Ҷашни мавлудат муборак

№108 (3745) 09.09.2017

Ҷашни мавлудат муборак,  модари ҷони азиз,

Фахр бо номи ту дорам,Тоҷикистони азиз.

 Дӯст медорам Зарафшону Бадахшони туро,

Водии зархези Вахш, Дарвозу Хатлони туро,

Ҳам Ҳисору ҳам Хуҷанди бостону Шаҳри Тус,

Мепарастам, ай Ватан, ман мулки Раштони туро.

 Ҷашни мавлудат муборак,  модари ҷони азиз,

Фахр бо номи ту дорам,Тоҷикистони азиз.

 Тоҷикистони азизам олами афсонаҳо,

Дар бағал пинҳон дорӣ сарвати беинтиҳо,

Кӯҳи лаълат беназиру обҳоят ҷонбахш,

Ҳар қадам бо чашм бинам инчунин муъҷизаҳо.

Ҷашни мавлудат муборак, модари ҷони азиз,

Фахр бо номи ту дорам, Тоҷикистони азиз.

 Сарзамини камзаминам- Тоҷикистон, зинда бош!

Як нишони давлате аз Оли Сомон, зинда бош!

Кай иваз созам кафи хокат ба домони гуҳар,

Сарпаноҳи халқи тоҷик- Тоҷикистон, зинда бош!

 Ҷашни мавлудат муборак, модари ҷони азиз,

Фахр бо номи ту дорам, Тоҷикистони азиз.

  Мекунам андар намозам субҳу шаб ман як дуо,

Баъд аз ин аз чашми бад бошад нигаҳдорат Худо.

Шуҳратат овоза гардад аз замин то бар само,

Домани покат нагардад аз кафи моён раҳо.

 Ҷашни мавлудат муборак, модари ҷони азиз,

Фахр бо номи ту дорам, Тоҷикистони азиз.

Диловари МИРЗО