Аслаш зи нур бошад, фаръаш зи мор бошад

№16 (3810) 06.02.2018

Чашни-Сада-дар-Восеъ-51-1024x576Сада яке аз се ҷашни бузурги ниёгон дар қатори Наврӯз ва Меҳргон аст, аммо куҳантар аз ин ҳар ду. Муҳаққиқони бедордилу худогоҳ бар инанд, ки ҷашни Сада сарчашмаи фарҳанги ориёитаборон аст. Фирдавсӣ таърихи пайдоиши Садаро дар «Шоҳнома» қисса мекунад, ки Ҳушанг — подшоҳи Пешдодиён (шеваи киштукор, кандани корез, нишондани дарахт ва ғайраро ба ӯ нисбат медиҳанд), рӯзе дар доманаи кӯҳ море дид ва санг бар гирифту ба сӯи мор андохт ва аз бархӯрди сангҳо шарора парид ва оташ падидор шуд.

Аммо Абӯрайҳони Берунӣ, ки дар «Ат-Тафҳим» ва «Осор-ул-боқия» аз ҷашни Сада маълумот додааст, аз мор сухане дар миён надорад. Ӯ меоварад: «Сада гӯянд ва он ёдгори Ардашери Попакон аст ва дар иллату сабаби ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳар гоҳ рӯзҳо ва шабҳоро ҷудогона бишмаранд, миёни он ва охири сол адади сад ба даст меояд ва бархе гӯянд иллат ин аст, ки дар ин рӯз зодагони Каюмарс, падари нахустин, дуруст сад тан шуданд ва яке аз худро бар ҳама подшоҳ гардониданд. Ва бархе бар онанд, ки дар ин рӯз фарзандони Машшову Машшона ба сад расиданд ва низ омада: шумори фарзандони Одам Абулбашар дар ин рӯз ба сад расид».

Манучеҳрии Домғонӣ ҳамин ривоятро дар назар гирифта, мегӯяд:

Ҷашни Сада, амиро, ҷашни кибор бошад,

Ин оини Каюмарс в-Исфандиёр бошад…

Он оташе, ки гӯӣ, нахле ба бор бошад,

Аслаш зи нур бошад, фаръаш зи мор бошад.

Чун бингарӣ ба арзаш, аз кӯҳсор бошад,

Чун бингарӣ ба тӯлаш, сарву чинор бошад.

Назари дигар ин аст, ки Сада садумин рӯзи зимистон аст. Аз ибтидои зимистон (аввали обонмоҳ) то 10-уми баҳман сад рӯз ва аз 10-и баҳман то Наврӯз 50 рӯзу 50 шаб баробар ба 100 аст. Гуфтаанд, ба сабаби ин ки инсон ба оташ дастрасӣ пайдо кардааст, акнун шабҳо ҳам монанди рӯзҳо шуморида мешаванд ва ба ин ҳисоб то Наврӯз сад рӯз мемонад.

Аммо Меҳрдоди Баҳор дар китоби худ «Пажӯҳиш дар фарҳанги Эрон» ва Ризо Муродии Ғиёсободӣ дар китоби «Наврӯзнома» бар ин боваранд, ки Сада дар забони авастоӣ ба маънои баромадан ва тулӯъ кардан аст ва иртиботе бо адади 100 надорад. «Агар нахустин рӯзи зимис­тонро (рӯзи пас аз шаби ялдо) таваллуди хуршед ё меҳр бидонем, метавон онро бо ҳамоҳангӣ бо ҷашн гирифтан дар даҳумин ва чиҳилумин рӯзи таваллуд, оини куҳанзиндаи эронӣ донист». Воқеан, дар ҳама маҳали сукунати ориёиҳо, аз ҷумла Тоҷикистони имрӯза ва Тоҷикистони таърихӣ, чиллаи зимистон, чиллаи калон, чиллаи хурд, чиллаи тобистон дар гоҳшумории суннатии мо, ҳамчунин чиллаи кӯдак, чиллаи арӯс, маросими чиллагурезон ҳам ҳанӯз мавҷуд аст. Меҳрдоди Баҳор идома медиҳад: «ва ин вожаи «адас», ки ба маънои пайдоӣ ва ошкор шудан аст, дар Эрони бостон «сабок» ва дар форсии миёна «садад» аст. Ривоятҳое, ки ҷашни Садаро ба сад рӯз гузаштан аз зимистон ё панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз то Наврӯз таъбир мекунанд, ҳамагӣ аз сохтаҳои ҷадидтар аст ва дар мутуни қадимӣ наомадаанд».

Бояд ёдовар шуд, ки оташ дар ҷашни Сада ва умуман дар дарбори зардуштиён ҳаргиз маъбуд нест, балки намоди покиву неруи зиндагист, чунон ки Фирдавсӣ мегӯяд:

Ба як ҳафта дар пеши яздон буданд,

Мапиндор, к-оташпарастон буданд.

Ки оташ бад-он гоҳ меҳроб буд,

Парастандаро дида пуроб буд.

Умари Хайём дар «Наврӯзнома» менависад: «Ҳар сол то ба имрӯз Садаро подшоҳони некаҳд дар Эрону Тӯрон ба ҷой меоварданд. Баъд аз он ба дасти фаромӯшӣ супорида шуд ва танҳо зардуштиён, ки нигаҳбони сунани бостонӣ буда ва ҳастанд, ин ҷашни бостониро бар по медоранд».

Аз шеваи баргузории ҷашни Сада муаррихон ва нависандагоне чун Берунӣ, Байҳақӣ, Гардезӣ, Мисквайҳ аз даврони Ғазнавиён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён навиштаанд, ки он то давраи муғул давом дошт. Бино бар маълумоти мавҷуда, ҷашни Сада ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомате дигар баргузор мегардидааст. Абулфазли Байҳақӣ дар тафсили баргузории Сада дар даврони Султон Масъуди Ғазнавӣ, ки ҷашн ба ҳангоми сафари ӯ рост омадааст, менависад: «Султон дастур дод, ки дар роҳи Марв саропардае дар лаби ҷӯй бизананд, тоқҳо дуруст кунанд ва тахти баланде бизананд. Чун Сада фароз омад, нахуст бар сари он тахт нишаст, надимону мутрибон биомаданд ва оташ ба ҳезум заданд ва пас аз он шунидам, ки қариб аз даҳ фарсанг фурӯғи он оташ дида буданд ва чунон Садае буд, ки дигар ончунон надидам ва он бо хуррамӣ ба поён омад».

Ҳамчунин, дар ҷашни Сада оростани хонҳои бузург, гирдогирди маҷлиси ҷашн афрӯхтани машъалҳо, ширкат кардани султонону амирон, ба қасидахониву мадеҳагӯӣ пардохтани шоирон, суруду таронахонӣ кардани ҳунармандон, ба унвони ҳадя ба хурдсолон додани ҳадяҳое монанди шамшерҳои чӯбӣ, сурнайҳо ва ғайра расм будааст.

Содиқ Ҳидоят дар бораи баргузории ҷашни Сада дар Кирмон, ки худ овони ҷавонӣ, миёнаҳои асри ХХ, дар он ҷо зиндагӣ кардааст, чунин гузориш медиҳад: Садасӯзӣ ҷашнест, ки ҳанӯз зардуштиёни Кирмон ба ёдгори Ҷамшед ва оинҳои Эрони бостон мегиранд ва барои ин кор мавқуфоте дар Эрон ба назар гирифтаанд. Панҷоҳ рӯз то Наврӯз хирворҳои буттаву ҳезум гирд меоваранд… наздики боғча хонае ҳаст масҷидмонанд ва мӯбадони мӯбад аз бузургони шаҳр ва ҳатто хориҷиҳоро даъвати шоёне мекунанд. Дар ин оин нӯшиданиву шириниву мева зиёд чида мешавад ва аввали ғуруби офтоб ду нафар мӯбад ду лола равшан мекунанд ва буттаҳоро бо он оташ мезананд ва суруди вижае мехонанд. Ҳангоме ки оташ забона мекашад, ҳама меҳмонон, ки беш аз чандин ҳазор мешаванд, бо фарёдҳои шодӣ даври оташ мегарданд ва ин таронаро мехонанд:

Сада ба сада, Сӣ ба гала,

Панҷоҳ ба Наврӯз.

Нӯшиданӣ менӯшанд ва миёни ҳалҳалаи шодӣ ҷашн тамом мешавад».

Руҳуллоҳ Аминӣ аз баргузории ҷашни Сада дар даҳаи шастуми асри гузашта таърифи ҷолибе мекунад, ки тафсиле бар гузориши Ҳидоят аст: «Наздики ғуруб ду мӯбад лола ба даст бо либоси сафед аз боғча берун омада, замзамакунон ба Сада наздик мешаванд ва аз самти рост се бор гирди он мегарданд. Сипас, ин хирмани ҳезумро бо шуълаи лолаҳо аз чаҳор сӯ оташ мезананд. Соатҳо тӯл мекашад, то шуълаҳо ва ҳарорати оташ фурӯкаш кунанд ва мардум, ба вижа навҷавонон ва ҷавонон, битавонанд барои паридан аз рӯи оташ ба буттаҳои пароканда наздик шаванд. Дар гузашта аспсавороне, ки мунтазири фурӯкаш кардани шуълаҳо буданд, зудтар аз дигарон худро ба обу оташ зада, ҳунарнамоӣ мекарданд. Кишоварзон мекӯшиданд миқдоре аз хокистари Садаро бардоранд ва ба нишонаи поён ёфтани сармои зимистон гарморо ба киштзори худ бибаранд. Ширкаткунандагон кам-кам ба хона бармегаштанд, вале ҷавононе, ки то нимаи шаб перомуни Сада мемонданд, кам набуданд».

Дар Тоҷикистон ва умуман Осиёи Миёна низ баъзе унсурҳои Сада аз байн нарафтаанд. Масалан, дар ноҳияи Айнӣ ҳанӯз ҳам дар ҷашнҳои арӯсӣ таомули гулханафрӯзӣ, гирди оташ давр задан ва аз рӯи оташ паридан (аловпарак) идома дорад. Қаблан тӯйҳои арӯсиро монанди ҷашни Сада ҳатман ҳангоми фурӯ рафтани офтоб, яъне пас аз шом баргузор карда, машъал меафрӯхтанд. Тарзи омода кардани машъал чунин буд, ки дар сари чӯби дарозе ҷули зиёд печида, аз саҳар то шом дар оби равони ҷӯй мегузош­танд, то хуб нам кашад. Ҳангоми ғуруб, ки тӯй оғоз мешуд, ба машъал керосин пошида, фурӯзон мекарданд ва машъалбардор онро бардошта, дар миёни издиҳом, ки аз хонаи шаҳ ба сӯи хонаи арӯс мерафтанд, равон мегардид. Ҳар гоҳ, ки шуъла паст мешуд, машъалро хам карда, боз керосин мепошиданд, албатта, танҳо керосин месӯхту ҷули намкашида мемонд. Дар бозгашт аз хонаи арӯс машъале дигар ҳамроҳ мешуд. Ман бо боварии том гуфта метавонам, ки дар шаб баргузор кардани маросими арӯсӣ вобаста ба афрӯхтани ҳамин машъалҳо буд, на барои равшанӣ додан, вагарна чаро ҷашни арӯсиро чун имрӯз рӯзона баргузор намекарданд? Ҳамчунин, мардум хокистарро ҳам гиромӣ медоранд, болои он наҷосат кардан, ба ҷойи нопок партофтанашро гуноҳ мешуморанд. Бешак, инҳо ҳама унсурҳои ҳамон ҷашни Сада мебошанд.

Соли 2017 ҷашни Сада бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рӯйхати ҷашну идҳо дохил карда шуд ва 30 январ рӯзи ҷашни Сада эълон гардид. Соли дувум аст, ки он дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифта мешавад ва сол то сол шукӯҳу шаҳоматаш бештар мегардад. Дар соли қонунӣ гардидани ҷашни Сада иттифоқе афтод, ки на ҳама пай бурданд. Дар ин давра маҳдудияти неруи барқ, ки даҳсолаҳо идома дошт, барҳам дода шуд ва шаб­ҳо равшан шуданд. Бале, оташу равшаниву неру имрӯз на танҳо аз сангу ҳезум, балки аз обу ҳаво низ берун меояд. Метавон ҳадс зад, ки ҷашни Садаи соли 2019 бо ба кор даромадани агрегати якуми НОБ-и «Роғун» шукӯҳмандтар хоҳад гашт.

 Абдусалом Мирализода,       

директори Китобхонаи миллии

Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ,

профессор