Марди накуном намирад ҳаргиз…

№ 16.06.2020

Ёде аз инсони шарифу дардошно Ҳомиддин Шарифов

ХУМДИН ШАРИФОВШодравон Ҳомиддин Шарифов барои ҳамкасбу шогирдон ҳамчун устоди хирадпешаву некбин, кордону нуктасанҷ, мушфиқу ғамхор, сахтгиру серталаб ва фидоии касб абадӣ боқӣ мемонад. Ӯ доимо дар фаъолияти касбӣ бо қобилияти худододӣ ва таҷрибаи роҳбарие, ки дошт, масоили сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва низомиро хеле бошуурона ҳал мекард. Дигаронро ҳам талқин менамуд, ки дар ҳалли масъалаҳо ҳамеша ақлу идрок ва фаросатро ба кор баранд.

Зиндагиву рӯзгори Ҳомиддин Шарифов пур аз муваффақияту корнамоӣ буда, намунаи ибрат мебошад ва шогирдонро водор менамояд, ки бо пайроҳаи ӯ роҳ паймоянд.

Дар нимаи аввали фасли тобистон, ки яке аз фаслҳои пурфайз ва пурбаракати сол ба шумор меравад, ба дунё омадани собиқ вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомиддин Шарифов пайомади хуш ва ба фазилати ӯ созгор буд. Мавсуф 15-уми июни соли 1947 дар деҳаи Саталмуши ноҳияи Балҷувон, дар оилаи коргар чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Баъди ба синни мактабхонӣ расидан, соли 1954 ба мактаби миёнаи ба номи Фирдавсӣ хондан рафта, соли 1962 синфи 8-ро хатм намуд ва орзуи омӯзгор шудан дошт. Бо ин мақсад ҳуҷҷатҳояшро ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб супорида, таҳсилро идома дод. Ҳомиддин, ки ҷавони меҳнатӣ ва закӣ буд, бо баҳои хубу аъло омӯзишгоҳро хатм намуд. Меҳри хондан ӯро ором намегузошт. Ин буд, ки соли 1966 баъди хатми омӯзишгоҳ Ҳомиддини ҷавон ба факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ҳуҷҷат супорида, бо сари баланд донишҷӯ гардид. Донишгоҳро низ бомуваффақият хатм намуда, тибқи тақсимот бо ихтисоси ҳуқуқшинос ба мақомоти корҳои дохилӣ ба кор фиристода шуд. Фаъолияти меҳнатии Ҳомиддин Шарифов 16-уми сентябри соли 1971 ҳамчун муфаттиш дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ёвон оғоз гардид. Дар аввалин хислатномаи хизматиаш, ки тақрибан баъди шаш моҳи корӣ, моҳи марти соли 1972 сардори шуъбаи корҳои дохилӣ, майори милитсия Назарамонов додааст, чунин таъкид мешавад: «…худро мусбат нишон дода, ба кор муносибати бовиҷдонона дорад… Дар андак муддат 21 парвандаи ҷиноятиро ба итмом расонда, ба суд ирсол намуд, ки ягонтоаш барнагаштааст».

Фаъолмандиашро дида, роҳбарияти шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ёвон натиҷаҳои кории корманди ҷавон Ҳомиддин Шарифовро қадр намуда, ӯро ба гирифтани рутбаи лейтенанти калон ва ба вазифаи сармуфаттиш сазовор донист. Маҳз дар ҳамон давра қобилият ва тавоноии Ҳомиддини ҷавон аз назари роҳбарият пинҳон намонд ва ӯ ба курсҳои бозомӯзӣ фиристода шуд. Аз 28-уми январ то 13-уми феврали соли 1974 дар шаҳри Волгоград, дар факултети такмили ихтисоси ВКД Иттиҳоди Шӯравӣ, аз рӯи риштаи таҳқиқи дуздии моликияти давлатӣ сайқали дониш намуд.

Ҳамин тавр, Ҳомиддин Шарифов аз 23-юми майи соли 1975 то 15-уми апрели соли 1976, қариб як сол ба ҳайси сармуфаттиш фаъолият намуда, баъдан ба вазифаи раиси Суди халқии ноҳияи Ёвон интихоб гардид ва тайи қариб ду даҳсола дар вазифаҳои гуногуни ин мақомот кор кард.

Бо амри тақдир 31-уми октябри соли 1996 ба ҳамон мақомоте, ки 25 сол муқаддам ҳамчун муфаттиш ба кор омада буд, баргашт. Вале ин маротиба на ба ҳайси корманди қаторӣ, балки ҳамчун роҳбари аввал, ба ҳайси вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз рӯи адолат бояд иқрор гашт, ки Ҳомиддин Шарифов дар давраи ниҳоят мушкили мақомоти корҳои дохилӣ масъулият ва зимоми роҳбарии онро бар дӯш гирифт.

Бисёриҳо ба он ақида буданд, ки ӯ аз уҳдаи роҳбарии ин сохтори муҳими давлатӣ баромада наметавонад ва баъд аз якчанд муддат барканор хоҳад шуд. Ва на танҳо аз уҳдаи кор баромад, балки дар вазифаи басо пурмасъулияту барои мамлакат тақдирсоз расо даҳ сол пурмаҳсул фаъолият намуд. Ҳар боре ки ҷинояти вазнине рух медод, дарҳол вобаста ба минтақа ва характери ҷинояти содиршуда гурӯҳи корӣ созмон дода, бо кормандони соҳибтаҷриба дар бораи ҳар чӣ тезтар кушодани он маслиҳату супориш медод.

Тезутунд гаштани вазъи сиёсӣ-иҷтимоӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, январи соли 1997 ва моҳи июни ҳамон сол барои Ҳомиддин Шарифов имтиҳони аввалин ва хеле ҷиддӣ гардиданд. Хушбахтона, бо талошҳои шабонарӯзӣ ва ҷонфидоиҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид. Ногуфта намонад, ки Ҳомиддин Шарифов мисли дигар фарзандони баору номуси миллат хоҳони сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар буд. Барои расидан ба ин мақсад талоши зиёд низ ба харҷ дод. Зеро дар сангари муқовиматҳо бархе аз кормандони ҷавон, инчунин афсарони пуртаҷрибаи мақомоти корҳои дохилӣ нобуд гаштанд. Ҳомиддин Шарифов дили ҳассос дошт ва аз ҳар як талофоти ҷонии мақомот андуҳгин мегардид. Ба оилаҳои кормандони фавтида шахсан таъзия баён намуда, дасти ёрӣ дароз мекард.

Баъди ҷамъбасти муваффақонаи амалиёти тактикӣ — оперативии «Молния» бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №644 аз 28 августи соли 2001, ба Ҳомиддин Шарифов рутбаи генерал-полковник дода шуд. Баъд аз Бобо Маҳкамов, Ҳомиддин Шарифов дуюмин нафаре мебошад, ки солҳои зиёд вазири корҳои дохилӣ буданд. Даҳ сол (1996-2006) барои ӯ солҳои бурду бохт, ғаму шодӣ, заҳмату талош ва хизмату садоқат ба Ватан маҳсуб мешавад.

Баъди аз вазифаи вазири корҳои дохилӣ рафтан Ҳомиддин Шарифов соли 2007 аз ҳавзаи интихоботии №37-и шаҳри Кӯлоб аз тарафи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон вакил интихоб шуд.  Дар парлумони мамлакат низ роҳбарии Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсонро ба ӯ бовар карданд. Вале шиддати беморӣ имкон надод, ки ҳатто як бор ҳам дар ҷаласаи парлумон ширкат кунад.

Хизмати содиқона ва заҳматҳои бисёрсолаи Ҳомиддин Шарифов бо ордену медал ва мукофотҳои гуногун қадр шудаанд. Дар варақаи мукофотҳои парвандаи шахсии ӯ 55 номгӯйи мукофот, аз ҷумла, ду орден — «Исмоили Сомонӣ» дараҷаи 2 (соли 2006) ва «Пётри Кабир», дараҷаи 1 (соли 2006) аз Федератсияи Россия, 13 медал, 19 нишони сарисинагӣ, 13 мукофоти молию пулӣ, 3 яроқи шахсӣ, ду пистолет ва як камони шикорӣ ва раҳматномаю шаҳодатномаҳои гуногун қайд шудаанд.

Чунон ки аз суҳбат бо фарзандон ва аҳли хонаводаи шодравон Ҳомиддин Шарифов маълум гардид, вай баробари ходими давлатӣ будан падари ғамхору меҳрубон низ маҳсуб мешуд. 9 фарзанд — чор писару панҷ духтари ӯ маълумотноку соҳибкасб мебошанд.

Ҳомиддин Ҳасанович воқеан ҳам, марди нексиришту ба халқу Ватани азизу содиқ буд. Худованд ба ӯ хотираи фавқулода, ақли комил ва қалби ҳассосу мушфиқ дода буд. Дар равиши пурпечутоби зиндагӣ зинҳор манфиати хешро аз манфиати ҷамъият боло намегузошт. Ин мавқеъгирӣ хоси мардони поксиришт ва нишон аз инсонпарварии онҳост.

Дастпарварони мактаби Ҳомиддин Шарифов хатм­кардагони мактабҳои олии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷи дуру наздик буда, баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти давлатии кишвар хизмат менамоянд ва аз шогирди ӯ будан ифтихор мекунанд.

Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир, вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати якум (солҳои 1995 — 2000-ум) ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати панҷум (солҳои 2015 — 2020), генерал — майори милитсия