Биё, то гул барафшонем…

№83 (4033) 11.07.2019

imagesТабиати Тоҷикистони биҳиштосо рангорангу дилфиреб аст. Дар водиҳо, назди кӯлу дарёҳо, дар гулбоғу гулгаштҳо, лаби рӯду ҷӯйборҳо, дашту даман гулҳо даста — даста, ранги ба ранг мешукуфанд.

Дар кӯҳу дара, пуштакӯҳ, водиҳои кӯҳистон, гулҳо бо бӯйи хушу тобиши зебо чеҳраи касро шод ва димоғро  муаттар месозанд. Дар кишвари ҳамешабаҳорамон гулҳо зиёданд: бойчечак, сиёҳгӯш, лола ва ғайра, ки дар фасли баҳор мерӯянд. Хайрӣ, бунафша, нилуфар, гули ноз, сурӣ, гандум, марворид, шому саҳар, ёқут, камола, маҷаҳ, ҷаъфарӣ, натунӣ, ғоз, товус, патунӣ, офат, одамрӯ, садра, тоҷи хурӯс ва даҳҳо навъи дигари он дар аввали тобистон ва тирамоҳ мешукуфад. Барои онҳое, ки завқи баланди зебоипарастӣ доранд, пешниҳоди маълумоти  мухтасарро доир ба баъзе намуди гул бамаврид медонем:

Гули хайрӣ. Мансуби тугмапогул, баландиаш аз 60 — 150 см, то  3 метр мерасад, пояи рости сершох, гули гулобӣ, зард, сафед, сурх ва навъҳои дигар дорад. Дар Аврупо, Осиёи Марказӣ Қрим, Кавказ ва Балкан мерӯяд.

Гули ёқут: Баландиаш 25 — 220 см, баргҳои дарози  шамшермонанд дорад, гулҳои кабуд, зард, норанҷ, сабз, сафед ва решаи пиёзшакл дорад. Қариб 250 навъи он дар Африқои Шимолӣ, Аврупо ва Осиё паҳн шудааст. Дар Тоҷикистон  як намудаш мерӯяд.

Гули марворид. Барги гулҳои  мобайнаш зарду  канораш сафеду сурх ё гулобӣ, тухмаш зарду майда мешавад. Дар Қрим, Қафқоз ва дар Осиёи Миёна, дар Тоҷикистон мерӯяд.

Гули Ноз. Баландиаш 8 — 15 см буда, майдабарг аст ва тамоми сол хазон намешавад.

Дар Амрикои Ҷанубӣ, Африқо ва Аврупо паҳн гаштааст. Зиёда аз 500 навъи он мавҷуд аст. Дар Тоҷикистон се намудаш мерӯяд. Ин намуди гул ба хушкию гармӣ тобовар аст. Дар гулбоғҳои шаҳри Душанбе навъи майдабаргаш, ки тамоми сол дар нашъунамост, кошта мешавад.

Гули патунӣ. Аз 70 то 80 ва 120 см. қад мекашад. Аз аввали тобис­тон то зимистон гул мекунад. Дар Амрикои Ҷанубӣ рӯида, Туркия, Аврупои Ҷанубӣ, Африқои Шимолӣ, Эрон, Афғонистон, Хитой, Кавказ ва Осиёи Марказӣ паҳн гаштааст.

Гули садра. Дарозии пояаш то 2 м, баргаш сипаришакл, дар Осиё (Ҳиндустон Эрон, Малайзия, Индонезия, Филиппин) дар лаби ҳавзу дарёҳои сустҷараён месабзад. Ин намуд дар назди гулҳавзи боғи ботаникии Пажӯҳишгоҳи Академияи илмҳои Тоҷикистон, аз соли 1958, кошта мешавад.

Гули ҷаъфарӣ: Пояи рост 70 то 120 см қад дошта, баргҳои сабзи анбуҳ дорад. Гулҳояш ботаровату назаррабо аст. Ин гулро дар асри XVI аз қитъаи Амрико ба Аврупо оварданд. Дар шаҳрҳои бостонии Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд ­навъҳои  сербарги тиллоранг, зард ва норинҷӣ парвариш меёбанд. Гули ҷаъфарӣ дар тубакҳо, боғу  гулгаштҳо ва гарм­хонаҳо кошта мешавад.

«Маликаи гулҳо» — садбарг дар чор фасли сол дар гулгашту гулбоғҳо ва гармхонаҳо рӯйида, хушбӯю ботароват аст.

Дар Тоҷикистон бештар аз се ҳазор намуди гул мерӯяд, ки даҳҳо хели он садбарг мебошад. Дар гулбоғҳои шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Кӯлоб Хуҷанд ва Фархор навъҳои гуногуни садбарг парвариш меёбад.

Гулпарварӣ таърихи қадимӣ дорад. Дар китобҳои муқаддаси «Авас­то», «Забур», «Тавроту инҷил»  ва «Қуръон»-и карим гулпарварӣ нисбат ба пайдоиши дарахти себ, ангур ва зайтун қадимтар арзёбӣ шудааст. Дар қиссаҳои қадимаи мардуми Ҳинд «Маҳабҳарата» оварда мешавад, ки «Ҳакими Худои ишқ аз баргҳои гул» бунёд шудааст.

Вақте ки Худо  тан офарид,

Аз барги гул зан офарид.

Шоири Фаронса Гиллом — Де — Ларрис «Роман дар бораи гул» ном асар эҷод карда, дар Финляндия нишони олӣ «Гули сафед» таъсис ёфтааст. Дар асри XVII ниҳоли садбаргро аз Аврупои Ғарбӣ ба Россия оварда, дар боғи «Дорухонаи шоҳӣ»- и назди Москва парвариш мекарданд.

Дар Тоҷикистони биҳиштосо ба туфайли шароит ва иқлими  мувофиқ чун анъанаи таърихӣ ба гулпарварӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад. Бигзор гулҳои гулистони кишвар доим шукуфон бошанд.

Исматуллоҳи ЯЪҚУБЗОД, рӯзноманигор