Бо марг туро чӣ кор бошад?

№2-3 (3303-3304) 06.01.2015

Сабти номи хештан бар санги хоро шарт нест,

Зинда он номе, ки бар дилҳои мардум ҷо гирифт.

Боз тане аз қатори инсонҳои шариф ва мардони фозили олам кам гардид. Боз як диле, ки саршор аз муҳаббат ба инсоният, ба хираду фазилат, ба давлату миллат буд, аз тапидан монд. Ниҳоле аз боғи илму фарҳанги кишвар дар айни сабзишу камолот хазон гардид. Дареғо, фарде бо ин ҷаҳон падруд гуфт, ки тимсоли инсони комил буду аз ҳаҷраш дили ёру дӯстон обу адо гардид. Сарсупурдаи роҳи илму фарҳанг, ходими давлатӣ, файласуф ва сиёсатмадори тоҷик Исомиддин Салоҳиддинов 5-уми ноябри соли 2014 дар синни 67-солагӣ аз олам гузашт.

Исомиддин Салоҳиддинов соли 1947 дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент зода шуда, хатмкардаи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон ва аспирантураи Институти фалсафаи Академияи илмҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (шаҳри Москва) буд. Баъди хатми Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон чанде дар он ҷо ба сифати омӯзгор адои вазифа намуд. Ӯ солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногун фаъолият кардааст. Аз ҷумла вакили халқ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Панҷакент (солҳои 1996 – 1998), мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1998 – 2008) буд. Аз соли 2008 то ибтидои соли 2014 дар вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони тоҷикон «Пайванд» кор кард.

Устод И.Салоҳиддинов ба ҷуз фаъолияти сиёсию давлатиаш, дар ҷодаи илми тоҷик ҳамчун файласуф ва Рӯдакишинос маъруф гардид. Мавсуф аз овони ҷавонӣ ва камолот ба омӯхтани рӯзгор ва осори ибратомӯзи Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ камар баста, ҷанбаҳои ғоявию ахлоқӣ ва сиёсии шеъри пурбору ҳикматомези ӯро ба риштаи таҳқиқ кашид.

Мақолаҳои И.Салоҳид-динов «Хирадномаи Рӯдакӣ ва истиқлоли Тоҷикистон» («Ҷумҳурият»,  соли 2007), «Рӯдакӣ дар оинаи каҷнамои замон» («Нерӯи сухан», соли 2006), «Паҳнои хиради Рӯдакӣ» («Омӯзгор», соли 2007), «Паёми Одамушшуаро ба ҷавонони озодандеши Тоҷикистон» («Ҷавонони Тоҷикистон», соли 2007), «Фарҳанги давлатдорӣ дар ашъори Рӯдакӣ» («Пайванд», соли 2008) дар равшан намудани бисёр паҳлуҳои эҷодиёти қофиласолори адабиёти классикии тоҷику форс аҳамияти бешро молик аст.

Рисолаи И. Салоҳиддинов «Гунбади чарх аз суханаш пурсадост» (Душанбе, «Адиб», соли 2002) сухани тоза дар Рӯдакишиносии тоҷик аст. Муҳаққиқ ба шеъри Рӯдакӣ чун адабиётшиноси файласуф назар андохта, чанд нукта ва андешаи навро перомуни рӯзгору осори шоир баён сохтааст.

Устод И. Салоҳиддинов инсони басо некдилу нексиришт, хайрандешу поквиҷдон, хоксор, фурӯтан, соҳиби ахлоқу фарҳанги волои инсонӣ ва нотиқи хеле хуб буд. Ҳисси баланди миллӣ дошт. Касе аз рафиқону ҳамкорон ё тобеон боре такаббуру манманӣ, бадгуфторӣ, муносибати дағали ӯро надидааст,  бо ҳама нарму хубу самимона рафтор мекард. Соҳиби қалби нарму меҳрборе буд. Мекӯшид, ки хоҳиши фардеро рад накунад – хоҳ дар доираи расмии корӣ бошад ё берун аз он, дар доираи имконоташ мудом саъй ба баровардани хостаҳои онон менамуд ва дигаронро низ андарз медод, ки одоб, ахлоқи ҳамидаро дар ҷои аввал гузоранд ва худ дар ин бобат намунаи ибрат мегардид. «Пулу мол, ҷоҳу мансаб, ин ҳама дар пеши қадру қимати инсонӣ арзише надоранд», — таъкид менамуд ӯ. Аз тобеон ҳамеша тақозо мекард, ки дар доираи инсофу виҷдон адои вазифа намоянд, вале айни замон ба онҳо ғамхору меҳрубон буд.

Басо гарон аст видоъ кардан бо чунин инсоне, ки вуҷудаш батамом сириштаи хайру эҳсон буд, касеро боре озор надода буд. Ӯ хандон рафту ҳамаро гирён кард, ба тавре ки шоир гуфта:

Ёд дорам, ки вақти зодани ту,

Ҳама хандон буданду ту гирён.

Ончунон зӣ, ки вақти мурдани ту,

Ҳама гирён шаванду ту хандон!

Ҷисми Исомиддин Салоҳиддинов тарки ин ҷаҳон кард, вале номи ин марди поксиришт мудом дар дили ёру дӯстон ва аҳли илму фарҳанг боқӣ хоҳад монд.

Ҷасади устод, тибқи васияташон, дар Панҷрӯд, канори марқади устод Рӯдакӣ ба хок супорида шуд.

Равонашон шод ва хонаи охираташон обод бод!

Чун номи накут ёр бошад,

Бо марг туро чӣ кор бошад?

Ҳайати кормандони Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд»