Барои равнақи фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ тадбирҳои муассир бояд андешид

№126 (3920) 18.10.2018

ИчлосияДар Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт, ки таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ­зода Қаноатшо Холиқ баргузор гардид, ҷараёни иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2016 дар бораи Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муовини раиси ноҳия Зумрат Лоиқова дар ин робита иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба масъалаҳои вобаста ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Ин буд, ки маблағгузории соҳа дар муқоиса ба соли 2000- ум 16,5 маротиба афзоиш ёфт. Дар давоми панҷ соли охир аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо аҳолӣ дар 13 деҳа ба маблағи 1 миллиону 837134 сомонӣ китобхонаҳо бунёд карда, бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонида шуданд. Боғи фарҳанги маркази ноҳия ба маблағи 1 миллиону 900000 сомонӣ бо атраксионҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардид. Қасри фарҳанг таъмир, толори калони он азнавсозӣ ва бо мизу курсӣ муҷаҳҳаз шуд.

Айни замон дар ноҳия 64 муассисаи фарҳангӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо, ба ғайр аз коркунони хоҷагӣ, 116 нафар корманд, аз ҷумла, бо таҳсилоти олии тахассусӣ 4 нафар, олии ғайритахассусӣ — 24, таҳсилоти миёнаи махсус — 48 ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 40 нафар фаъолият менамоянд.

Таҳлили вазъи соҳа нишон дод, ки кормандони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз уҳдаи иҷрои вазифа, аз ҷумла, ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ, кор бо технологияи муосири иттилоотӣ, ҷалби аҳолӣ ба маҳфилҳои гуногуни шавқовар баромада наметавонанд. Чунин вазъият ба завқи зебоиписандии аҳолӣ, мавқеи иҷтимоии муассисаҳои соҳа таъсири манфӣ мерасонад.

Дар ҷараёни татбиқи барномаҳои вобаста ба рушди фаъолияти китобдорӣ корҳои муайян анҷом дода шуда бошанд ҳам, он ба талаботи ҷомеа, ниёзи доимафзояндаи аҳолӣ нисбат ба китоб ва дастёбӣ ба сарчашмаҳои гуногуни иттилоотӣ ҷавобгӯй нест.

То ба ҳол «Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлативу оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013», бинобар норасоии маблағ дар ноҳия иҷро нашудааст. Вобаста ба ин, зарурати мусоидат намудан ба идомаи ҷараёни компютеркунонии муассисаҳои фарҳангии ноҳия ба миён омадааст.

Як мушкили асосии соҳа бо сертификати истифодаи қитъаи замин ва амвол таъмин набудани муассисаҳои фарҳангӣ мебошад. Дар барномаи мазкур чораҳо баҳри пешгирии хусусигардонии қитъаҳои замин, бино, амволи муассиса ва иншооти фарҳангӣ, инчунин, ­густариши раванди сертификаткунонии онҳо, пешбинӣ гардидаааст.

Дар назди Қасри фарҳанг осорхона амал мекунад, ки дар он 382 нигораи дорои арзиши баланди таърихию фарҳангӣ аст. Вобаста ба ин, дар барнома баҳри ҳифз, бақайдгирии ашё, коллексияҳои осорхонавӣ ва таъмини рушди фаъолияти осорхонаҳо як силсила чорабинӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки дар таъмини рушди бемайлони соҳаи фарҳанг ҳиссаи соҳибкорони маҳаллӣ, ҳавасмандии эҳсонкорӣ, татбиқи лои­ҳаҳо баҳри ҷалби сарчашмаҳои маблағгузории ғайрибуҷетӣ, аз ҷумла, сармояи хориҷӣ, чандон назаррас нест.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки новобаста аз тадбирҳои андешида ҷиҳати ривоҷу равнақи фаъолияти муассисаҳои фарҳанг, ҳанӯз ҳам дар самти таҷдиди инфрасохтори соҳа, таҳкими базаи моддӣ-техникии муассисаҳо, бахусус, таъмини онҳо бо технологияи муосири иттилоотӣ, дастгоҳҳои тақвияти овоз, созҳои мусиқӣ, либосҳои саҳнавӣ, нақлиёти хизматрасон, реквизитҳо, лавозимоти муосири равшанидиҳанда, мизу курсӣ ва адабиёти тозанашр камбудиҳо ба назар мерасанд.

Мудири бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Муллоҷон Аҳмадов зикр кард, ки солҳои охир ба масъалаи ҷалби оммаи васеи мардум ба хониши китоб таваҷҷуҳи махсус зоҳир ва чорабиниҳои гуногун, аз қабили мусобиқаи хониши китоб, ташкил карда мешавад. Соли 2018 Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳраки Ғарм ғолиби озмуни ҷумҳуриявии боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва соҳиби дипломи дараҷаи II гардид. Хонандаи деҳаи Шаҳрисабз Шоира Хуҷандизода дар озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон», сарояндаи хушовоз Гулназар Кенҷаев дар Фестивали байналмилалии «Боми ҷаҳон» ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

- Имрӯз камбудиҳое мавҷуданд, ки бахши фарҳанг дар танҳоӣ онҳоро ислоҳ карда наметавонад, — гуфт Муллоҷон Аҳмадов ва афзуд:

- Пешрафти соҳаи хоҷагии халқ аз маориф маншаъ мегирад ва калиди қуфлҳои баста низ ба маориф пайвастагӣ дорад. Солҳои пеш дар муассисаҳои таълимӣ кружокҳои худфаъолиятӣ амал менамуданд, ки барои аз хурдсолӣ ҷалб сохтани кӯдакону наврасон ва дар дили онҳо пайдо намудани шавқу рағбат ба соҳаи фарҳанг хизмати беандоза мекарданд. Фикр мекунам, ки ташкили онҳо талаби замон аст.

Баъди баррасии пурраи масъала, ошкори камбудиву дастовардҳо Маҷлиси вакилони халқи ноҳия қарор қабул намуд.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»