Барои он ки пеши роҳи афзоиши кӯдакони маъюб гирифта шавад…

№20 (3970) 19.02.2019

 Дастгирии табақаи осебпазири ҷомеа, аз ҷумла, кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ пайваста зери таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қарор дорад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карданд, дар мамлакат 149 ҳазор маъюб, аз ҷумла, 15 ҳазор маъюби гурӯҳи якум, наздик ба 27 ҳазор маъюби то синни 18 ва 71 ҳазор нафар ятим умр ба сар мебаранд.

Ҷиҳати беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии ин табақаи осебпазир дар мамлакат марказҳои тиббию иҷтимоӣ фаъолият менамоянд, ки хизматрасонии онҳо ба пешравии зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва фарҳангии кӯдакони имконияташон маҳдуд мусоидат мекунад.

Муассисаи давлатии «Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо» аз ҳамон ҷумла аст, ки дар ду самт — баланд бардоштани салоҳияти касбии кормандони иҷтимоӣ ва расонидани хизматҳои сифатноки иҷтимоӣ ва тавонбахшӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди то 18-сола фаъолият менамояд. Раванди солимгардонӣ ва тавонбахшии кӯдакони маъюб бо тарзу усулҳои гуногун сурат мегирад.

Муассиса дорои ҳуҷраҳои тандармонӣ, кордармонӣ, нутқдармонӣ, мусиқидармонӣ, сенсорӣ – равшанӣ, сенсори торикӣ барои бедор ва ором намудани асаби кӯдакони имконияташон маҳдуд, дарси компютерӣ, обдармонӣ ва ҳуҷраи хоб буда, тӯли чор соли фаъолият 759 кӯдаки имконияташон маҳдудро ба курсҳои тавонбахшӣ фаро гирифтааст. Аз ин шумора 98 нафар ба мактабҳои таҳсилоти фарогир, яъне инклюзионӣ ворид гардидаанд.

Вале бояд гуфт, ки танҳо бо дастгирӣ ва нигоҳубини маъюбону гурӯҳҳои осебпазир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъала роҳи ҳалли пурра намеёбад. Барои он ки дар оянда пеши роҳи афзоиши кӯдакони маъюб гирифта шавад, бояд ҳар як кас масъулият дошта бошад. Аз амалҳои номатлуб, ба монанди нашъамандӣ, майзадагӣ дур бошад, тарзи ҳаёти солимро интихоб намояд ва ба никоҳи хешутабори наздик роҳ надиҳад.

Муҳаммад ЗОКИР,  

«Садои мардум»