Ба рушди фарҳанг эътибори ҷиддӣ медиҳанд

№160 (3145) 25.12.2013

- Дар ноҳияи Қубодиён солҳои охир соҳаи фарҳанг рушд меёбад, — иброз дошт дар оғози суҳбат бо мо  мудири шуъбаи фарҳанги ноҳия  Зебинисо Атоева. Инро мо низ лаҳзаҳои аввали ба Маркази фарҳангу фароғати ноҳия омадан мушоҳида кардем. Қасри зебою пуршукӯҳ ва саҳни тозаю озодаи он хеле назаррабо буд. Дар гулгашти саҳни қаср миёни дарахтони сояафкан нишастгоҳҳои нав  ба назар мерасид. Аз дохили бино садои хуши наврасе, ки ба Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Афзалшоҳи Шодӣ  тақлид карда, сурудеро замзама мекард, ба гӯш мерасид.

-Ин сарояндаи наврас Туймурод Юлдошев, хонандаи синфи ҳаштум аст. Зимни баргузории чандин чорабиниҳои фарҳангӣ маълум гардид, ки вай истеъдоди хуб дорад. Инак, мо ӯро ба қасри фарҳанг даъват кардем, фориғ аз таҳсил омада, зери роҳбарии устодон маҳораташро такмил медиҳад,- шарҳ дод мудири шуъбаи фарҳанг ва ҳамзамон илова кард:

- Имсол аз ноҳияи мо боз як навраси соҳибистеъдод- Матлубшоҳ Қурбонов, баъди ширкати фаъолона дар озмуни телевизионии «Овози тиллоӣ», соҳиби роҳхат ба шуъбаи рӯзонаи мусиқӣ ва суруди Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода гардид.

-Шумо дар оғози суҳбат зикр кардед, ки солҳои охир соҳаи фарҳанги ноҳия рӯ ба тараққӣ овардааст. Ба ин чӣ боис гардид?

-Ин пешрафтҳо нахуст самараи оромиву тинҷӣ дар кишвари азизамон, раванди бунёдкориҳост. Баъдан мехоҳам иброз намоям, ки сарвари имрӯзаи ноҳия Саъдулло Бекназаров ба пешрафти тамоми соҳаҳо, бахусус фарҳанг, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, ҳар як иқдоми хубро дастгирӣ ва барои амалӣ гаштани он мусоидат менамояд.  Барои мисол фаввораҳои назди қасри фарҳангро гирем, ки даҳ сол боз аз кор монда буд. Бо мусоидати раиси ноҳия имсол фаввораҳо ба кор андохта шуд. Ана, худатон мушоҳида кардед, барои фароғати мардум мо дар ин ҷо нишастгоҳҳоро низ омода кардем.  Ҳар бегоҳ дар қасри фарҳанг як чорабинии фароғатӣ доир менамоем. Ба ин чорабиниҳо махсусан ҷавонон зиёдтар меоянд.  Ин чорабиниҳоро наворбардори қаср Бахтиёр Ҷарашов ба навор гирифта, тавассути телевизиони назди маркази фарҳангӣ намоиш медиҳад.  Имсол раиси ноҳия ҳамчунин ба мо ду телевизор туҳфа кард, ки аз онҳо зимни баргузории чорабиниҳо истифода мебарем.

-Бахши фарҳанги ноҳия аз кадом сохторҳо иборат аст ва фаъолияти онҳо чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

-Ҳоло дар ноҳия чор маркази фарҳангу фароғат, як осорхонаи таъриху кишваршиносӣ, як мактаби бачагонаи санъат, 18 китобхонаи оммавӣ кор ва фаъолият мекунад. Давоми соли ҷорӣ кормандони бахши фарҳанги ноҳия чорабиниҳои зиёди хотирмон доир карданд. Боиси хурсандист, ки қариб дар ҳама чорабиниҳои мо раиси ноҳия ва дигар кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ширкат варзиданд. Аз ҷумла мехоҳам зикр намоям, ки зимни баргузории ҷашнвора бахшида ба Рӯзи Модар- 8 март, ки бо иштироки занони лаёқатманди ноҳия ва модарони серфарзанд доир гардид, раиси ноҳия С. Бекназаров суханронӣ намуда, ҳамаи модаронро бо ин иди пуршукӯҳ табрик ва ба аҳли ҳунар 5500 сомонӣ мукофоти пулӣ тақдим кард. Тантанаҳо бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз низ хеле шукӯҳманд гузашт. Дар ҷашнвораҳо баробари ҳофизони касбии шуъбаи фарҳанг даҳҳо истеъдодҳои ҷавон ва наврас низ баромад карданд. Ҳамин гуна маҳфилу ҷашнвораҳо  бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ, ба муносибати рӯзи ҷавонон, 16-солагии Ваҳдати миллӣ ва дигар санаҳои муҳим хотирмону судбахш буданд.

Рӯзи 11-уми июл дар кохи фарҳанги ноҳия дар робита ба суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат бо иштироки кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, ташкилоту муассисаҳо, раисони хоҷагии деҳқонӣ, раисони маҳалла ва уламои дин ҷамъомад баргузор гардид. Аҳли ҷамъомад вобаста ба дастуру супоришҳои Сарвари давлат барномаи фаъолияти минбаъдаи хешро муайян карданд. Аҳли ҳунари ноҳия дар баробари кишоварзон рӯзи 25 август дар маркази вилоят — шаҳри Қӯрғонтеппа дар иди «Асал ва Харбуза» ширкат варзида, барномаи ҷолиби фарҳангиро пешкаш карда, сазовори ҷойи аввал шуданд.

-Нақши китобу китобхона дар баланд гардидани маърифати мардум калон аст. Махзанҳои маърифатии шумо чӣ гуна фаъолият доранд?

-Дар бахши фарҳанги ноҳияи Қубодиён 18 китобхона фаъолият дорад. Дар ҳамаи китобхонаҳо дар рӯзҳои Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоб» аз рӯйи нақша-чорабиниҳо гӯшаву лавҳаҳо, намоишҳои китобӣ, суҳбату вохӯриҳо, маҳфилҳои адабӣ, қироати шеър ташкил ва гузаронида шуд. Ба иштирокчиёни фаъоли ин чорабинӣ аз тарафи  ҷамоатҳои деҳот туҳфаҳо тақдим гардид. Талаботи мардум ба китобҳои тозанашр  зиёд аст, вале  миқдори чунин китобҳо басанда намебошад.

Китобдорон бо мақомоти маҳаллӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, корхонаю муассисаҳо алоқаи зичи ҳамкорӣ дошта, мунтазам бо дастгирии якдигар чорабиниҳо доир менамоянд. Аз ҷумлаи масоили ҳалталаб дар баробари камии адабиёти тозанашр, инчунин нарасидани таҷҳизоти замонавӣ ва  курсиҳо мебошад.

-Қубодиён дорои таърихи куҳан аст ва гумон мекунам маълумотномаҳо ва нигораҳои Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳия бозгӯйи он мебошад…

-Бале, осорхонаи мо аз нигораҳо хело бой аст. Шумораи нигораҳои осорхона имрӯз ба 1963 адад мерасад, ки роҷеъ ба машғулияти мардуми қадимаи ин сарзамин, аз ҷумла кулолгарон, оҳангарон, бофандагон, ресандагон, чармгарону дӯзандагон, дуредгарону заргарон ва ғайра ҳикоят мекунанд. Нигораҳои дар ин ҷо мавҷудбуда ба асрҳои УII, УIII пеш аз солшумории мо ва асрҳои ХШ, Х1У ва Х1Х-ХХ тааллуқ дорад. Дар Осорхонаи таърихиву кишваршиносӣ маълумот доир ба 16 ёдгории таърихӣ, аз ҷумла Қалъаи Мир, Тахти Сангин, Уштур Мулло, Сафедмазор, Кайқубод Шоҳ  ва ғайра мавҷуд аст. Мутобиқи Барномаи «Ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020», оид ба ҷамъоварӣ ва эҳёи ҳунарҳои бадеии халқӣ экспедитсияҳо ташкил карда, семинару конфронсҳо барпо менамоем. «Фарҳанг ҳастии миллат аст» — гуфтаанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар оянда низ ин соҳаи ҳаётан муҳимро рушду такомул диҳем ва дар пешрафти кишвари азизамон саҳмгузор бошем.

Б. Каримзода, «Садои мардум»