Ибтидои ман деҳи хурди Мазор…

№7 (4113) 11.01.2020

Оғози роҳ… Маро устодам, бародарбузурги устод ЛоиқҚоришариф, ба деҳаи Мазори шариф роҳбаладӣ мекунад. Ҳарчанд ба роҳбалад ниёз надорам, зеро ба ин деҳаи дар Тоҷикистон машҳур зиёд сафар кардаам, бо фарзандони барӯмандаш ошноӣ доштаму дорам.

Аз канори деҳаи Ғӯсар, аз шоҳроҳи  Панҷакент — Душанбе  роҳи ноободе, ки замоне қирпӯш буд, ҷудо мешавад. Ин роҳ моро ба Мазори шариф мебарад.  Дар оғози роҳ лавҳае устувор аст бо  як байт ва акси устод Лоиқ:

Ибтидои ман деҳи хурди  Мазор,

Интиҳои ман ҷаҳони беканор.

Хуб дар ёд дорем, ки ин лавҳаро соли 2001  ба муносибати таҷлили 60-солагии  Лоиқи бузургвор устувор ва ин байтро раиси вақти шаҳри Панҷакент Шакарбек Самадов  интихоб намуда буданд. Он ёдгоре аз рассоми боистеъдод, шодравон Лутфулло Ҷанобилов аст.

Ҳамон сол аз Ғӯсар то Мазори шариф даҳҳо байти устодро дар лавҳаҳои ду тарафи роҳ навишта буданд. Ҳоло на лавҳа боқӣ мондаву на байте. Аз токзори ду тарафи роҳ низ, ки замоне аз ҳосили он дар ҳама манотиқи шӯравии собиқ даҳон ширин мекарданд, нишоне нест. Ёд дорам, ки Ҳайит Ҳайдарови туркман (равонаш шод бод), сардори бригадаи Хоҷагии давлатии токпарварии машҳури «Марғедар», яке аз поягузорони токпарварӣ дар ин мавзеъ, аз токзори замини санглохи Даҳани Мазор то 250 сентнер ангури шаҳдбор мерӯёнид. Ҳоло бозори Панҷакентро ангури Регар (шаҳри Турсунзода) пур кардааст.

Раҳораҳ бо роҳбаладам ин хотираҳоро раду бадал мекунем ва Қоришариф ҳикояти номгузории онро ба ёд меорад:

- Ба сокинони деҳаҳои Ғӯсару Мазор дар ин мавзеъ барои бунёди манзил  замин доданд. Батадриҷ хонаҳо бунёд шуданд. Ҳини як сафари Лоиқ ҳамдеҳагон аз ӯ хостанд ба ин мавзеи нав ном гузорад. Ҳамин тавр, бо пешниҳоди  Лоиқ деҳа номи Баҳорро гирифт. Баҳор ва Мазор ҳамрадифу ҳамқофия, шоиронаю зебост.

- Ҳоло  мазориён дар се деҳа- Мазор, Баҳор ва Ғӯсар зиндагӣ мекунанд, — афзуд роҳбалади ман.

 Чаро Мазори шариф?

Ин номро деҳа  ба хотири мақбараи яке аз ровиёни ҳадисҳои пайғамбар Хоҷа  Муҳаммад Башоро  гирифтааст. Ба қавли муаррихони пешин, ӯ аз 72 муҳаддис ҳадис ривоят мекардааст. Мақбараи ин орифи машҳур  ёдгории  асрҳои X-XIV  буда, бо усули сохт ва ороиш, гунбаз аз нодиртарин намунаҳои меъмории гузаштагон маҳсуб мешавад. Тибқи ривоятҳо, Хоҷа Муҳаммад Башоро, ки охири асри VIII ва аввали асри IX зиндагӣ кардааст, муриди зиёд доштааст.

Қоришариф нақл кард, ки ҳатто дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳар сол  садҳо нафар аз Тотористону Бошқирдистон ва ҷамоҳири  Осиёи Марказӣ   ба зиёрати хокҷои ин орифи номвар меомаданд ва ҳоло низ  он зиёратгоҳи мардуми дохилу хориҷ аст.

Фарзонагони Мазори шариф

Дар домани ин деҳаи кӯчаки кӯҳистон фарзонагони зиёд ба камол расидаву парвозӣ шудаанд.  Ин ҷо наметавонем аз ҳамаи онҳо ном гирем. Дар бораи онҳо зодаи ин деҳа, собиқ корманди мақомоти давлатӣ, аз дӯс­тони хуби устод Лоиқ — Тағоймуроди Маҳмадмурод бо номи  «Як тикка ёди бачагӣ» китоб ба нашр расонидааст.

Ҳоло сухан аз ду нафаре аст, ки Мазори шарифро на камтар аз Хоҷа Муҳаммад Башоро ба оламиён ошно кардаанд. Ҳамроҳи Қоришариф нахуст ба пояи муҷассамаи устод Лоиқ, ки дар пои Ҷангали Лайлӣ чун посбону муаррифгари Мазори шариф қомат афрохтааст, гул мегузорем. Ин муҷаcсама пеш дар маркази Панҷакент буд. Назди он Наврӯзи соли 2017, бо ҳузури Пешвои миллат Кохи Лоиқро бо ҳайкали нави шоир, ки ба гуфтаи худи ӯ, «дар сари санге ҳама рӯз интизор» аст, ифтитоҳ карданд ва муҷассамаи қаблиро ба Мазори шариф оварданд.

Нафари дигаре аз парвардагони ин обу хок, ки обрӯи тоҷику Тоҷикис­тонро бо офаридаҳояш афзудааст, муҷаcсамасоз Амрӣ Аминов аст, ки ҳоло дар Фаронса умр ба сар мебарад. Намунаи муҷассамаҳои  ӯ борҳо дар машҳуртарин намоишгоҳҳои ҷаҳон, аз ҷумла, Луври Порис ба маъраз гузошта шудааст.

Дар мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Порис бо ҳаммиллатони муқими Фаронса Амрӣ низ ширкат дошт ва тарҳи муҷассамаҳои бузургони адабиётамонро ба намоиш гузошт. Афсӯс, ки ба  ҳунари нотакрор ва оламшумули ӯ дар Тоҷикистон  ҳанӯз арҷ нагузоштаанд.

Интиҳои роҳ Арафаи ғуруби офтоби камҳавсалаи тирамоҳ аз  Мазори шариф баргаштем. Дар интиҳои роҳамон  назди ҳамон лавҳа бо байту акси устоди зиндаёд, Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ таваққуф намудем.

Т. Солеҳзодарӯзноманигор