Шоир андар синаи миллат чу дил

Бузургонро бузургон зинда медоранд

№134 (3928) 08.11.2018

Хочи Хусайни Кангурти (1)Халқи тоҷик ба ҷаҳониён нобиғаҳои илму фарҳанг ва мардони суханвару ҳунармандро бахшидааст, ки дар пешрафти тафаккури инсоният саҳм гузоштаанд. Хушбахтона, мардум ба дарки моҳияти осору афкори онҳо мерасанд ва мероси гаронбаҳояшонро меомӯзанду номашонро зинда нигоҳ медоранд. 

Бояд эътироф намоем, ки маҳз ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гиромидошт ва арҷгузории шахсиятҳои арзандаи фарҳангу адаб Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Имоми Аъзам, Ҷалолиддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Сайидои Насафӣ, Нақибхон Туғрал ва дигар фарзандони шуҳратманди миллат имконпазир шуд. Ба ибораи дигар, бузургонро бузургон зинда медоранд.

Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ яке аз суханварони маъруфи тоҷик мебошад, ки дар охири асри нуздаҳ ва ибтидои асри бист зиндагӣ ва эҷод кардааст. Банда  хеле барвақт бо эҷодиёти ӯ ошноӣ доштам ва бо дарки масъулият мегӯям, ки дар доираи як мақола наметавон моҳияти осор ва афкори шоири тавоноро бозгӯӣ кард.

Ҳоҷӣ Муҳаммадҳусайни Кангуртӣ соли 1868  дар деҳаи Қарамиши Кангурти вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Аҷдоди шоир аз деҳаи Дашти Канаки собиқ ноҳияи Сарихосор будаанд. Падари шоир яке аз шахсони фозил буда, дар тарбия ва таълими фарзанд ҳиссаи арзанда гузоштааст. Шаҳраки Кангурти Хатлон дар он замон ҳаждаҳ мадраса доштааст. Дар онҳо дастпарварони мадраса­ҳои олии Бухоро, Самарқанд, Балх ва Ҳирот ба таълиму тарбияи толибилмон машғул будаанд. Ҳоҷӣ Ҳусайн таълими ибтидоиро дар ин мадрасаҳо аз донишмандони исломӣ мегирад. Сипас, ба шаҳри Бухоро рафта, дар мадрасаҳои Турсунҷон ва Рашидӣ таҳсил мекунад. Ӯ дар он ҷо на танҳо улуми расмии замонашро, балки илми калом, ҳунарҳои  гуногуни нафиса, амсоли хушнависӣ, лаввоҳӣ, саҳҳофӣ, наққошӣ ва муҳрканиро омӯхта, устод мегардад. Тавре аз таълифоти ба шоир рабтдошта бармеояд, вай дар хаттотӣ истеъдоди фавқулода дошта, аз хушнависони чирадасти бухороӣ навъҳои гуногуни хати арабӣ, амсоли насх, таълиқ, сулс, настаълиқ, куфӣ, райҳонӣ,  руқум, нохунӣ, ёқутӣ, ёқутии зулфомез, ғубор, қуръонӣ, китобӣ, тавъам ва ғайраро омӯхта, дар хушнависӣ шуҳрати беандоза пайдо мекунад. Ҳамчунин, роҷеъ ба ҳунари хуншависӣ рисолае бо номи «Ашколи хутути исломия» таълиф карда, дар бораи 62 навъи хати арабӣ маълумот медиҳад.

Шоир зимни  таҳсил дар Бухоро бо маорифпарварони Бухорои Шариф Садри Зиё, Ҳоҷӣ Рафеъ, Қорӣ Аҳмадҷони Мунис, Ҳомидхоҷаи Ҳомид, Мулло Бурҳони Муштоқӣ ва дигар рӯшанфикрон ҳамнишину ҳамсуҳбат ва ҳамақида будааст.

Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ аз овони наврасӣ ба иншои шеър оғоз карда, дар як муддати кӯтоҳ чун шоири соҳибном эътироф гардид. Устодони сухан эътироф кардаанд, ки ӯ дар эҷоди шеър тахайюли рангин ва дар хушнависию наққошӣ истеъдоди нодир доштааст. Аксари тазкиранависон ба ашъори рангину ширин ва пурмаънои Ҳоҷӣ Ҳусайн баҳои  муносиб ва баланд додаанд.

Ривояте ҳаст, ки гӯё шоир ҳангоми сафари ҳаҷ дар яке бандарҳои Туркия ба киштие савор мешавад, то ки ба Миср биравад. Аммо киштӣ ба Фаронса мерафтааст ва ӯ ба ин баҳона Фаронса, Олмон ва Австрияро саёҳат мекунад, ба тарзи зиндагӣ ва фарҳангу тамаддуни кишварҳои пешрафта ошно мешавад. Сипас, ба Арабистон рафта, Хонаи Худоро зиёрат мекунад.  Пас аз ин тахаллуси шоирро Ҳоҷӣ интихоб мекунад. Лозим ба ёдоварист, ки Ҳоҷӣ Ҳусайн чанд сол кишварҳои Шарқро саёҳат намуда, ба василаи киштӣ ба Аврупо, сипас ба Россия меравад.

Муаррихон навиштаанд, ки Ҳоҷӣ  Ҳусайн баъди сафари  тӯлонӣ ба шаҳри Бухоро бармегардад, вале дар он ҷо мавриди бадбинӣ ва ҳасади  як идда ҳамзамонон қарор мегирад.

Биноан, ба зодгоҳ — шаҳраки Кангурт баргашта, дар яке аз  мадрасаҳо аз улуми фиқҳи исломӣ, сарфу наҳви арабӣ ва хушнависӣ дарс медиҳад. Ба ҷуз мударрисӣ ба навиштани шеъру достон, наққошӣ ва хушнависӣ низ шуғл меварзад.

Нақл мекунанд, ки дар солҳои қаҳтӣ кумаки Ҳоҷӣ Ҳусайн ба мардуми бенаво хеле бисёр расидааст ва ба шарофати ӯ одами зиёд аз гуруснагӣ раҳидаанд. Ҳокимони маҳаллӣ, бахусус мири Ҳисор Авлиёқулбек, ба шоир ихлосу самимияти зиёд дошта, ба ӯ кумаки моддиву маънавӣ мерасонидаанд, ки ин омил низ далели бебаҳси ҷойгоҳи баланд доштани Ҳоҷӣ Ҳусайн аст.

Тавре болотар гуфта шуд, зиндагиву фаъо­лият ва осору афкори Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ хеле доманадор ва фарох аст. Таҳқиқи осори шоир, хусусан, рисолаи доир ба хаттотӣ навиштаи ӯ ҳамчун суханвари бузург ва хаттоти тавоно зарур аст. Бо таҳқиқи гӯшаҳои норавшани ҳаёт ва эҷодиёти ӯ метавон таърихи адабиёт, фарҳангу ҳунар ва зисту зиндагии мардумро дар давраҳои зиндагии шоир васеътар омӯхт.

Боварӣ дорам, ки ҳаёт, фаъолият ва осори Ҳоҷӣ Ҳусайн минбаъд аз ҷониби пажӯҳишгарон мавриди омӯзиш қарор хоҳад гирифт.

Зайнуддин Сафаров, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният