Мулоқот бо Пешвои миллат моро рӯҳбаланд ва масъулиятамонро дучанд намуд

№139 (4089) 19.11.2019

- Мегӯяд раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Тоҷикистон Наргис Назарзода

Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Тоҷикистон дар саф кормандони идораву муассисаҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот, бонкҳо, вазоратҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, толибилмони  муассисаҳои таълимии соҳавӣ, нафақахӯрон ва дигар шаҳрвандонро муттаҳид менамояд. Айни ҳол  он дорои 1691 зерсохтор, аз ҷумла, се кумитаи вилоятӣ, 69 кумитаи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, 1619 ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба мебошад. Шумораи аъзои иттифоқи касаба 45759 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 13431 нафар зан, 11197 нафар ҷавонони то 35 — сола мебошанд.

сурати Назарзода«Дар роҳи ноил шудан ба дастовардҳо дар баробари сохторҳои ҳокимияти давлатӣ иттифоқҳои касаба низ саҳмгузор буда, онҳо ба ҳайси созмони оммавии мардумӣ масъулияти ширкат дар идоракунии ҷомеа, тарбияи кадрҳо, ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёт ва таъмини адолати иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон дар соҳаҳои иқтисоди миллиро ба уҳда доранд ва ҷиҳати ба амал баровардани вазифа ва салоҳиятҳои қонунии худ бояд тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд». Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ 24 октябри соли ҷорӣ баён намуданд. Дар ин робита бо раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Тоҷикистон Наргис Назарзода ҳамсуҳбат шудем.

- Шумо, ки яке аз иштирокчиёни мулоқот будед, чӣ таассурот бардоштед?

- Мулоқот боиси рӯҳбаландии кормандони иттифоқҳои касабаи мамлакат гардида, дар назди онҳо вазифаҳои наву мушаххас гузошт. Зимни суҳбати рӯ ба рӯ бори дигар эҳсос кардем, ки Пешвои миллат нисбат ба рӯзгори меҳнаткашони кишвар ғамхоранд ва талаб карданд, ки фаъолияти ташкилотҳои иттифоқи касабаро баҳри ҳимояи ҳуқуқҳои мардум ва фароҳам овардани шароити меҳнату истироҳати онҳо беҳтару хубтар ба роҳ монем. Сарвари давлат минҷумла таъкид намуданд, ки: «Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти оммавӣ вазифадоранд, ки рисолати хешро дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як корманд анҷом диҳанд». Аз оғози даврони истиқлолият беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоӣ яке аз муҳимтарин ҳадафҳои сиёсати давлатӣ мебошад ва ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

- Зимни мулоқот Сарвари давлат ба созишнома ва шартномаҳои коллективӣ низ дахл карданд. Ин кор чӣ тавр ба роҳ монда шудааст?        

- Яке аз самтҳои асосии фаъолияти иттифоқҳои касаба ташкил ва ба роҳ мондани шарикии иҷтимоӣ байни иттифоқҳои касабаи соҳаҳо бо  корфармоён ва мақомоти ваклатдори давлатӣ мебошад. Муваффақияти кори ҳар як ташкилоти иттифоқи касаба ҷиҳати таъмини ҳифзи манфиатҳои аъзо аз бастани созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, инчунин натиҷагирӣ аз иҷрои талаботи онҳо вобаста аст. Тибқи омор, бастани шартномаҳои коллективӣ дар идораву муассисаҳои соҳа дар ВМКБ — 87 фоиз, вилояти Суғд — 86, вилояти Хатлон — 97, шаҳри Душанбе — 90 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 98 фоизро ташкил медиҳад.

Зимни мулоқот, ҳамчунин таъкид шуд, айни ҳол Созишномаи генералӣ байни Ҳукумат, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил ва Иттиҳодияи корфармоён барои солҳои 2018 — 2020 мавриди амал қарор дорад. Қабули Созишномаи генералӣ бори дигар собит намуд, ки ҳифзи манфиатҳои меҳнатии кормандон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани ҳифзи иҷтимоии кормандон, коҳиш ёфтани сатҳи бекорӣ, сол ба сол зиёд шудани музди меҳнат ва татбиқи босуботи сиёсати иҷтимоӣ доимо дар маркази фаъолияти Ҳукумати мамлакат қарор дошта, барои амалӣ намудани ҳадафҳои зикршуда тадбирҳои судманд андешида мешаванд.

Илова бар ин, соли ҷорӣ барои пешрафт ва бартараф намудани тафсири қонунҳои амалкунанда ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, дуруст ба роҳ мондани коргузорию ҳуҷҷатнигорӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва вилоятӣ санҷишу вохӯриҳо гузаронида шуд.

- Пешвои миллат дар баробари баҳогузорӣ ба фаъолият роҷеъ ба мушкилоти мавҷуда низ ҳарф зада, ҳалли онҳоро аз ҷониби масъулин талаб карданд…

- Бале, вобаста ба талабот ва ҳимояи ҳар чӣ бештару хубтари ҳуқуқи шаҳрвандон дар назди кормандони ташкилотҳои иттифоқи касаба вазифаҳои ҳалталаб низ зиёданд. Тавре Пешвои миллат таъкид намуданд, иттифоқҳои касабаро зарур аст, ки назорати ҷамъиятиро ҷиҳати риояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, чорабиниҳои ҳифзи меҳнат ва риояи қоидаҳои санитариву гигиенӣ дар корхонаву муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, амалӣ намоянд. Бояд ба он муваффақ шуд, ки одамон ба меҳнати арзанда ва маоши муносиб таъмин бошанд.

Аз ин хотир, тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳияи нақшаю барномаҳои нави фаъолият пардохтем, ки дар онҳо вазифаҳои нави кормандони иттифоқҳои касаба муайян хоҳад шуд.

Дар маҷмӯъ, мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро рӯҳбаланд ва масъулиятамонро дучанд намуд.

Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»