Ибодат ба ҷуз хизмати халқ нест

№30 - 32 (3510 - 3512) 05.03.2016

Ҳанўз айёми мактабхонӣ аз забони бузурге шунида будам: «Худованд он бандаро дўст медорад, ки барои ободии ду дунё меҳнат кунад».

Ва мегуфт:

«Худованд барои бандагонаш муфт ҷаннатро насиб намегардонад, балки барои вай дар ҷаннат замин ҷудо мекунаду сохтмони қасри охираташ ба рафтору кирдораш дар ин дунё иртибот дорад. Аз амволи некаш хишт месозад ва аз он хишт бино. Ба онҳое савоби ду дунё насиб мегардад, ки ба манфиати мардум кор кунанд.  Роҳу пул созанд, мактаб бунёд кунанд, санги сари роҳеро бардоранд, дасти афтодаеро бигиранд…».

Пуштманзари ҳарфҳои ин нафарро чандон сарфаҳм намерафтам. Хеле баъд гуфтаҳои марди бузургро дарк намудам.

Ин мавзўъ дар адабиёти гузаштаву муосир низ инъикос гардидааст. Симои барҷастаи адабиёти асри XVII Мирзо Муҳаммадалии Соиб шоири инсондўст ва ғамхоре буд. Ба қадри тавон мекўшид, ки барои халқ хизмате намояд:

Ин ки гоҳе мезадам бар обу оташ хешро,

Равшанӣ дар кори мардум буд мақсудам чу шамъ.

Вай бар муроди дигарон зистанро шиори худ карда буд. Аз ноомади кори дигарон ғам мехўрду аз комёбии эшон хурсанд. Шоир, ки худ марди соҳибмаърифат буд, барои фарзанди инсон зиндагии шоистаро орзу мекард. Дар як байт ў ба ин маънӣ ишора кардааст:

Гиря бар ҳоли касон бештар аз худ дорем,

Бар муроди дигарон саъй кунад ахтари мо.

Ҳамин маънӣ дар байти дигар боз равшантар баён гардидааст:

 Номуродиҳои мо, Соиб, ба олам равшан аст,

Бар муроди халқ доим зиндагонӣ кардаем.

Шоири маъруфи дигари асри XVII Миробид Сайидои Насафӣ мефармояд:

Бинои Каъба бувад дил ба даст овардан,

Агар Худоталабӣ мекунӣ, Худо ин ҷост.

Халифа Ҳасан дар деҳаи Тўдаи дараи хушманзараи Камарови Қаротегин ба дунё омада буд. Баъди гирифтани таҳсил дар мадрасаҳои диёри худ барои идомаи таҳсил аввал ба Бухоро ва баъд ба мулки Араб сафар кард. Солҳои таҳсил дар мадрасаҳои мамолики араб шуҳраташ он қадар боло рафт, ки соҳибватанон ба даҳшат афтоданд. Тарсиданд, ки як марди аҷамӣ бо ин ақлу фаросат ва илму дониш метавонад ҷомеаи арабро дунболи худ барад  ва ўро бо эҳтироми зиёд аз мулки худ гусел намуданд.

Баъди бозгашт ба Бухоро дар шаҳри Панҷакент сукунат ихтиёр кард. Бо вуҷуди алломаи замон будан на вазифаи қозигиро пазируфту на муфтӣ шуд. На муллои мактабдору на имомхатиби масҷид. Фармудаҳои Худовандро адо менамуд ва шукрона мекард, ки қарзи бандагиашро ба ҷой овард. Бо меҳнати ҷисмонӣ бурдаи нон пайдо карданро авло донист. Ба обёрии заминҳои бекорхобида шурўъ кард. Садҳо гектар заминро дар ҳудуди Самарқанд обёрӣ намуд. Амир Шомуродхон дар як сафари зиёрати хонаи Худо ҳамроҳи ў буд ва дарёфт, ки марди кор аст.  Ба Бухоро  ўро ба хизмат даъват кард, аммо бо ҳар баҳона худро аз дарбор дур гирифт.

Халифа Ҳасан 164 сол умр дид. Тўли умри дарози худ танҳо дар хизмати мардум буд. Ходими давлатӣ ва таърихшиноси рус В. Арандаренко бо номи «Зиндагиномаи Халифа Ҳасан» асар навиштааст. То имрўз сокинони Панҷакент ва дигар навоҳии атроф бо эҳтиром номашро ба забон мегиранду ҳазорҳо нафар ба зиёрати оромгоҳи ў меоянд. Ин шахсияти бузургро барои он эҳтиром мекунанд, ки зиндагии худро вақфи хизмати мардум карда буд.

Имрўз низ ҳастанд шахсоне, ки ҳастии худро вақфи хизмати мардум намудаанд. Шириниҳои зиндагиро дар хурсандӣ ва саодати мардум ёфтаанд. Зиндагиномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон намунаи беҳтарин барои онҳоест, ки мехоҳанд ба халқу Ватан хизмате карда бошанд. Миллати пора-пораро ба ҳам овард. Бунёди дўстии мардумро поя гузошт. Вайронаро чаманистон карду хористонро гулистон. Арўсони бебахтро падар шуду ятимони бекасро соҳиб. Пирони мафлукро даст гирифту маъюбони дилшикастаро ба зиндагӣ дилгарм намуд. Ҳар бор ки аз пешонаи ятиме падарвор мебўсад, он тифл бепарастории худро фаромўш менамояд. Шаҳрҳои бузург бунёд намуд. Роҳҳое сохт, ки пайвандагари дилҳо шуд. Ҳеҷ мунофиқе, ҳеҷ ҳасуду кинаваре наметавонад номашро аз лавҳи хотири наслҳои ҳазорсолаи баъдӣ бизудояд. Маҳз ў исбот кард, ки тоҷик миллати соҳибтамаддун аст. Тоҷик инсони боору нанг ва созандаву ободкор аст. Биноан, ҳар кадоми моро лозим аст, ки аз ин мактаби ҷавонмардӣ сабақ бигирем.

 Д. ТАЛАБЗОДА, «Садои мардум»