Боздид баъд аз 30 сол

№142 - 143 (4092 - 4093) 26.11.2019

2Бори охир ба вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон 30 сол муқаддам — соли 1989 дар доираи «Рӯзҳои ҷавонони вилояти Ленинобод дар вилояти Фарғона» бо ташаббуси Комитети комсомоли вилоят ба ҳайси масъули инъикоси ҳаёти комсомолону ҷавонони рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» (ҳоло «Ҳақиқати Суғд») сафар карда будам. Ҳадаф аз он таҳкими дӯстиву рафоқат байни ҷавонони ду вилояти ҳамсоя буд.

Инак, айнан ҳамон шабу рӯзҳо, аммо баъди 30 сол, бо даъвати шуъбаи Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вилояти Фарғона ҳамроҳ бо хабарнигори махсуси рӯзномаи «Халқ сузи» дар вилояти Суғд — адиби ӯзбекзабон Ӯрунбой Усмон ҷиҳати ширкат дар ҳамоиши ҳамкасбон ба он ҷо сафар кардем.

Бояд гуфт, ки вилояти Фарғона баъди гузашти солҳо тағйироти зиёдеро паси сар карда, аз лиҳози ободонӣ назар ба солҳои шӯравӣ хеле дигаргун шудааст

- Ободонӣ дар вилояти мо, бахусус, таи се соли охир вусъати тоза гирифт, — гуфт зимни муаррифии шаҳрҳои қадимаи Хӯқанду Фарғона ва Намангону Марғилон, раиси шуъбаи Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вилояти Фарғона, нависанда Муҳаммадҷон Обидов. — Бо дастури Президенти кишвар муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва кӯшишу заҳматҳои раиси вилоят Шуҳрат Ғаниев ҳаракат дорем, ки симои меъмории шаҳру деҳотамон ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ ва тамошобоб бошад, зеро ба шаҳрҳои қадимаи мо ҳар сол ҳазорҳо сайёҳ ташриф меоранд.

Роҳи сафари ҳайати мо аз кӯчаи марказии ноҳияи Риштон мегузашт. Сӣ сол муқаддам ҳам мо — вакилони вилоят аз ин кӯча гузашта будем. Он замон роҳ чунин паҳно надошт. Ҳоло дар ин кӯча корҳои навсозӣ вусъат гирифта, дар ду тарафи роҳ ба ҷойи биноҳои истиқоматии куҳна сохтмони биноҳои баландошёна дар авҷ аст.

- Ин ҳамон маҳалест, ки рӯзҳои оғози корҳои сохтмонӣ сарусадои зиёде тавассути ВАО баланд шуда буданд, — тавзеҳ дод роҳбалад. — Дар ибтидо сокинон изҳори норозигӣ карданд, вале баъдтар, вақте ки ба онҳо моҳияти масъаларо фаҳмонидем, дарк намуданд, ки ҳадаф боз ҳам ободу сарсабз гардонидани диёр аст. Ба оилаҳое, ки ҳавлиҳояшонро барои васеъ кардани кӯча барҳам додем, қитъаҳои замин ва барои сохтмони бинои истиқоматӣ маблағи зарурӣ аз ҳисоби ҳокимияти маҳаллӣ ҷудо гардид.

Сӣ сол муқаддам моро барои тамошои заводи машҳури чарчинвории Риштон оварда буданд. Ин сафар бошад, моро ба ҳавлии ҳунарманди маҳаллӣ — кулолгари номӣ Равшан Тоҷиддинов раҳнамоӣ карданд. Фаҳмидем, ки дар вилояти ҳамсоя низ соҳибкориву ҳунармандӣ рушду равнақ ёфтааст. Ба ҷойи заводи азим акнун сехҳои хурди истеҳсоли зарфро ҳунармандон дар ҳавлиҳояшон ба роҳ мондаанд. Дар он ҷо соҳибкоронро тадбиркор мегуфтаанд.

Ҷараёни истеҳсоли маҳсулоти кулолгарӣ — кӯзаву табақ, чойнику пиёла, хуму дигар ашё аз гил тамошобоб буд. Раиси вилояти Фарғона Шуҳрат Fаниев моро дар бошишгоҳи саҳроии деҳқонзани пухтакор, Қаҳрамони Ӯзбекистон Лола Муродова пешвоз гирифт. Зимни суҳбати самимии ҳайати мо бо роҳбари вилоят ва қаҳрамони ин кишвар сухан аз дӯстиву рафоқати байни халқҳои тоҷику ӯзбек рафт.

- Мо аз кушода шудани сарҳад басо шодем, — гуфт раиси вилоят.  — Бубинед, ба шарофати сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи сарони ду давлат ҳамкориҳоямон дар тамоми самт рушд меёбанд. Моҳи ноябр моро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба меҳмонӣ даъват кардаанд, ки бо хушнудӣ  онро пазируфтем, — гуфт ӯ.

- Мо аз қадимулайём халқҳои ба ҳам дӯсту бародар ҳастем, — суханони раиси вилоятро қувват дод қаҳрамонзан — апаи Лола. — Ҳамкориҳои мо — кишоварзон ҳам то баста шудани сарҳад басо хуб буд. Ман шумо — бародарони тоҷикистониро дидаму рӯзҳои санҷиши байниҳамдигарии кишоварзони вилоятҳои Ленинободу Фарғона ба хотирам расид, ки чӣ тавр ба хоҷагиҳои якдигар ташриф оварда, аз таҷрибаамон баҳраманд мешудем. Хешу таборамон низ дар Суғд зиёданд. Чанд хоҳарзодаи ман дар шаҳрҳои Гулистону Бӯс­тони шумо зиндагӣ мекунанд.

Маълум гардид, ки дар вилояти Фарғона нисбат ба аҳли зиё ҳокимияти маҳаллӣ, тибқи дастури роҳбари кишвар, эҳтироми хоса доранд, ба заҳмати аҳли илму фарҳанг ва таърихи хеш дар сатҳи баланд арҷгузорӣ мекунанд. Далели гуфтаҳо бунёди Кохи зиёиёни водии Фарғона аст, ки дар маркази маъмурии вилоят бунёд ёфтааст. Дар осорхонаи он аз таърихи ин водии зархез, бузургони он — аз асосгузори адабиёти классикии ӯзбек Алишер Навоӣ то поягузори адабиёти муосири Ӯзбекис­тон Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ маълумоти басо фаровону ҷолиби диққат ҷамъ овардаанд.

Соли равон дар доираи ҳамоиши байналмилалии ҳунармандоне, ки дар Фарғона баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев лентаи рамзии бинои 50 — ҳуҷрадорро бурида, онро ба аҳли фарҳанги вилоят тақдим кардааст.

Дар ҳамоиши журналистони кишвар, ки дар Хонаи адибони вилоят бо иштироки беш аз 500 нафар корманди ВАО баргузор гардид, раиси Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон Саъдулло Ҳаким, мудири кафедраи журналистикаи байналмилалии Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон профессор Хуршед Дӯстмуҳаммад, директори иттилоотии Ӯзбекистон-«УзТаг» Абдусаид Кӯчимов, сармуҳаррири маҷаллаи «Ҷаҳон адабиёти» Аҳмадҷон Мелибоев, сармуҳаррири рӯзномаи ҷумҳуриявии «Ӯзбекистон овози» Сафар Остон ва дигарон вазъи журналистикаи Ӯзбекистонро мавриди баррасиву таҳлил қарор ва ба қаламкашони ҷавон маслиҳатҳои муфид доданд.

Таассуроти неке, ки аз суҳбатҳои гарми ҳамкасбони ӯзбекистонӣ бардоштам, шодиву нишоташон аз барқарор шудани муносибатҳои неки ҳамсоягӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, хоса, байни аҳли эҷод буд. Онҳо иқрор буданд ва арҷ мегузоштанд, ки барои рушду нумӯи илму фарҳанги ин мамлакати ҳамсоя аҳли илму зиёи тоҷик, ба монанди академикҳо Қорӣ Ниёзӣ, Султон Умаров, поягузори кинои Ӯзбекистон Комил Ёрматов ва даҳҳо дигарон хидмати басо шоиста кардаанд.

- Шахсан ман аз хуб шудани муносибатҳо басо мамнун ҳастам, — гуфт Шоири халқии Ӯзбекистон Анвар Обидҷон, — Охир заминаи дӯстиву рафоқати моро бузургонамон — ҳазрати Абдураҳмони Ҷомиву мир Алишери Навоӣ гузоштаанд.

- Робитаҳои эҷодиамон вусъати тоза гирифта истодааст, — изҳори қаноатмандӣ кард Шоири халқии Ӯзбекистон Энахон Сиддиқова. — Шахсан ман аз ин падидаи рӯҳбахш илҳом гирифта, чанд шеър эҷод кардам.

Хулоса, мо — ҳамсафарон бо як ҷаҳон таассуроти нек аз ҷумҳурии ҳамсоя баргаштем. Хурсанд будем, ки аз кушода шудани дарвозаҳои беш аз 20 сол маҳкам мардуми ин водӣ шодиву нишот дошта, бо шукргузорӣ аз сиёсати давру замон дар паи ободии рӯзгори хешанд.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ, «Садои мардум».

Хуҷанд — Хӯқанд — Фарғона – Хуҷанд