Аз пайи мактуб

Имкони тиреза кушодан дар тобистон надорем,

№140 (4090) 21.11.2019

- мегӯянд сокинони кӯчаи ба номи Маяковскийи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

DSCN1374Як гурӯҳ сокинони кӯчаи ба номи Майяковскийи ноҳияи Сино, хонаҳои 8, 10, 14, 16, 14/1 ба идораи рӯзномаи «Садои мардум» муроҷиат карданд, ки хоҳишашонро ба масъулини ноҳия  расонем. Онҳо аз истгоҳи мошинҳои махсуси партовкашонии КВД партовкашонии ноҳия  изҳори норозигӣ намуданд, ки атрофро бӯйнок ва оромии маҳалро халалдор мекунанд. Хабарнигорамон аз ин маҳал дидан намуд.

 - Бӯю тафи ҳавои ин кӯча дилро беҳузур месозад. Дуди КАМАЗ – ҳоро намегӯед. Ҳама кӯча тозаю озодаанду тозагии ин кӯча чанд сол аст, ки ба ёди касе намерасад, — ин суханони зане буд, ки даҳону биниашро бо нӯги рӯймолаш печонида, ҳамроҳи ҳамсуҳбаташ аз канори КАМАЗ — е, ки дудаш ба сару рӯйи раҳгузарон мепечид, мегузашт.

- Бори дуюм аст, ки аз ин кӯча мегузарам.  Ҳар субҳ бо ин КАМАЗ –ҳо «вохӯрӣ» мекунам . Дуди КАМАЗ –у бӯйи ин мавзеъ ба тану пираҳанам мепечад. Ҳазор офарин ба сокинони ин маҳалла, — изҳор дошт ҳамсуҳбаташ.

Мардум аз болои шираи партовҳои аз қуттиҳои оҳанӣ  чакидаю шорида, ки фазои атрофро  бадбӯй кардаанд, рафтуо мекунанд.

Маълум шуд, ки ин маҳал ист­гоҳи мошинҳои махсуси  КВД партовкашонии ноҳия  будааст. Масъулини истгоҳ низ ҳар рӯз арзу шикояти сокинони кӯчаро мешунаванд, вале аз дасти онҳо чизе намеояд.

Воқеан ҳам, сокинони маҳалла ҳоли табоҳе доранд. Бӯйи бади партовҳои  кӯча ва саҳни ҳавлии идора ҳатто ба мағозаю дӯконҳои хӯрокворию хӯрокпазӣ паҳн мешавад. Бояд зикр кард, ки дар ҳавлии хонаҳо бо ҳамин ҳол кӯдакон бозӣ мекунанд ва албатта, ҳолати ғайрисанитарии мавҷуда ба саломатии онҳо бетаъсир намемонад.

Чунонки сардори хонаи истиқоматии рақами 16 Маҳмудҷон Умаров изҳор дошт, сокинони маҳалла як маротиба ба Ҳукумати ноҳияи Сино муроҷиат ва хоҳиш карда буданд, ки идораи мазкур аз байни хонаҳои истиқоматӣ кӯчонида шавад. Масъулин ваъда дода буданд, ки дархости онҳоро иҷро хоҳанд кард. Аз он сол зиёда аз даҳ сол гузашт, вале ҳеҷ не ки идора кӯчонида шавад.

- Субҳи ин ҷо сафо надорад. Бӯйи бадро чӣ қадар нафас кашидан мумкин? Духтур мегӯяд, ки кӯдаконатонро саҳар ба ҳавои тоза бароред, то аз он нафас кашанд. Куҷост он ҳавои тоза? Хайрият, ки боғи Мироненкоро обод карданд ва ҳар саҳар кӯдаконамонро ба он ҷо мебарем. Дар маҳалла тобистон ҳатто имкони тирезаҳоро кушодан надорем. На танҳо бӯйи ғализ димоғро пахш, балки садои дилхарошу гӯшхароши мошинҳо то як поси шаб оромию  сабру сукунатро халалдор мекунад. Чанд нафаре, ки аз ин ҷо хона харида буданд, манзилҳояшонро фурӯхта рафтанд, – мегӯяд сокини маҳалла Шабистон Иброҳимова.

- Кӯшишҳои раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар самти  тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю роҳравҳо дар дигар маҳаллаҳо натиҷа дода истодаанд, вале аз ин тасмимот маҳаллаи мо дур мондааст. Бӯйи нохуши ин қароргоҳ ба кӯдакони ширхоргоҳ — кӯдакистон ҳам бетаъсир нест. Ҳарчанд ки боғчаро тозаю хушҳаво нигоҳ медорем, боз бӯйи ғализ ба машом мерасад, — изҳор дошт мудири ширхоргоҳ – кӯдакистони рақами 81 Зебунисо Неъматова.

Бояд зикр кард, ки ҷойи чунин идораю истгоҳҳои махсуси хизмат­расонӣ, ки ба осоиши зиндагии мардум таъсирпазир аст, на дохили биноҳои сернуфуси истиқоматӣ, балки канори шаҳр аст.

Шояд, баъди чопи ин матлаб масъулини ноҳияи Сино аз ин маҳал гузар кунанду ба хулосае оянд?

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»