Ҷашнвораи китоби бачаҳо

№49 (3350) 04.04.2015

Иди китоб

Якчанд сол аст, ки баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» ба ҳукми анъана даромадааст.

Ин дафъа тантанаи оғози ин ҷашнвора дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев дуюми апрел доир гардид. Нахуст намоиши китобҳо манзур гардид. Ҳозирин бо маҳсулоти чопии нашрияҳои ватанӣ шинос шуданд. Дар як гӯша эҷодиёт ва маҳсули дастони толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Синои пойтахт ҷой дода шуда буд.

Дар назди ҷамъомадагон роҷеъ ба аҳамияти китоб,  таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои  Давлат ва Ҳукумати кишвар ба китобу китобдорӣ ва рушди фарҳанг вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Орумбекзода Шамсиддин, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ суханронӣ карда, чорабинии имрӯзаро дар тарбияи маънавии насли наврас пураҳамият арзёбӣ карданд. Ба аҳли толор композитсияи адабӣ-бадеии «Гиреҳкушо» низ пешкаш шуд.

-Барномаи имсолаи фестивал бою гуногунранг аст. Он дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҷараён мегирад. Баҳри ҷаззобу хотирмон доир гардидани ин ҷашни фархунда масъулини китобхона, мактаб ва қасрҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо тайёрии ҳамаҷониба дида, бо ороишоти дилкашу навиштаҷоти муассир, шиору шоҳбайтҳо ҷойҳои баргузории фестивалро оро медиҳанд. Дар тамоми муассисаҳои фарҳангӣ ва таълимӣ давоми ҳафта бо иштироки аҳли илму адаб, ноширону китобдорон бо намоишҳои идона, маҳфилҳои адабӣ ва вохӯриҳои судманд, доир мешавад, — гуфт ба хабарнигорамон директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Қурбон Афғонов.

Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» то 9 апрели соли ҷорӣ идома меёбад.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум».

Суратгир Э. НазарИЁН