Марги мансабдор

№42 (3992) 16.04.2019

  Антон Чехов

А.П.Чехов-Смерть-ЧиновникаДар як шоми зебо Иван Червяков дар қатори дуюм нишаста, бо дурбин намоишномаи «Зангӯлаи корневилӣ» — ро тамошо намуд. Ӯ худро шоду фархунда ҳис мекард. Вале ногаҳон… Дар қиссаҳо баъзан ибораи «вале ногаҳон» вомехӯрад. Муаллифон ҳақ ҳастанд: ҳаёт аз гардишҳои ногаҳонӣ иборат аст. Симояш тағйир ёфту чашмонаш баста шуда, нафаскашиаш қатъ гашт. Чашмонашро аз дурбин гирифта хам шуд ва атса зад. Червяков бо рӯймолчааш рӯи худро пок намуда, ба гирду атроф назар кард, мӯйсафедеро, ки як қатор пеш аз ӯ нишаста буд,  дид, ки сари бе мӯй ва гарданашро пок намуда,  худ ба худ чизе мегӯяд. Фаҳмид, ки ин пирамард генерал Бризжалов-корманди идораи роҳу алоқа мебошад.

Оби даҳонам ба вай расид, – фикр кард Червяков. -  Сардори ман нест, вале ба ҳар ҳол кори хуб нашуд. Бахшиш пурсидан даркор.

Сулфида, каме ба тарафи генерал хам шуд ва оҳиста ба гӯшаш пичиррос зад:

- Узр, оби даҳонам ба шумо расид …

- Ҳеҷ гап не…

- Аз барои Худо бубахшед! Ман намехостам!

- Илтимос монед гӯш кунам!

Червяков хафа шуд, хандаи сохтакорона карда, ба саҳна чашм дӯхт. Дигар шодмонии авваларо ҳис намекард. Дар ташвиш шуд. Ҳангоми танаффус ба назди Бризжалов рафт ва шармгинона гуфт:

- Оби даҳонам ба шумо расид, бахшиш.

- Оҳ, шумо боз дар бораи ҳамон. Ман аллакай фаромӯш кардам, — гуфт генерал.

Фаромӯш кардааст, вале талхгӯӣ эҳсос мешавад, — фикр кард Червяков ва  бо шубҳа ба генерал назар дӯхт. — Гап задан ҳам намехоҳад. Ба вай хуб фаҳмондан лозим, ки ман намехостам.

Ба хона омада, ба ҳамсараш ин ҳодисаро нақл кард. Ҳамсараш аввал тарсид, вале вақте фаҳмид, ки Бризжалов сардори шавҳараш нест, ором шуд.

- Ба ҳар ҳол, бахшиш пурс, — гуфт занаш. — Боз фикр накунад, ки ту худатро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ идора карда наметавонӣ!

Рӯзи дигар  Червяков мундири нави худро ба бар намуд, мӯи сарашро ба тартиб овард ва назди Бризжалов рафт…

Ба қабулгоҳи генерал даромад. Он ҷо корафтодагон нишаста буданд ва генерал арзу додашонро мепурсид. Баъди чанд касро пурсидан, ба Червяков дида дӯхт.

- Дирӯз дар «Аркадия», агар дар хотир дошта бошед ман нохост атса задам ва оби даҳонам ба  сӯи шумо парид. Узр…

- Ҳеҷ гап не. Ба шумо чӣ лозим? – гуфт генерал ба дархосткунандаи дигаре рӯ оварда.

Гап задан ҳам намехоҳад, — фикр кард Червяков. — Хафа аст…

Вақте генерал корафтодагонро қабул карда, ба утоқи дамгирӣ равон шуд, Червяков аз пушти вай рафт:

- Аълоҳазрат! Бахшиш, ки шуморо ташвиш медиҳам, вале ман бисёр пушаймонам, махсус накардам!

Генерал рӯяшро ҷинҷ карда, даст афшонд.

- Шумо масхара мекунед, ҷаноб, — гуфта, генерал  дарро ба рӯяш пӯшид.

Чаро генерал намефаҳмад! Бас, дигар бахшиш намепурсам. Мактуб менависам, вале дигар  ба наздаш намеравам!

Бо чунин андеша Червяков ба хонааш равон шуд. Вале мактуб нанавишт. Фикр кард, вале ҳарфе барои навиштан наёфт. Рӯзи дигар маҷбур шуд боз ба назди генерал равад.

- Ман дирӯз назди шумо омада будам,  — гуфт Червяков, вақте ки генерал бо нигоҳи саволомез ба ӯ назар кард. — Ман, тавре ки шумо фикр мекунед, барои масхара наомадаам,  балки аз шумо узр пурсиданиам.

-  Гум шав! – фарёд зад генерал.

- Чӣ? – базӯр  ва бо тарс пичиррос зад Червяков.

- Гум шав! — такрор намуд генерал.

Червяков худро бад ҳис кард. Гӯё чизе дар дарунаш канда шуд. Дигар чизеро ҳис накарда,  базӯр  ба берун баромад. Ба хонааш омад, мундирашро накашида, рӯи кат дароз кашид ва дигар аз ҷо нахест.

Тарҷумаи Ш. Абдулвоҳидова«Садои мардум»