Истиқлолияти фарҳангӣ ба мақому манзалати забон рабт дорад

№ 04.10.2017

«Ҳар як фарзанди миллат бояд номбардори сазовори гузаштагон ва парчамбардори забону фарҳангу миллати хеш бошад. Он гоҳ мо метавонем дар тарбияи наслҳо дар рӯҳияи муҳаббат ба Модар, Ватан ва забони модарӣ, ки аз муқаддасоти олӣ эътироф гардиданд, муваффақ шавем», — таъкид намудаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Чанде пеш таҳти унвони «Масъалаҳои табиати иҷтимоии забон» бо ташаббуси Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид.

Дар конференсия, ки зиёда аз 30 маърӯза пешниҳод шуд,  зикр гардид, ки ин ҳамоиш ба 80-солагии донишманди варзидаи соҳаи забоншиносӣ Абдуғаффор Ҷӯраев рост омад.

Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода дар бораи ҳаёт ва фаъолияти номбурда маърӯза карда, аз саҳми ӯ дар рушду нумуи соҳа, хоса лаҳҷашиносӣ ёдовар шуд.

Зикр гардид, ки А. Ҷӯраев 12 сол ба Комиссияи татбиқи қонуни забон, ки дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта буд, роҳбарӣ намуда, асарҳои илмии ӯ аз тарафи беҳтарин шарқшиносони дунё  баҳои баланд  гирифтааст.

Абдухолиқ  МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»