Тақвим

Июн бо ҷашни кӯдакон шурӯъ ва рӯзи байналмилалии парламентаризм интиҳо меёбад

№65 (4015) 08.06.2019

ВахдатОғози фасли гармо, хусусан моҳи июн, давраи дӯстдоштаи кӯдакон аст. Таътили тобистона фаро расида, вақти бозиву оғози мавсими оббозист. Дар ин айём дар хона нигоҳ доштани кӯдакон кори басо душвор хоҳад буд. Табиист, ки дар ин давра онҳоро зери назорати ҷиддӣ қарор дода, аз ҳар гуна хавфу хатарҳо, ки кам нестанд, ҳифз бояд намуд.

Моҳи июн бо рӯзҳои умумиҷаҳонии шир ва волидон, ҳамчунин Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон оғоз меёбад, ки ҳар се 1 июн қайд карда мешаванд. Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар аксар мамолики олам қайд шуда, ҳадафҳои он ба ҳама ошност. Сабаби таҷлили рӯзҳои шир ва падару модарон дар чист? Рӯзи шир бо ташаббуси Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) ба тақвими ҷаҳонии ҷашн ва рӯзҳои махсус ворид гардида, ҳадаф бозгӯйӣ намудани хусусиятҳои ғизоиву шифобахшандаи маҳсулоти табиии барои инсон, бахусус, тифлакон, муҳим аст. Дар давроне, ки дар аксар мамолики олам модарон ба ҷои шири худ ба тифлакон ҳар гуна омехта медиҳанд, ин иқдом басо зарур мебошад.

Ба касе пӯшида нест, ки дар баъзе аз мамолики Аврупо институти оила аҳамияти худро аз даст дода истодааст. Бинобар ин, соли 2012 аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ 1 июн Рӯзи умумиҷаҳонии падару модарон эълон гардид. «Танҳо дар оилаи комил инсони комил ба воя мерасад», — таъкид менамоянд ташаббускорони таҷлили он.

Санаҳои дигари марбут ба кӯдакон – Рӯзи байналмилалии кӯдакони маъсум- қурбониёни ҷанг (4 июн) ва Рӯзи ҳифзи кӯдакони Африка (16 июн) аст. Санаи аввалро метавон рӯзи мотам унвон кард, зеро 19 августи соли 1982 дар ҷаласаи махсуси Маҷмаи умумии СММ оид ба Фаластин бо сабаби зиёд гаштани теъдоди тифлакони қурбонгашта дар Ливан ва Фаластин аз ҳуҷумҳои неруҳои Исроил қайд кардани ин рӯзро пешниҳод намуданд. Дар аксар кишварҳои Африка теъдоди зиёди кӯдакон аз гуруснагӣ ва бемории гуногун ранҷ мекашанд. СММ бо эълон намудани Рӯзи ҳифзи кӯдакони Африка аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овардааст, ки барои рафъи гуруснагӣ ва бемориҳо ба кӯдакони ин қитъаи олам кумак расонанд.

Силсилаи рӯзҳои марбут ба кӯдаконро Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза  алайҳи меҳнати кӯдак (12 июн) ҷамъбаст менамояд. Ташкилоти байналмилалии меҳнат соли 2002 бори нахуст ин рӯзро қайд намуд. Ҳадаф даст кашидан аз меҳнати кӯдакон аст.

Ҷашнҳои дигари моҳи июн – Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист (5 июн), рӯзҳои байналмилалии олимпӣ (23 июн) ва парламентаризм (30 июн) аст. Рӯзҳои умумиҷаҳонии уқёнусҳо (8 июн), бод (15 июн), мубориза бо биёбоншавӣ ва хушксолӣ (17 июн) низ  аз санаҳои муҳими моҳ ба шумор рафта, бо Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист алоқаманданд.

Рӯзи умумиҷаҳонии гурезагон 20 июн қайд карда мешавад. Мутаассифона, солҳои охир бо сабаби ҷангҳо теъдоди гурезагон  хеле афзуда, таҷлили ин рӯз таъкид ба он аст, ки ҳар инсон дар ҳалли мушкилоти гурезагон масъул аст.

9 июн Рӯзи байналмилалии дӯстон таҷлил мегардад.

Яке аз шуғлҳои ҷавонон дар моҳи июн велосипедрониву мототсиклронист. Рӯзҳои умумиҷаҳонии велосипед (3 июн) ва мотосиклронон (17 июн) низ дар ҳамин моҳ таҷлил мешаванд. Дар аксар мамолики Шарқ велосипед воситаи асосии нақлиёт маҳсуб меёбад ва тааҷҷубовар нест, ки таҷлили рӯзи велосипед, ки бори нахуст 3 июни соли 2018 қайд карда шуд, бо ташаббуси 56 кишвари дунё пешниҳод гардида, яке аз ташаббускорони аввалин Туркманистон аст.

Дар моҳи июн дар бозорҳо моҳӣ зиёд мегардад. Аз ин рӯ, Рӯзи умумиҷаҳонии моҳигирон (27 июн) низ дар ҳамин моҳ таҷлил мегардад. Дар баробари ҳамаи ин, моҳи июн дар мамлакат ду иди бузург- Иди саиди Фитр ва Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил менамоем.

Н. НИЗОМӢ,  «Садои мардум»