10 октябр - Рӯзи фалак

Гуфто фалакам кард бад-ин рӯз гирифтор…

№122 (3916) 09.10.2018

ГУЛНАЗАР КЕНҶАЕВСадои дилкаши ҳофиз ҳушамро мерабояд. Мехоҳам ба маънии гуфтаҳояш сарфаҳм равам, аз таърихи пайдоиши суруд бароям қисса кунад… Аммо чунон саргарми сурудхонист, ки касеро намебинаду намешунавад. Гоҳе шиква мекунаду гоҳе илтиҷо. Толор сукут варзидааст. Овози хуши ҳофиз ва мазмуни суруди пурдард ҳамаро ба асорат бурда…

Қиссаи шодравон Иброҳим Кобулӣ ёдам омад. Ҳамон Иброҳиме, ки яке аз асосгузорони  мактаби мусиқии диёр асту имрӯз ҳам садҳо мухлис дорад. Зуд — зуд ба аёдаташ мерафтам. Марди донишманду сухандон буд. Агар саргузаштеро ҳикоя мекард, сомеъ талош менамуд то ҳарферо нашунида намонад. Ӯ дар бораи ҳунармандони номӣ қисса гуфтанро дӯст медошт. Боре гуфт, ки падари раҳматии Одина ба Қалъаи Лаби Об  омад. Аз ман хоҳиш кард, ки Одина як муддат ҳамроҳат бимонад, аз мактаби ин диёр ҳам мехоҳам сабақ гирифта бошад. Розӣ шудам. Мо ҳамроҳ соатҳо кор мекардем. Одина хондани сурудҳои фалакиро дӯст медошт. Бобати пайдоиши сурудҳои фалакӣ баҳс мекардем. Гуфтам, ки фалаки аввалро модар хондааст. Ҳам ғами дилашро мегуфту ҳам аллаи фарзандашро… Суруди модар он қадар пурмаъниву пурдард буд, ки дилҳоро ба дард меовард:

Эй зоғи сиёҳ куҷо мерай гушот кар,

Фарёди маро ба очаи зор бубар.

Очама бугу ҷомаи ғам пора куна,

Шаб дар тайи сар монаву рӯз нола куна.

Ин шикваи ҷавонзанест, ки  бо амри тақдир ғариб афтодааст. Бо баҳонаи аллаи ҷигарбандаш меноладу ғами дилашро кам мекунад.

Ба Одина фикрам писанд омад.

- Ниёкони мо, — суҳбатро идома медиҳад Иброҳим Кобулӣ, — ҳама мушкили ба сарашономадаро аз фалак медиданд ва дар сурудҳо аз он шиква мекарданд. Кореро анҷом медоданду суруд мехонданд. Чун мушкиле пеш меомад, онро бо хондани суруд бартараф мекарданд. Барои тасаллии дил суруд мехонданд:

Фалак моро макуш, мо ҷавонем,

На шодӣ дидаву на шодмонем.

Бирав аз кӯчаи пирон гузар кун,

Агар навбат расад мо худ равонем.

Бо мурури вақт суруди фалак маъниву мазмуни нав пайдо кард. Ҳунармандони номӣ ба он ҷомаи зебо пӯшонданд. Билохира, он арӯси нозанини диёри санъат, жанри писандидаи халқӣ шуд…

Зарби мусиқӣ тағйир мехӯрад. Нолаи думбура баландтару пурсӯз мегардад ва садои дардолуди ҳунарманд ба он печида, то дуриҳо пар мекашад:

Эй фалак бо ман аҷаб нақши ғарибе сохтӣ,

Бо муроди хеш будам номуродам сохтӣ.

Бо муроди хеш будам айши тамоме доштам,

Хонаи айши маро мотамсарое сохтӣ.

Маро мурғи хаёл дунболи суруди ӯ кашола мекунад. Пеши назарам симои марди кӯҳистоние падидор мегардад, ки гирифтори сад мушкил, бори вазнини рӯзгор ба китф аз марзи хокдони бобоӣ қадам берун мегузорад.  Лабони парсингбастааш бо азоб меҷунбанду аз шикофи танги синааш нолаи сӯзанда берун мегардад, гӯши фалакро кар мекунад. Аз толори консертӣ дунболи он марди ранҷдида ва сарсону саргардони мулки бегона хеле дур меравам.

Рафиқи паҳлуям Нозими Қосим дастамро такон медиҳад. Ба сӯйи ҳастӣ бозмегардам ва ҳайратзада ҷониби ӯ рӯ мегардонам.

- Фалак хоси мардуми кӯҳистон аст, — вазъи маро пай набурда, садо баланд мекунад ӯ. — Замонҳои қадим ниёкон миёни кӯҳҳои сарбафалаккашида дастро ба гӯш бурда, наъра мезаданду дарди худро мегуфтанд. Чун акси садои онҳо аз бағали қуллаҳо чанд бор такрор мешуд, бовар мекарданд, ки фарёдашон ба гӯши фалак расид. Инро метавон таҷриба кард. Ҳафтаи гузашта ба деҳа рафтам, ба баландии кӯҳ баромадам ва бо овози баланд хондам: Ман омадаам ба дидани ҷонона…. ва аз ҳар тараф акси садоямро шунидам- «ҷонона, ҷонона, ҷонона…» Ба ниёкон қоил шудам. Кӯҳҳои диёр он қадар зебо ҳамроҳам фалакхонӣ карданд, ки то ҳанӯз лаззаташ аз ёдам нарафтааст.

Нозим дастпарвари Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон аст. Соли 1991 мактаби миёнаро дар деҳаи Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод хатм карду пайи омӯзиши касби дӯстдошта ба шаҳри Душанбе раҳсипор шуд. Соли 1995, баъди хатми донишкада бо ихтисоси режиссёр ба диёр баргашт. Ҳарчанд устодон аз ӯ хоҳиш карданд, ки дар шаҳр монад, розӣ нашуд. Вазъи падари бемор имконаш надод.  То соли 1999 дар Хонаи фарҳанги зодгоҳ фаъолият дошт. Соли 2000 бо даъвати Бахши фарҳанги ноҳияи Рашт ба шаҳраки Ғарм омад ва 17 сол аст, ки дар вазифаи директори театри халқии ноҳия фаъолият дорад. Тамоми асбоби мусиқии миллиро менавозад, суруд низ мехонаду дар саҳна нақши зиёд офаридааст. Барои заҳматҳояш бо медали «Хизмати шоиста», нишони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», Ифтихорнома»-и Вазорати фарҳанг ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт қадрдонӣ шудааст.

- Ба зарби мусиқӣ диққат диҳед, муаллим, — аз нав мешунавам овози ӯро. — Тафовути  фалаки раштӣ аз фалаки кӯлобӣ ва бадахшониву даштӣ дар зарби доира аст. Шодравон Зафар Нозим дар чанд суруд ҳамин зарбро истифода бурдааст. Масалан, дар суруди «Модар».

Аз забони раҳматии падар шунида будам, ки дар деҳаҳои калони Рашт фалакхонҳои номдор будаанд. Аксари онҳо бе асбоби мусиқӣ даст ба гӯшу рӯ ҷониби кӯҳҳои баланди диёр фарёд мезаданд ва аз нолаи онҳо дили санги хора об мешуд. Раҳматии Худойдоди шулдурӣ гурғӯлихон буд. Бо хондани суруди фалак низ шуғл дошт. Ҳамеша пеш аз оғози достон чанд рубоӣ мехонд. Ибтидо бе мусиқӣ, баъд ба нолааш думбура ҳамовозӣ мекард. Умаралӣ Раҷаб, Тоҳири ярхичӣ ва Усмони ҳоитӣ низ аз донандагони фалак буданд.

Ҳофиз сурудро ба поён мерасонаду тарафи аҳли толор табассум дар лаб таъзим мекунад ва пушти парда ғайб мезанад.

- Гулназар ҳунарманди соҳибистеъдод аст. Худованд ба вай овози хушу ҳунари хунёгариро додааст. Думбураро хуб менавозад. Соли 2012 дар озмуни фалаксароён ширкат варзид ва соҳиби диплом шуд.  Мардуми Рашт ӯро эҳтирому эътироф мекунанд. Ба маъракаҳои хурсандӣ даъват менамоянд. Ҳайф, ки барои пайвас­та ба мардуми кишвар пешниҳод намудани сурудҳои нав аз тариқи телевизон имконият надорад, — мегӯяд Нозим.

Аз толор берун мешавем ва хоҳиш мекунам, ки бо Гулназар Кенҷаев каме суҳбат кунем. Ӯ як лаҳза маро танҳо мегузорад.

- Ман хондани сурудро дар жанри фалак дӯст медорам, — баъди вохӯрӣ ва пурсупоси маъмулӣ гуфт ӯ. — Шабе нест, ки чанд суруди устоди шодравон Одина Ҳошимро гӯш накунам. Аз устодам Маҳмадалӣ Аюбӣ, аз Давлатманд Холов ва Файзалӣ Ҳасанов меомӯзам. Солҳои охир пайи он талош мекунам, ки фалаки раштиро бо фалаки минтақаҳои ҷанубии кишвар омезиш диҳам. Шояд тавонам барои ояндагон яке аз такмилдиҳандагони ин жанр бошам. Рубоиҳои устод Лоиқ Шералиро бо оҳанги фалак хондаам.

Вай  даст ба гӯш мебараду мехонад:

Хазонрезу хазонрезу хазонрез,

Чаро умри ҷавони бигзарад тез?

Чаро одам надонад қимати умр,

Чаро ночиз гардад аз пайи чиз?

Гулназар Кенҷаев дастпарвари факултети методикаи таълими ибтидоии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон мебошад. Меҳри санъати овозхонӣ ҳанӯз даврони бачагӣ ӯро вориди саҳна гардондааст. Ӯ соли 1966 ба дунё омадааст. Бачагиаш дар деҳаи зебои Ҳиҷборак гузаштааст. Аввалин сурудҳояшро бачаҳои ҳамсинну солаш шунидаанду кӯҳҳои барфпӯши кӯҳис­тон. Шукрона мекунад, ки мардум ба фалак таваҷҷуҳи хос доранду барои такмили он ҳунармандон дар талошанд. Бовар дорад, ки барои ояндагон мактаби фалаксароии такмилёфтаву писандидаи ҳунарварони имрӯзи кишвар мерос хоҳад монд.

- Муаллим, — дастамро сар надода мегӯяд Нозим, — як рӯзи истироҳат биё, соҳили дарёи Сурхоб мешинему Гулназар бароямон фалакӣ мехонад. Бовар кунед, дар соҳили дарё шунидани фалак ҳаловати дигар дорад.

Бо миннатдорӣ дасташро мефишорам ва саргарми андеша дар боби сурудҳои фалакӣ ҷониби дафтари корӣ роҳ пеш мегирам…

Диловари МИРЗО,  «Садои мардум»