1 апрел - Рӯзи ханда

Латифаҳо

№40 (3834) 31.03.2018

Ҷазо

Марде назди табиб рафта, мегӯяд:

- Дандони дардмандамро мону дигарҳояшро кан!

- Чаро?

- Ду шаб шуд маро сахт азоб медиҳад, бигзор танҳо монаду ба қадри ҳаёт расад.

Мурғи курк

Нафаре аз Россия бармегардад. Ҷӯраҳояш аз вай мепурсанд:

- Дар Россия забони русиро ёд гирифтӣ?

- Албатта, чизе ҷолиб бошад, ба русӣ тарҷума мекунам!

- Мурғи куркро русҳо чӣ мегӯянд?

Каме фикр мекунаду посух медиҳад:

- Курица без настроение.

 

Мо ҳам мусулмонем

Ба хонае дуздон медароянд. Соҳибхона мебинад, ки онҳо ҳатто ҷойнамозро бо худ бурданианд.

- Ҳой беинсофҳо, ақаллан ҳамон ҷойнамозро набаред! – мегӯяд соҳибхона.

Дузде мегӯяд:

- Фақат ту не, мо ҳам мусулмонем, ака!

 

Чангкашак

Марде аз ҷои кор ба занаш телефон карда, мепурсад:

- Дар куҷоӣ, занак!

- Дар хона!

- Дар хона бошӣ, чангкашакро мон, овозашро шунавам!

Зан зуд чангкашакро мемонад. Ин кор чанд рӯз давом мекунад.

Як рӯз мард барвақттар аз кор меояд, ки занаш дар хона нест. Аз писараш мепурсад:

- Очаат канӣ?

- Намедонам, – мегӯяд писараш, — чанд рӯз боз чангкашакро гирифта, ба куҷое меравад.

Таҳияи ВОРИС,

«Садои мардум»