Боғи Камол – макони маҳфилҳо

№121 (3422) 09.09.2015

16695921140_c75cfbd024_oКорномаҳои фарҳангии чанд соли охир мужда мерасонад, ки мо на танҳо аз диди сиёсиву иқтисодӣ ва энергетикиву коммуникатсионӣ, балки аз назари фарҳангӣ низ ба тақвияти муҳимтарин пояҳои истиқлол мерасем. Ба таъбири дигар, соҳиб шудан ба муҳимтарин дастовард ва падидаҳои фарҳангӣ ва эҳёи суннату мероси маънавии миллат маҳз бо шарофати таҳкими пояҳои Истиқлолияти миллӣ ба даст меояд. Аз ин лиҳоз, сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин арса беҳтарин дастоварду самараҳоро барои миллати мо эҳдо намуда истодааст, ки яке аз онҳо бунёди мақбараи Шайх Камоли Хуҷандӣ дар зодгоҳи шоир ба шумор меравад. Ҳидояти Президенти кишвар буд, ки соли гузашта ҳайати фарҳангиёни вилоят бо роҳбарии раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар намуда, муште аз хоки оромгоҳи Хоҷа Камолро ба зодгоҳаш оварданд, то ин маҷмаа ва ин мақбараи рамзӣ чун зиёратгоҳи аҳли дил арзи ҳастӣ намояд.

Қобили зикр аст, ки навсозии боғи Камоли Хуҷандӣ соли 2014 бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта буд. Имрӯз боғи мазкур ба як мавзеи басо зебою рӯҳафзо ва  сайрбоб табдил ёфтааст. Боғи Камоли Хуҷандиро ҳамчунин обшорони мусаффо  зеб медиҳанд, ки ба дарозии 150 метр тӯл кашида, бо сангҳои рангоранг — сиёҳ, сурх ва  сафед ороиш дода шудаанд.

Бо ҳунари дастони устоҳои чирадаст аз ноҳияи Бобоҷон Fафуров ва шаҳри Исфара ҳуҷраҳои ҳудуди боғ ва се айвон бо кандакорӣ ва нақшу нигори зебо оро ёфтаанд.

Аз ин ҷойгоҳи муқаддас на танҳо меҳмонони дохилӣ ва сокинони кишвар, балки сайёҳону мусофирони мамлакатҳои дуру наздик боздид намуда, фурсате худро дар замони Шайх Камол эҳсос менамоянд. Хонаи Шайх Камол бо усули ҷолиби корбурди беҳтарин санъати меъмории суннатӣ, падидаҳои фарҳанги миллии он рӯзгор бунёд шудааст, ки метавонад маърифати фарҳангии ҷомеа ва худогоҳиву ифтихори миллии мардумро боло бардорад.

Аз оғози ифтитоҳи Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» 200 ҳазор нафар сокинони шаҳри Хуҷанду меҳмонон онро тамошо кардаанд.

Владимир Воронов — масъули дафтари Палатаи савдо ва саноати шаҳри Каменско — Урали вилояти Екатеринбурги Федератсияи Россия зимни боздид аз ин боғи нав ба ваҷд омада, чунин гуфт:

- Маҷмааи мазкур ва хонаи рамзии Хоҷа Камол бо ороишот ва нақшу нигори миллиаш басо зебою диданӣ аст. Хонаи асримиёнагии Камоли Хуҷандӣ, ки ба тариқи кандакорӣ дар болои чӯбу гаҷ, наққошиву рассомӣ, бӯрёбофон ва дигар ҳунарҳои миллӣ қомат афрохтааст, воқеан ҳам бинандаро ба замони зиндагии шоир мебарад. Илова бар ин, ҷавондухтарону ҷавонписароне, ки забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русиву англисиро хуб медонанд, дар бораи ҳаёту фаъолияти шоир маълумот дода, аз ашъораш ғазалҳо мехонанд. Ман бисёр мехоҳам, ки чунин боғи зебо ва диданиву дӯстдоштанӣ дар шаҳри Каменско — Урали вилояти Екатеринбурги   Федератсияи Россия низ бунёд шавад.

Мутобиқи дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои дар соли 2020-ум ҷашн гирифтани 700-солагии Камоли Хуҷандӣ бояд санадҳои зарурӣ омода ва ба Созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод гардад. Ҳамчунин супориш дода шудааст, ки девони Камоли Хуҷандӣ дар нашриёти беҳтарини ватанӣ бо сифати баланд нашр ва дастраси хонандагон гардонида шавад.

Баъди ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ борҳо аз ин мавзеъ дидан намуда, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани он бо масъулон машварат ороста, дастурҳои судманд додааст. Ба андешаи раиси вилояти Суғд, дар атрофи ҳавзи саҳни ҳавлӣ, ки 40 бех дарахти сиёҳбед қомат афрохтааст ва катҳои истироҳатӣ барои фароғати сокинон гузошта шудаанд, ташкил намудани маҳфилҳои гуногуни илмиву адабӣ ва чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ мувофиқи мақсад хоҳад буд.  Аз ин ҷост, ки тамоми маҳфилҳои адабиву фарҳангӣ бо иштироки аҳли адабу фарҳанг дар Боғи фарҳангӣ — фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ барпо гашта истодаанд ва он дар ҳақиқат ба макони дӯстдоштаи шаҳрвандони кишвар ва меҳмонон табдил ёфтааст.

Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»