Таърихи як сурат

Михаил Калинин: «Офарин ба халқи ҳунарманди тоҷик!»

№74 (3868) 14.06.2018

ЫЫЫЧанде пеш ба дастам сурати бо мурури замон зардшудае афтод, ки умри беш аз 70 — сола дорад. Дар он Раиси Президиуми Совети Олии ИҶШС Михаил Иванович Калинин ба марди тоқипӯше мукофоти давлатӣ месупорад. Маълум гардид, ки он мард  артисти Театри давлатии опера ва балети Тоҷикистон Мавлон Қодиров будааст. Расм 24 — уми апрели соли 1941, дар маросими супоридани мукофотҳои давлатии ИҶШС ба аҳли санъати тоҷик дар Даҳаи санъати тоҷик дар Москва бардошта шудааст. Ёдовар мешавем, ки нахустин Даҳаи санъати тоҷик аз 12 то 22 апрели соли 1941 дар шаҳри Москва оғоз ёфта буд.

Бино ба маълумоти театршиноси машҳури тоҷик Низом Нурҷонов, дар ин даҳа ба тамошобинон 4 намоишнома: операҳои «Шӯриши Восеъ», «Коваи оҳангар», либреттои «Лола» ва нахустин балети «Ду гул» пешниҳод шуд. Мавлон Қодиров дар либреттои «Лола» нақши дугонаи қаҳрамони асосии намоишнома — Қумрӣ, дар операи «Шӯриши Восеъ» нақши домуллои маккорро бо маҳорати баланд иҷро кардааст. «Ин нақшҳо ҳарчанд хурду лаҳзавианд, вале Мавлон Қодиров онҳоро чунон моҳиронаю табиӣ иҷро мекунад, ки то дер дар хотири тамошобин нақш мебанданд», — навиштааст ӯ.

24 — уми апрел М. И. Калинин ба 141 нафар мукофоти давлатӣ супорид. Аз ҷумла, Мавлон Қодиров бо медали «Барои меҳнати шоён» мукофотонида шуд.

Ин ширинкор солҳои 30 — 50-уми қарни гузашта дар театрҳои гуногуни шаҳрҳои Ӯротеппа, Ленинобод, Куйбишевск ва Сталинобод кор карда, ҳамчун ҳунарпешаи базлагӯй ном бароварда буд.

Театршинос Н. Нурҷонов менависад, ки соли 1935 Театри мусиқию драмавии Ленинобод аз рӯи асари Муҳиддин Аминзода намоишномаи «Шараф» — ро ба саҳна гузошт, ки дар он номбурда нақши модари қаҳрамони асосӣ Шараф — Иззатхоларо, ки зани ҷоҳилу бесавод ва мутаассиб аст, хеле устокорона бозид. Нақшҳои дигари иҷрокардаи ӯ — Холҷонхола дар «Ҳалима», Бригелла дар «Малика Турандот», Валӣ дар «Аршин мололон» ва ғайра низ ҷолибу хотирмон буданд.

Замоне ки дар шаҳри Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) дар мактаб мехондем, 1 май ва 7  ноябр дар намоишҳои идона иштирок мекардем. Хуб дар ёд дорам, ки масхарабозони шаҳр бо номҳои «Бӯрӣ-милиса»-и аспаки чӯбинсавор ва Мавлон Қодирӣ бо рақсу ҳаракатҳои худ мардумро механдониданд.

Қобили зикр аст, ки авлоди Қодириҳо санъаткору ҳунарманд буда, дар шаҳри Истаравшан имрӯз ҳам машҳуранд. Падари ин сулола Абдуқодири Ҳофиз дар охири қарни XIX ва аввали асри XX мисли Содирхон дар Осиёи Миёна сарояндаю навозандаи машҳур буд. Чор писари ӯ — Раҳмон, Мавлон, Мурод ва Расул навозандаи хуби аксари асбобҳои мусиқӣ, хусусан танбӯру дутор ва донандагони хуби «Шашмақом» буданд.

Дар байни онҳо Мавлон ба санъати маслакӣ (профессионалӣ) рафта, бештари умри худро ба ин ҷода бахшидааст.

Номбурда аз аввалин коммунистони шаҳри Ӯротеппа буда, солҳои 1927 — 1929 ҳуруфчинии линотипиро дар матбааи рақами 3 — и шаҳри Тошканд омӯхта, як сол дар ҳамин матбаа ба сифати ҳуруфчин кор кард. Баъд ба зодгоҳ омада, дар таъсиси матбааи он саҳм гузошт.

Бино ба маълумоти бойгонии шаҳри Истаравшан, солҳои 1931-1934 Мавлон Қодиров инструктор — пропагандисти кумитаи шаҳрии Ҳизби коммунист дар шаҳри Ӯротеппа будааст. Дилбастагӣ ба санъат ӯро ба шаҳри Самарқанд бурду чанд муддат коромӯзи ансамбли мусиқӣ кор кард. Солҳои 1934 — 1939 актёри Театри мусиқию драмавии шаҳри Ленинобод буд. Сипас, ӯро барои кор ба Театри навташкили опера ва балети шаҳри Сталинобод даъват карданд.

Хизматҳои Мавлон Қодиров бо медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании 1941 — 1945», «Ветерани меҳнат» ва ду Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон (солҳои 1954 — 1955) ва даҳҳо ифтихорнома қадршиносӣ гардидааст.

Аз Мавлон Қодиров 2 писару 3 духтар мондаанд.

Фарзанди хурдиаш Муаззама Қодирова мебошад, ки 61 — сола аст. Ӯ нақл кард, ки фаъолияти артистии падараш хеле барвақт, дар аввали солҳои 20 — уми асри гузашта, оғоз ёфтааст.

Дар ин давра театри шаҳрӣ ташкил шуда, соли 1929 дар назди он Оқил Шарифов ном ҳаваскор маҳфили бадеӣ ташкил менамояд. Аъзои маҳфил чанд намоишномаро ба саҳна гузоштаанд, вале актёрони театр ҳама мард будаанд.

Дар ин намоишномаҳо падарам бештар нақши занро иҷро карданд.

Шахси бисёр шӯху ҳозирҷавоб буданд, дидаю шунидаҳояшонро, ба қавли мардум, «нарезонидаву начаконида» бо тамоми ҷузъиёт нақл карда метавонистанд.

Дар бораи таассуроташон аз Даҳаи санъати тоҷик дар Москва гуфта буданд, ки баробари шунидани номи худ давида ба саҳна баромадаанд. Дар тан шиму костюм, дар сар тоқии чуст ва дар пой мӯзаи хиром доштанд. Калинин медалро супорида, гуфтааст: «Шумо одами боҳунар будаед. Нақшҳоро хуб иҷро кардед, офарин!

- Раҳмат, рафиқ Калинин! Танҳо ман не, балки тамоми мардуми Тоҷикистон ҳунарманданд. Мӯзаҳои поямро бародарам, либосамро хоҳарам, тоқиамро модарам дӯхтааст, — ҷавоб додаанд падарам.

- Падаратон чиро дӯхтааст? — бо табассум пурсидааст Михаил Иванович.

- Падарам ҳеҷ чизро надӯхтааст. Ӯ моро тарбия кардааст ва ҳофизи машҳури халқӣ мебошад, — ҳозирҷавобӣ кардаанд он кас.

- Офарин, ба халқи ҳунарманди тоҷик!» — гӯён Калинин бори дигар дасти падарамро сахт фишурдааст, — ёдовар шуд дар фарҷом ҳамсуҳбатам.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО,

«Садои мардум»