«Л»-ҳои «ғафс»-ро бардорем!

№111 (3905) 13.09.2018

Чанд вақт аст, ки «л»-талаффузкунии нотиқон табъро хираю дилро беҳузур мекунад. Ҳарфи  «л» бештар дар калимаи «миллат» ғалату гӯшхарош садо медиҳад.

Аз илми садошиносӣ (фонетика) медонем, ки «л» ҳарфи нӯгизабонӣ аст. Он бо расонидани забон ба дандони боло ифода карда мешавад. Бонувони наттоқи қариб ҳама шабакаи телевизионӣ «л»-ро бо пахш кардани байни забон (ҳатто расондон ба лаб) ба сари дандони боло, на зери дандон, талаффуз мекунанд ва гӯё садояшон ширин мешуда бошад. Ин тарзи талаффуз  аз қоидаи забони тоҷикӣ берун аст.

Бояд бигӯем, ки хонандаҳои мактабҳо (онҳое, ки симояшонро дар наворҳои телевизион мебинем) ба наттоқон пайравӣ намуда, забонашонро ба «л»-и «ғафс» маҷбур мекунанд.

«Л»-и «ғафс» асосан аз ҷониби бонувон бештар талаффуз мешавад. Ин чиз дар аксар маврид вақти истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мушоҳида мегардад. Кор ба ҳадде расидааст, ки ҳатто дар вожаҳои оила, олам, шуъла, миллион ва, умуман, калимаҳое, ки дар онҳо «л» дар байни ду садонок меояд, ҳамин тавр – «ғафс» талаффуз мешавад.

«Ширинзабонӣ»-и бонувон ба «зебоинависӣ»-и рӯзноманигороне монанд аст, ки ба ҷойи калимаҳои хушоҳангу оммафаҳми тоҷикӣ калимаҳои арабӣ истифода мебаранд. Масалан, ба ҷойи мазор — амокин (макон), ба ҷойи афтидан ё шикастан — суқут, ба ҷойи овоза ё хабар — шоеа. «Суқут»-у «амокин»-аш ба хайр, «шоеа» — аш чӣ номаъқулист?!

Мардум бисёр чизро аз матбуоту радиову телевизион меомӯзанд, яъне расонаҳои хабарӣ манбаи саводомӯзӣ ҳам ҳастанд. Аз ин рӯ, бояд наттоқон гуфтору талаффузи фаҳшро ба гӯши шунавандаҳо нарасонанд, лафзи дариро хор накунанд.

Ҷӯрабек МӮМИН, рӯзноманигор