Бахшида ба 100-солагии Зиёдулло Шаҳидӣ

№51 (3197) 20.05.2014

Ба ифтихори таҷлили 100-солагии Зиёдулло Шаҳидӣ дар мактаб -  интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ, ки номи ин оҳангсози машҳурро дорад, бо иштироки намояндагони аҳли ҳунар ва муассисаҳои таълимӣ — фарҳангӣ конфронс баргузор гардид. Дар конфронс маърӯзаҳои илмии устодону шогирдон дар мавзӯи «Зиёдулло Шаҳидӣ — мусиқишинос ва мураббӣ» пешниҳод гардиданд. Дар  мактаб — интернат гӯшаи махсус таъсис ёфта, ба ҳаёт ва фаъолияти ин оҳангсози маъруф бахшида шудааст. Дар конфронс порчаҳо аз филмҳое, ки ба ҳаёти ин марди хирад бахшида шуда буданд, намоиш дода шуд.

Дар муассисаи давлатии  мактаб – интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев низ бахшида ба 100- солагии оҳангсози маъруфи тоҷик маҳфили адабӣ баргузор  ва баъди мубодилаи афкор, ки ба ҳаёт ва фаъолият, сурудҳои офарида, мусиқии камеравӣ ва операҳои Зиёдулло Шаҳидӣ бахшида шуданд, барномаи консертӣ доир гардид.

Р. ҲАБИБОВ, «Садои мардум»