Ҳамкор дар бораи ҳамкор

Ҳисобдоне, ки дорад дӯст дунёи маониро

№1 (3795) 04.01.2018

Сурат-3Роҳҳо пайвандгари дилҳо, бо ҳам овардану наздик сохтани инсонҳо маҳсуб мешаванд. Умуман, дар олам корею чизе ва ҳаводисе, аз ҷумла, ҳамсоягариву ҳамкорӣ, ҳамфикрию пайвандию хешутаборӣ бе ҳикмат нест. Бо он ки одамон даҳсолаҳо ба сифати ҳамсинфу ҳамсабақ ва ҳампешаву ҳамкор бо ҳам наздик мегарданд, шукр бояд кард, зеро сарҷамъӣ худ давлат аст. Алорағми тоифае, ки ба ҷойи аҳлона зистану кор кардан дилозорӣ мекунанд, дар фазои меҳрбори дӯстию одамгарӣ зистан бамаротиб некутар аст. Бо як сухан: «одам бо одам зинда аст».

Маҳмадёқуб Бобоев 13 сол мешавад, ки вазифаи масъулиятноки сармуҳосиби идораи рӯзномаи «Садои мардум» — нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дорад. Чунонки устод Бозор Собир мефармояд: «Дар миллати ман кист, ки мафтуни қалам нест, в — аз аҳли қалам нест, ки ҳамхуни қалам нест», Маҳмадёқуб ҳам аз ҷумлаи дилбохтагони сухан мебошад. Ҳанӯз аз овони мактабхонӣ ба мутолиаи адабиёти бадеӣ, рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ майлу рағбат дошт. Маҳорати хуби шеърфаҳмӣ дорад. Зарофату хушгӯйи­ро меписандад ва аз ин ҳунар баҳраманд аст. Дар баробари хуб ба роҳ мондани кори муҳосибот (воқеан, ӯ ду маълумоти олӣ дорад: соли 1995 факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва соли 2005 шуъбаи ғоибонаи факултети ҳуқуқшиносии онро хатм кардааст) вақт ёфта, дар баҳсҳои эҷодӣ ширкат меварзад. Солиёни зиёд дил канда натавонис­танаш аз  даргоҳи муътабари коғазу қалам бо меҳру шавқи беандозааш ба соҳа сахт вобастагӣ дорад. Ҷавонмардест беозор ва бо лабони ҳамеша пурхандаву чеҳраи кушода, бо хурду калон боэҳтиром муносибат мекунад. Аз он ки қисмат ӯро бо аҳли эҷод пайваста, ҳамкору ҳамнишин гардондааст, розию қаноатманд  мебошад.

Аълочии матбуоти Тоҷикистон Маҳмадёқуб Бобоев яке аз таблиғгарони фаъоли матбуот низ ҳаст. Қобилияти баланди ташкилотчигӣ дошта, дар коргоҳ, умуман, доираи қаламкашон, эҳтироми хосаро соҳиб аст. Чун ҳар фарди ватандӯсти кишвар аз оромию осудагӣ, пешрафту шукуфоии Тоҷикистон меболад, шукрона мекунад. Ҳамчун, инсон ва падар низ орзуи зиёд дар дил дорад, ки мо – ҳамкорон ҷомаи амал пӯшидани онҳоро дар панҷоҳумин баҳори умраш орзумандем.

 Мирзо РУСТАМЗОДА,

«Садои мардум»