Дмитрий Зеленин: «Базм оростан дар гирди арча расми хуби тоҷикон аст»

№156 -157 (3793 - 3794) 30.12.2017

Рақсему бозем дар гирди арча,

Хурсандӣ созем дар гирди арча…

Дар гузаштаи на чандон дур, зимни фарорасии соли нави мелодӣ арча оро дода, ба шодӣ истиқбол менамуданд. Аммо имрӯз оид ба  истиқболи он ақидаҳо гуногун аст.

Муқобилони ҷашнгирии соли нави мелодӣ бар онанд, ки ин расм хоси тоҷикон ва умуман, мардуми мусулмон нест. Тарафдорон бошанд, бо вуҷуди эътироф намудани даъвои ашхоси муқобил изҳор медоранд, ки чун тибқи тақвими мелодӣ зиндагӣ мекунем, боке нест, агар дар арафаи соли нави тақвимӣ маросим дошта бошем ва хурсандӣ кунем – ҳамчун рӯзи ҷамъбасти сол ва оғози соли нав. Онҳо таъкид менамоянд, ки хурсандӣ ба дини исавӣ ва ба мавлуди Исо(а) робитае надорад ва гуноҳе нахоҳад буд, бахусус, вақте ки мавлуди Исо(а) аз ҷониби пайравони дини насронӣ на дар рӯзи соли нав, балки дар рӯзи дигар махсус таҷлил мегардад.

Олими шӯравӣ Д. Зеленин соли 1936 дар асари худ — «Дарахтони балогардон дар ривоятҳо ва русуми халқҳои Аврупо» («Тотемы-деревья в сказаниях и обрядах европейских народов») навишта буд: «Оро додани арча дар оғози баҳор аз русуми мардуми тоҷик аст». Мо ибораи муҳаққиқ «оғози баҳор»-ро бо соли нави ниёгон- Нав­рӯзи оламафрӯз алоқаманд медонем.

Д. Зеленин ин маросимро чунин тасвир намудааст: «Дар рӯзҳои нахустини баҳор чанд тан ҷавонписари чобуку чолоки деҳа, пас аз тоҳир намудани бадан ғизо гирифта, ба кӯҳ мерафтанд ва дарахти арчаи зебоеро интихоб менамуданд. Ба он шаробу равған мепошиданд, дар сояаш нону меваҳои овардаашонро мехӯрданд ва пасон дарахтро бурида, ба деҳа мебурданд. Мардуми деҳа онҳоро бо хурсандӣ ва мусиқӣ истиқбол менамуданд.

Дарахт дар соҳили дарё болои сангҳо гузош­та мешуд. Бузеро забҳ мекарданд ва ҳамоно дар атрофи арча хурсандиву шодӣ ва рақсу бозӣ оғоз меёфт. Хурсандӣ ва ид бо шустани сару рӯй ва дасту пой дар дарё ба анҷом мерасид.

Пас аз анҷоми маросим ҳар сарвари хонадон шохаеро аз дарахт ба хона мебурд. Занҳо, ки дар хона интизори шавҳарон менишастанд, аз паси дарҳои пӯшида мепурсиданд: «Кист он ҷо?»

Дар ҷавоб аз ҷониби мардҳо чунин суханон садо медоданд: «Агар ту хӯрок мехоҳӣ, овардам, агар либос лозим аст, овардам, агар фарзанд мехоҳӣ, овардам, агар чорво мехоҳӣ, онро ҳам овардам ва ҳар чӣ бихоҳӣ, ман онро дорам!»

Пас аз шунидани ин суханон зан дар боз мекард ва қисме аз шохаро аз дасти шавҳар гирифта, об ва равған пошида, ба оташ мегузошт, шохаи асосиро орд пошида, дар шифти хона овезон менамуд, ки то иди дигар-расо як сол овезон меистод. Дарахти арча рамзи баракату серҳосилӣ маҳсуб меёфт».

Вақте ки гузаштагон бо орзуву нияти нек арчаи ҳамешасабзро оро дода, ҷашни баҳор ва соли навро истиқбол менамуданд, чаро мо натавонем, ки бо ҳамон гуна орзуву ният дар арафаи соли нави тақвимӣ арча оро бидиҳем?

Н. Низомӣ,

 «Садои мардум»