Сеҳри қалам

Ҳамнафаси рангҳо

№95 (3241) 12.08.2014

Расм ба мавҷудот шакл диҳад, ранг ба онҳо зиндагӣ ато менамояд.

Дени Дидро

Вафо_Назаров_1Чанде пеш дар нигористони «Мастер – Класс»-и шаҳри Санкт-Петербург намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Вафо Назаров доир гардид.

Дар намоишгоҳ 46 расми офаридаи рассом, ки мавзӯи гуногунро фарогир буд, пешкаши тамошобинон гардид. Иштирокдорон ба нозукиҳои ҳунари рассоми тоҷик, гуногуншаклӣ, эҳсоси дарк ва қабули ҷаҳони имрӯза аз ҷониби муаллиф баҳои баланд доданд. Таваҷҷуҳи тамошобинонро мусаввараҳои рангоранг, ки аз манзараҳои табиати минтақаҳои ҷумҳурӣ ва чеҳраҳо иборат буд, бештар ҷалб намудааст.

Намоиши асарҳои рассом бо дастгирии раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 90-умин солгарди шаҳри Душанбе сурат гирифт.

Зимни суҳбат бо ин эҷодкор маълум шуд, ки дар шаҳри Санкт-Петербург меҳмонони зиёд аз кишварҳои гуногун ташриф оварда, аз маҳорати баланди Вафо Назаров ба ваҷд омада, пешниҳод намуданд, ки дар фурсати муносиб мусаввараҳояшро дар намоишгоҳҳои Аврупо ба маъраз гузорад.

Сабаби таваҷҷуҳи зиёди хориҷиён ба мусаввараҳои рассомони тоҷикро аз номбурда пурсон шудам.

- Айёми соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва ба фаъолият пардохтани сафоратхонаи давлатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ диққати меҳмонон ба маҳсули рассомони кишвар бештар шуд. Аз ин рӯ, ҳар як офаридаи рассомони тоҷик, ки аз нигоҳи мавзӯъ комилан фарқ мекунад, таваҷҷуҳи хориҷиён, бахусус аврупоиҳоро ба ин диёри зебоманзар зиёд намудааст,-гуфт ӯ.

Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон Вафо Назаров бо изҳори таассуф мегӯяд, ки рассомони тоҷик бо сабабҳои гуногун  берун аз Тоҷикистон имкони муаррифии асарҳояшонро надоранд.

Имрӯз як зумра асарҳои офаридаи Вафо Назаров дар нигористон ва осорхонаҳои хориҷи кишвар маҳфуз аст. Аз ҷумла мусаввараи «Умари Хайём» дар Осорхонаи Сукарнои кишвари Индонезия, «Савганд» дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, «Як лаҳза биист!» дар ИМА  ва ба ин монанд дар осорхонаҳои кишварҳои Аврупо, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Япония ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ мусаввараҳои ӯ ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Муссавара,_Тоҷикистон

Ин рассоми маъруфи тоҷик ба ифтихори ин ё он сана чеҳраи бузургонро бо мӯқалам кашидааст. Портретҳои Зебуниссо, Носири Хусрав, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Шамсиддин Шоҳин, Исмоили Сомонӣ, Сомонхудот, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва нависанда Саттор Турсун аз ҳамон ҷумлаанд.

- Бештари рассомони тоҷик аз табиати худодод ва мавзеъҳои дилрабои Тоҷикистон таври лозима истифода намебаранд. Рушди босуръати технологияҳои навин, дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳонии интернет ва дигар омилҳои таъсиррасон барои аксари рассомони ҷавон аз як ҷиҳат иттилоъ ва маълумоти лозимаро диҳад, аз ҷониби дигар ба сатҳи фаъолияти касбии онҳо таъсири манфӣ расонида, эшонро аз санъати ҳақиқатнигорӣ дур гардонидааст, — муътақид аст В.Назаров.

-Кишвари моро Офаридгор гӯё маҳз барои рассомон офаридааст. Зеро пеши назар зебоию таҳаммул ва сукути кӯҳҳо, назокати талу теппа ва манзараҳои нотакрори табиат дилрабоӣ менамояд.

Дар асарҳои рассомони ҷумҳурӣ чунин мавзеъҳо, ба монанди водии Алай, манзараҳои Чилдухтарон, Ҳафткӯл, Искандаркӯл, водии Ҳисор, дараи Варзоб, водии Зарафшон, Муғтеппа бо ҷилою тобишҳои гуногун инъикос ёфтаанд. Вале то ҳанӯз ҷаҳони нопайдоканори саршори гавҳарҳои нодидаву ночидаро мемонад. Умед дорам, ки насли ҷавони рассомони тоҷик ин анъанаи авлодонро бо диди нав идома мебахшанд. Пеш аз ҳама, барои фаҳмидан ва дарк намудани санъати тасвирӣ завқу ҷаҳонбинии васеъ доштан лозим аст,- афзуд ӯ.

-Мутаассифона, алҳол ин ҳунар кам тарғиб мешавад. Теъдоди хеле ками одамон ба нигористони рассомон ва осорхона мераванд, театрро қариб ки фаромӯш кардаанд, китоб кам мутолиа мекунанд. Яъне, на фақат мактабу муаллим, балки падару модарон низ ба тарбияи эстетикӣ, ташаккули эҳсоси зебоишиносии фарзандон кам аҳамият медиҳанд.

Замони шӯравӣ ба офаридаи мусаввирон мароқи беандоза зоҳир мегардид.  Масалан, барои муаррифии асарҳои тозаэҷоди як рассом намоишгоҳҳо баргузор мегардид, мардум бо камоли майл ба тамошо меомаданд. Рассомонро ҳавасманд менамуданд ва боз барномаҳои махсус амал мекард, ки ба ин васила ин навъи санъат ташвиқ мегардид. То замони соҳибистиқлолии кишвар барои боло бурдани шавқи санъати тасвирӣ дар боғчаҳои кӯдакон ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дарсҳо мегузарониданд. Дар ин миён бо сабабҳои маълум як муддат таълимоти расмкашӣ аз байн рафт. Хушбахтона, алҳол дарси санъати тасвирӣ дубора дар муассисаҳо ҷорӣ гардидааст. Умед аст, ки волидайн ва мураббиён дар тарбияи наврасон нисбат ба дарси расмкашӣ ва умуман зебоипарастӣ ҷиддитар машғул мешаванд,- гуфт В. Назаров.

Ду сол муқаддам нависанда Абуғаффор Абдуҷабборов дар бораи рӯзгори ибратомӯз ва чеҳраи эҷодии ин рассоми барҷаста китоберо бо номи  «Дарсҳои Вафо Назаров» нашр намуд. Аз нигоҳи нависанда ҷаззобияти мусаввараҳои Вафо Назаров дар ҳифзу риояи таносуби рангу тобишҳо, ҳамоҳангии манзара, мутобиқати шаклу мундариҷа, интихоби мавзеъ, манзараҳои машҳури таърихӣ-ҷуғрофӣ, оҳанги хосу суруди сурурангезӣ ниҳон аст: «Ба шарофати нафосати мусаввараҳои ӯ мо муҳити атроф, табиати дунёи ҳафтранги диёрро дигаргуна мебинем, амиқтар эҳсос мекунем, аз нав бо нигоҳи тоза назар меафканем, ангушти тааҷҷуб мегазем, ки чаро то ин лаҳза он манзараи зеборо пай набурдем, ба дилпазириаш андаке аҳамият надодем. Мухлисону мутахассисон ва ҳампешагони нуктасанҷ дар як нигоҳ офаридаҳои ӯро мешиносанд, зеро мусаввараҳояш саршори самимият, ҷӯшу хурӯши дил, фалсафаи рушноӣ, фалсафаи накӯӣ, фалсафаи зебоипарварӣ ва шодиву андешаанд».

Бояд гуфт, ки давоми беш аз 30 соли фаъолияти эҷодиии Вафо Назаров асарҳои офаридааш дар беш аз 40 кишвари дунё муаррифӣ шудааст.

Ӯ мегӯяд, ки на ҳама дар ин соҳа кор карда метавонанд, зеро ин касб сабуриро талаб менамояд. Тавре донишманди маъруф Мария Эшенбах мегӯяд: «Истеъдод сабру қаноати таҳаммулпазир аст: зарур меафтад ҳар он нуктае, ки ифода кардан мехоҳӣ дурудароз ва бо таваҷҷуҳ аз назар гузаронӣ, то паҳлуи нави касе пай набурда ва қайднакардаро кашф намойӣ».

Х.Шарипов, «Садои мардум»