Чу мебинӣ, ки нобинову чоҳ аст…

№127 (4077) 24.10.2019

Чаро аксар вақт мо бетарафиро ихтиёр мекунем?

Барои он ки худам ба кору писари донишҷӯям ба  дарс дер намонем, ба таксӣ савор шудем. Ронандаи ҷавон чанбари мошинро зуд-зуд ба чапу рост тоб медод ва кӯшиш мекард дар роҳ «бартарӣ»- и худ­ро нишон диҳад. Аз ин кораш завқ ҳам мебурд. Илова бар ин, суруди бемазмуну дилхароше дар мошин танинандоз буд. Ба рафтори он ҷавон ягон мусофир (дар мошин ғайр аз мо ду нафари дигар ҳам буд) лаб намекушоданд. Тоқатам тоқ шуду гуфтам:

- Додарам, садои мусиқиатро пасттар кун!

Ба ман нигоҳи аҷиб афканду мурвати магнитофонро ба ақиб тоб дод. Аз фурсат истифода бурда, ӯро каме «насиҳат» кардам:

- Маълум аст, ки ту «ронандаи зӯрӣ» ё дар киностудия каскадёр ҳастӣ?

Ҷавон аз суханонам завқ бурд ва аз ин ҳолаташ истифода карда, ба вай фаҳмондам, ки дар роҳ набояд мусобиқа кард.

Ба ҷавон суханонам писанд омад, ки гуфт:

- Рост мегӯед. Чанд бор шуд, ки садама мекунам. Аз садамаи охирин то ҳозир сарам соз кор намекунад. Маро мебахшед…

Агар мо нисбат ба рафтори чунин ҷавонон, ки дар асл он қадар инсонҳои бад нестанд, бетараф бошем, «сарвайронӣ» рӯз то рӯз хурӯҷ мекунад ва ҳар кадоми мо сироят меёбем. Тавре мушоҳида мешавад, пиру ҷавон зуд асабӣ мешаванду ба якдигар дармеафтанд. Сабабҳои чунин хулқу хӯ ва рафтору кирдори одамони синну соли гуногун хеле зиёданд.

Ин ҷо овардани суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни муддаост. Дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат Сарвари давлат чунин таъкид карданд: «Дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олӣ мо бояд, пеш аз ҳама, барои ҳар чӣ беҳтар гардонидани шароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва кору фаъолияти ҷавонон заминаву имкониятҳои муносибро фароҳам оварем. Дар ин раванд мо бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро тарбия намоем, то онҳо дар оянда ҳамчун фарзандони шоистаи мо кору пайкори насли имрӯзаро идома бахшида, Ватани азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд».

Агар мо аз рӯйи ин дас­тур амал кунем, нуран алонур мешавад. Имрӯз гурӯҳе аз ҷавонон мехоҳанд неруи хешро ба корҳои неку созанда сарф намоянд. Комё­биҳои онҳо дар соҳаҳои фарҳангу маориф, варзиш ва дигар ҷанбаҳои ҳаёт аз ин гувоҳӣ медиҳанд. Таваҷҷуҳи як қисми онҳо ба илму техника афзоиш ёфта, саъю талошашон баҳри аз бар кардани донишҳои замонавӣ моро ба ояндаи нек умедвор мегардонад.

Мутаассифона, ҷавонони камсавод ва аз ахлоқу одоб дур низ кам нестанд. Дар ин бобат зиёд мисол овардан шарт нест. Танҳо ба чанд воқеае, ки дар шаҳри Душанбе ба амал омад, ишора кардан кифоя аст. Манзур муноқишаи ҷавонон бо истифодаи  корд ва захмию кушта шудани чанд нафар аст. Дар робита ба ин воқеаҳо Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сокинони пойтахтро ба ҳамкорӣ даъват намудааст.  Дар муроҷиатнома, аз ҷумла, чунин омадааст: «…афзоиши содиршавии авбошиҳои гурӯҳӣ аз ҷониби ноболиғону ҷавонон бо истифода аз корд, дигар аслиҳаи сард (олоти халандаю бурранда), ки боиси хатар ба ҳаёту саломатии шаҳрвандон мешавад,  роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва сокинони пойтахтро нигарон кардааст».

Дар ин замина роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз сокинони  пойтахт эҳтиромона хоҳиш кард, ки дар пешгирии ҳуқуқвайронкунии байни ноболиғону ҷавонон, риояи одоби шаҳрнишинӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ саҳмгузор  бошанд.

Пеш аз ҳама, онҳое, ки худро зиёию маданӣ меҳисобанд, бояд бетарафиро ихтиёр накунанд. Ба ибораи дигар:

Чу мебинӣ, ки  нобинову чоҳ аст,

Агар хомӯш биншинӣ, гуноҳ аст.

Агар мо якҷоя масъулияти ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, бахусус, тарбияи насли наврас ва ҷавононро, ба дӯш нагирем, пайомадаш  ногувор хоҳад буд. Чун мо фориғболӣ намоему аз уҳдааш набароем, бегонагон ба «кумак» мешитобанд. Ҳар нафаре, ки нисбат ба Тоҷикис­тони азиз, ояндаи он дилсӯз аст, метавонад кори хуберо анҷом диҳад. Биёед, садди роҳи бадахлоқӣ, ришвахӯрӣ, камсаводию фориғболӣ шавем.

Вақте ки  ин матлабро ба чоп омода мекардам, аз тирезаи ҳуҷраи корӣ чашмам ба берун афтид, ки ду нафар (духтару писар, шояд мактабхон буданд) болои саб­зазор оғӯшкашию бӯсобӯсӣ доштанд, аммо одамон аз назди онҳо бепарво мегузаш­танд…

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»