Ислом Саломов: «Саҳнаи театр бароям муқаддас аст»

№85 (3386) 23.06.2015

Teatralnaya-studiyaАрбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон Ислом Саломов аз зумраи ҳунармандони нотакрори тоҷик аст, ки беш аз 50 соли ҳаёти худро ба театр бахшида, аз актёри одӣ то ба дараҷаи коргардони шинохтаи театр рушду такомул ёфтааст. Фаъолияти ҳунарии ин санъаткор баъди хатми факултети актёрии Донишкадаи театрию бадеии шаҳри Тошканд аз соли 1964 дар саҳнаи Театри  мазҳакаю мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ (собиқ Театри ба номи Пушкини шаҳри Ленинобод) ҳамчун актёр оғоз ёфт. Баъд дар Театри ба номи Вахтангови шаҳри Москва аз режиссёри маъруфи шӯравӣ — Артисти халқии РСФСР  Е. Р. Симонов ҳунари коргардониро омӯхта, тӯли сӣ соли фаъолияташ дар Театри мазҳакаю мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ беш аз панҷоҳ намоишномаҳоро ҳамчун режиссёр таҳия кардааст. Ҳамкорӣ бо санъаткорони номӣ — артистони халқии Тоҷикистон О. Назаров, М. Иброҳимова, О. Усмонова, Р. Баккал ва дигарон таҷрибаи кории мавсуфро афзуда, услуб ва равиши хоси худро пайдо кард.

Ислом Саломов зимни фаъолият дар театр дар қатори устодони саҳна ҷасурона ба ҳунарпешагони ҷавон роҳро боз намуда, имконият дод, ки дар офаридани нақшҳои марказӣ ҳунарашонро санҷанд, зеро ӯ хуб дарк мекард, ки дастовард ва муваффақиятҳои режиссёр на танҳо ба истеъдоди ӯ, балки ба ҳунару малакаи актёрон низ марбут аст.

Нахустин меваи ширини ниҳоли бо сад ранҷу заҳмат парваридаи режиссёри ҷавон намоишномаи «Лӯлидухтар Аза» (драмаи М. Старикий) буд, ки тавассути ин намоишнома ӯ ба майдони фарохи санъат қадам ниҳод ва ҳамчун режиссёри ҷавону умедбахш худро муаррифӣ намуд. Тахайюлоти бадеии ӯ чун режиссёр ба асарҳои аз ҷиҳати ғоя ва мавзӯъ, шакл ва услуб, жанр ва бадеияти пурқимати саҳнавӣ пайванди қавӣ дошт.

Раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шоир Аҳмадҷони Раҳматзод ба зикри ҳунар ва маҳорати хуби режиссёр Ислом Саломов мегӯяд, ки аксарияти адибон талош мекунанд, ки асарҳои офаридаашон дар ҳамкорӣ бо ин устоди ҳунар таҳия ва ба саҳна гузошта шавад. Номбурда ҳанӯз аз оғози фаъолияти кориаш дар Театри мазҳакаю мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ саъй мекард, ки бо аҳли адаб ҳамкор бошад ва ҳангоми ба саҳна гузоштани намоишномаҳо назар ва пешниҳоди онҳоро низ ба инобат гирад, то мазмун ва муҳтавои асарҳои дар саҳна таҳиякардааш ҷолиб ва писанди тамошобин шаванд. Тавассути ҳамкориҳои эҷодӣ бо нависандаи маъруф Раҳим Ҷалил ва драматург Султон Сафар як қатор намоишномаҳои диданӣ дар мавзӯи таърихӣ – инқилобӣ, назири «Бедорӣ»-и Р. Ҷалил, «Абадзиндаҳо»-и С. Сафар, «Дохунда»-и Ҷ. Икромӣ ба саҳна гузошта шуданд, ки барқарор гардидани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон, талош ва ҷонсупориҳои фарзандони фарзонаи миллат дар роҳи озодӣ, дӯстии халқҳо ва достони зафару пирузӣ мавзӯи меҳварии онҳоро ташкил медоданд.

Вежагии дигари ҳунари таҳиягарии Ислом Саломов дар он аст, ки анъана ва суннатҳои миллӣ дар намоишномаҳояш таври фаровон истифода шуда, рақсу суруд ва мусиқии гӯшнавоз ба онҳо ҳусну таровати тоза бахшидаанд. Намоишномаҳои «Модар нигарон буд»-и Ф. Ансорӣ, «Гавҳари шабчароғ»-и С. Улуғзода, «Сарнавишти ишқ»-и А. Сидқӣ, «Кӯчабоғи ошиқон»-и А. Шукӯҳӣ, «Ҳалокати одат»-и М. Назаров бо хусусиятҳои миллии худ рангину таъсирбахш баромада, мақбули тамошобинон гардидаанд. Бо гузашти солҳо ва фаъолияти доманадор Ислом Саломов дар соҳаи санъати театрӣ обутоб ёфта, ба драматургияи ҷаҳонӣ рӯй овард. Намоишномаҳои «Ашрофпараст»-и мазҳаканависи машҳури Франсия         Ж. Б.Молйер, «Трибунал»-и А. Макаёнок, «Хушдоман»-и М.Шамхалов, «Равшан ва Зулхумор»-и К. Яшин, «Фоҷиаҳои хурд» — и А. С. Пушкин ва осори дигар нависандагон тайи солҳои гуногун аз ҷониби ӯ рӯи саҳна омадаанд. Дар ин намоишномаҳо тавассути нақшофарии ҳунармандон симоҳои зишти бархе инсонҳо фош ва хислатҳои наҷибу ҳамидаи инсонӣ тараннум гардида, тамошобинро ба ҷаҳони андешаҳои амиқ ғӯтавар гардонидаанд.

- Ислом Саломов марди фозил, меҳрубон, зоҳиран орому ботинан дарёдил аст. Ӯ зодаи кӯҳҳои барфпӯшу дарёҳои пурхурӯш, ҳамболи уқобони баландпарвоз, ҳамдами чашмаҳои мусаффо –диёри зебоманзари Кӯҳистони Мастчоҳ аст. Бо тамоми кӯшишу ғайрат дар майдони бузурги санъати театри тоҷик баҳри инкишофи театри тоҷик талошу такопӯ ва ҷаҳду ҷадал карда, ҷавониашро ба театр бахшидааст, — мегӯяд сарвари Театри мазҳакаю мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд Абдуҷамил Раҳимов.

Дар китоби рӯзгори ӯ ташкил шудани театри Тамошобини наврас (Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи Одилҷон Назаров) саҳифаи тозаеро боз кард. Ӯ бо Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Сафрон Ёдгорова аз бунёдгузорони ин даргоҳи ҳунаранд, ки аз ҳуҷҷатгузорӣ то ба саҳна овардани намоишномаи аввалин ва аз нахустнамоиш то мақоми давлатӣ гирифтани ин театри нав паҳлу ба паҳлу истода, барои рушди санъати театри тоҷик миёни кӯдакону наврасон саҳми арзанда гузоштаанд. Аввалин намоишномаҳои театр «Ҷанги нафс орад хатар»-и      А. Қодирӣ, «Сафедор»-и Озарахш, «Тобистони 43»-и У. Хол бо саъю талоши ин коргардони мумтоз рӯи саҳнаи театр омаданд. Намоишномаҳое, ки Ислом Саломов ҳамчун режиссёр рӯи саҳна овард, дар театрҳои кишвар, аз ҷумла дар Озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбии «Парасту» намоиш дода шуданд, ки мавриди истиқболи гарми дӯстдорони ҳунар қарор гирифтанд. Ӯ дар ҳамкорӣ бо шоир ва драмнавис Толиб Карими Озарахш намоишномаҳои гуногунмавзӯъро аз рӯзгори бачагону наврасон ба саҳнаи ин боргоҳи фарҳанг гузошт. «Чашмаи Пардуш», «Гулҳо намемиранд», «Ҳазордастон», «Афсона ё ҳақиқат», «Рақси Барфак» аз ҳамин шуморанд.

Дар арафаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ Арбоби ҳунари Тоҷикистон, актёр ва режиссёри шинохта Ислом Саломов ба синни мубораки 75-солагӣ расид. Дар бинои Театри мазҳакаю мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ин ҷашн бо ҳузури густурдаи дӯстдорони санъати зебои театр таҷлил шуд. Соҳибҷашнро ба муносибати ин санаи саодатрақам муовини раиси вилояти Суғд Ғаффорӣ Назира Абдуллозода аз номи муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ табрик намуд. Мирзомуқим Очилзода — муовини якуми раиси шаҳри Хуҷанд низ ин ҳунарманди асилро  ба ҷашни фархунда муборакбод намуда, қарори раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзодаро дар мавриди додани унвони Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд ба Ислом Саломов қироат кард. Сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Ориф Набиев паёми табрикии вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Орумбекзода Шамсиддин Раҷаббекро ба ин муносибат ба самъи ҳозирин расонид.

Дар поёни маросим Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон Ислом Саломов барои чунин қадрдонӣ ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, изҳор дошт, ки саҳнаи театр барояш макони муқаддас аст.

- Фарҳанг ва ҳунар дар Тоҷикистон маҳз бо ибтикор ва пуштибонии пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  рӯз то рӯз рушд мекунад. Тӯли солҳои фаъолият ёд надорам, ки Роҳбари аввали кишвар дар барномаҳои фарҳангӣ ва намоишномаҳои театрӣ ширкат намуда, атрофи мазмуну муҳтавои он андешаҳояшонро баён дошта бошанд. Ба саодати мо — аҳли фарҳанг имрӯзҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксари чорабиниҳои фарҳангӣ ҳузури мунаввар дошта, бо паёмҳои созанда ва маслиҳатҳои судмандашон моро рӯҳбаланд ва ба сӯи фардои неку дурахшон ҳидоят менамоянд, — иброз дошт соҳибҷашн Ислом Саломов.

А. САЛИМЗОДА, «Садои мардум»