғанӣ дошта, барои дигар миллатҳо намунаи ибратанд. Дар ин бобат далелҳои таърихӣ зиёданд, вале бо мисол овардани намунаи барҷастаи он — шаҳри Душанбе иктифо менамоем.  

Шаҳри Душанбе чун пойтахти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва маркази илму фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик, боиси ифтихори хурду бузурги мамлакат буда, ҳамон тавре Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, «бурду бохти он на танҳо ба сокинони пойтахт, балки ба кулли мардуми кишвар тааллуқ дорад».

Ба шарофати таваҷҷуҳи хосаи Президенти мамлакат ва тадбирандешии бетаъхири Раиси ҷавони он муҳтарам Рустами Эмомалӣ шаҳри Душанбе имрӯз дорои шароити хуби инфрасохторӣ, биноҳои маъмурию истиқоматии бо санъати баланди меъморӣ бунёдгардида, макони ободонию сабзкорӣ, тозагию зебоӣ гардидааст.

Риояи маданияту назокатҳои шаҳрдорӣ идомаи мантиқии ин раванд буда, сокинони пойтахт барои тозаю озода намудани манзил, кӯчаю маҳали зист, эмин нигоҳ доштани инфрасохтор беш аз пеш фаъоланд, зеро мо, воқеан, миллати тамаддунсозу фарҳангӣ, ободгару шаҳрсоз ва шаҳрнишину шаҳрдор ҳастем.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: «Пойтахт симо ва оинаи давлату миллат буда, рафъи камбудиву мушкилоти мавҷуда ва ба ҷаҳониён ба таври арзанда муаррифӣ кардани он вазифаи на фақат мақомоти шаҳр, балки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, ҳамаи хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад».

Бо назардошти усули хоси роҳбарӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносию пок­виҷдонӣ, дастовардҳои ноилгардида метавон гуфт, ки Раиси ҷавони шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҷаллибахши симои давлату миллат маҳсуб мешаванд. Ӯ дар ҳама зинаҳои фаъолият масъулиятшиносӣ, поквиҷдонӣ ва ташаббускориро меҳвар қарор дода, дар ин ҷода собитқадаманд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сифати дастпарвари мактаби Пешвои миллат аз имтиҳони ҷиддӣ гузашта, ба дастовардҳои беназир ноил гардиданд. Ин дастовардҳо сабаб шуданд, ки дар шаҳри Душанбе дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд оянд.

31 ДАСТУРУ СУПОРИШ БА ШАҲРДОРИ 30-СОЛА

Соли 2017 мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва масъулони соҳаҳои гуногуни шаҳри Душанбе баргузор шуд, ки он ҳамчун идомаи тадбирандешиҳо барои рушди устувори иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе барои дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷудаи пойтахти мамлакат ва таҳияи нақшаю барномаҳои наву муосири таъминкунандаи пешрафту тарақ­қиёти бемайлони он шароити созгор фароҳам овард.

Ҷанбаи муҳиме, ки зимни таҳлилу баррасӣ ва арзёбии масоили марбут ба шаҳри Душанбе то андозае аз мадди назари коршиносон дур мондааст, рамзу ҳикмати 31 дастуру супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти мазкур ба шаҳрдори 30-сола муҳтарам Рустами Эмомалӣ аст. Аз ҷумла, бо мақсади беҳтар намудани шароити иқтисодию иҷтимоии аҳолии пойтахт, ташкили фаъолияти босамари сохторҳои давлатию хусусӣ, бунёди иншооти мухталиф, беҳтар намудани фаъолияти сармоягузорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ таҳия ва пешниҳод намудани «Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии пойтахт барои давраи то соли 2025» зарур шуморида шуд.

Роҳбари давлат, ҳамчунин, ­масъулинро барои такмили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» вазифадор ва таъкид карданд, ки дар ин санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд хусусиятҳои идоракунии пойтахти мамлакат бо назар­дошти мувофиқати манфиатҳои сокинони пойтахт бо манфиатҳои умумидавлатӣ, асосҳои ҳуқуқии таъмини фаъолияти ташкилӣ, моддию техникӣ, молиявӣ ва дигар масъалаҳои пойтахт ба назар гирифта шавад.

Бо мақсади беҳтар кардани идоракунии маҳаллӣ, вазъи манзилҳои истиқоматӣ андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкати соҳибмулкони манзил» ва «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» низ муҳим шуморида шуд.

Андешидани чораҳои зарурӣ барои ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ ба хотири рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, барқарорсозии иншооту дастгоҳҳои санитарию обтозакунӣ ва ислоҳоти низоми молиявию хоҷагидории Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе», бунёди иншооти нав дар доираи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе бо назардошти риояи талаботи санъати меъмории шаҳрсозӣ низ мадди назари Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доштанд.

Як қисми ин дастуру супоришҳо ба сохтмони пул ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ дар ҷойҳои серодам, ободу зебо гардонидани майдончаҳои варзиши кӯдакон ва ҷойҳои истироҳатӣ барои калонсолон, мақсаднок ба роҳ мондани фаъолияти муассисаю марказҳои варзиш, инчунин, танзими нархи хизматрасонӣ барои ҷавонон дахл дошт.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирию таваҷҷуҳи пайваста миннатдорӣ карда, ваъда доданд, ки барои ободонию пешрафти пойтахти мамлакат бетаъхир тадбир меандешанд.

photo_2024-04-16_16-16-04 — копияҚАВЛУ АМАЛИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

Бо гузашти вақти на он қадар зиёд муҳтарам ­Рус­тами Эмомалӣ, сарфи назар аз ҷавонӣ, дар ҷодаи сиёсат ба шарофати сармашқи кор қарор додани дастуру ҳидоят ва насиҳатҳои падаронаи Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама ҷанбаҳо ком­ёб гардид. Маҳз, дар ин замина обрӯю эътибори муҳтарам Рустами Эмомалӣ афзуд ва дар ниҳоди сокинони мамлакат эътимоду боварӣ ба ӯ мустаҳкамтар гардид. 31 дастуру супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳрдори 30-сола сари вақт ва дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро гардиданд ва муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо пиндору гуфтор ва рафтори намунавӣ дар қалби мардум маъво ёфт.

Имрӯз сокинони пойтахт мутмаин ва миннатдоранд, ки маҳз бо ибтикори роҳбари ҷавони шаҳр давра ба давра сохтмони инфрасохтори шаҳр, маҷмааҳои шаҳрофар, иншооти варзиш, биноҳои намоишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва майдонҳо мутобиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе босуръат идома доранд.

Онҳо ифтихорманданд, ки дар солҳои роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёда аз ду маротиба афзоиш ёфта, беш аз 300 корхонаи саноатӣ ба фаъолият оғоз кард. Усули хоси роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ замина фароҳам овард, ки сохт­мон ва сармоягузорӣ низ дар пойтахти мамлакат бесобиқа афзоиш ёбад ва дар ин муддат қариб 1000 иншоот бунёд гардад. Муҳимтар аз ҳама, 231 майдончаи варзишу фароғатии замонавӣ дар назди биноҳои истиқоматӣ бунёд гардид, ки мояи хушнудии кӯдакону наврасон ва сокинони шаҳр мебошанд.

Барои рафъи мушкилоти роҳҳои пойтахт зиёда аз 200 км навсозӣ ва таъмир гардида, бунёди эстакадаҳо оғоз гардид. Ғайр аз ин, навсозии роҳи Душанбе — Ваҳдат ба анҷом расида, дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе — Турсунзода» дар ҳудуди шаҳри Душанбе барқарорсозии қитъаи роҳ аз чорроҳаи хиёбони Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе тибқи меъёрҳои замонавӣ амалӣ шуд ва таҷдиди қитъаи роҳ аз бозори «Корвон» то шоҳроҳи Душанбе — Қӯрғонтеппа шурӯъ гардид.

Аз хотири сокинони пойтахт зудуда нашудааст, ки солҳои 90-уми асри гузашта шаҳри Душанбе маркази нооромию бесуботӣ ва макони амалигардонии мақсадҳои ғаразноки душманони дохиливу хориҷӣ гардида, шаҳр рисолаташро ҳамчун пойтахти мамлакат, гум карда буд, зеро сохторҳои идоракунии давлат пурра фалаҷ гардида, тамоюли марказгурезӣ авҷ гирифт. Сокинони шаҳри Душанбе он рӯзҳои вазнину фоҷиабор аз тарси ҷони худ ва аҳли оила­ашон ҳатто ба кӯчаҳои шаҳри хеш ва ба ҷойи корашон баромада наметавонистанд.

Сокинони сарбаланди шаҳр ҳоло ифтихорманданд, ки Душанбе ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарин аз рӯи таъмини амнияти шабона ворид аст.

Дар ин давра бо роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатии пойтахт дар соҳаи коркард, аз ҷумла нассоҷӣ, дӯзандагӣ, чарм, маснуот ва пойафзол 102,5 фоиз, коркарди чӯбу тахта ва истеҳсоли маҳсулот аз чӯб, фаъо­лияти табъу нашр ва коғаз 123,2 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти фарматсевтӣ 2,6 маротиба, металлургӣ ва маснуоти тайёри филизӣ 1,8 маротиба, таҷҳизоти барқӣ 1,9 маротиба ва истеҳсоли воситаҳои нақлиёт 141,1 фоиз афзуд.

Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар ин давра ба 30 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиш ҳамасола 108,1 фоиз ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш 20 фоизро ташкил дод. Тӯли солҳои охир ба шаҳри Душанбе зиёда аз 3 миллиард доллари ИМА сармояи хориҷӣ ҷалб карда шуд, ки қисмати аъзами онро сармояи мустақим ташкил медиҳад.

Дар ин давра хизматрасонии нақлиёти шаҳрӣ беҳбуд ёфта, дар пойтахти мамлакат истеҳсоли автобус ва электроавтобус роҳандозӣ гардид.

Бидуни муболиға метавон гуфт, ки бо сарварии муҳтарам Рустами Эмомалӣ рушду такомули пойтахт, аз ҷумла соҳаи маориф, бардавом ва дар сатҳи хубу сифати баланд аст. Номбурда бо меҳвар қарор додани суханони Пешвои миллат: «Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад», ба дастовардҳои бешумор ноил шуданд, ки дар таърихи пойтахти мамлакат назир надоранд.

Қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш аст, ки солҳои охир дар  олимпиадаҳо муҳассилини пойтахт зиёда 1000 ҷойи ифтихориро соҳиб шуда, дар ҷумҳурӣ пешсафиро ҳифз намуданд.

Шаҳрвандон сипосгузоранд, ки роҳандозии низоми муосири иттилоотӣ тавассути «Барномаи электронии eDonish» дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе низ самараи таваҷҷуҳи хосаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад. Муҳим он аст, ки барномаи мазкур пурра ройгон буда, ҳамаи хароҷот вобаста ба татбиқи он бо дастгирии муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пардохт шудааст.

Баргузории фестивалу чорабиниҳои  сатҳи баланди ҷумҳуриявию байналмилалии «Наврӯзи Душанбе», «Оби Душанбе», «Наврӯзи Душанбе — меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ», «Душанбе — шаҳри имконоти рушди кӯдакон», «Шукуфаҳои пойтахт» ва мусобиқаҳои варзишии сатҳи баланд, ки бо ташаббуси муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои муаррифии шоистаи кишвар ва ҷалби бештари сайёҳон амалӣ гардиданд, ҳоҷат ба шарҳу тавзеҳ надоранд.

Хулосаи ниҳоӣ ин аст, ки қавлу амали муҳтарам Рустами Эмомалӣ як аст. Дар ин замина ибтикори зарурӣ амалӣ ва мушкилоти мавҷуда бартараф шуда, пойтахти мамлакат беш аз пеш рушд кард. Шаҳри Душанбе мақому рисолати худ — таҷаллии симои давлату миллатро дарёфт. Анҷом додани чунин корҳои азими  созандагию бунёдкорӣ дар давраи начандон зиёди роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ тамаддунсозу соҳибфарҳанг ва созандаю бунёдкор будани миллати тоҷикро бори дигар  собит намуд.

Далер АБДУЛЛО,

 «Садои мардум»