Адиб ва ҷомеа

Нақши адибон дар таҳкими Истиқлолият арзанда мебошад

№104 (3250) 09.09.2014

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  Саидалӣ Маъмур дар адабиёти муосири тоҷик, хосса шеъри навин аз чеҳраҳои саршинос ва маъруф маҳсуб меёбад. Ободӣ ва ваҳдати миллӣ, ифтихори ватандорӣ, тараннуми дӯстӣ дар сархати ашъори устод қарор гирифтаанд. Суҳбати мо бо мавсуф перомуни  ин мавзӯъҳо сурат гирифт, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон  менамоем.

- Назари шуморо дар хусуси ҷойгоҳи адабиёт дар ҷомеаи муосир донистан мехостем…

- Дар ҳамаи давру замон адабиёт дар ҷомеа ҷойгоҳи махсус дошт, зеро инсон ба ғизои маънавӣ муҳтоҷ аст. Вазифаи адабиёт бошад, ба инсон ғизои маънавӣ додан аст. Аз ин хотир дар ҳама давру замон суханварони асил дар ҷомеа обрӯ ва эътибори  хосса доштанд.Ҳатто сарварони давр гӯш ба суханони эшон медоданд, бо маслиҳату пешниҳодашон амал мекарданд. Дар ҷомеаи муосир бошад, мақому манзалати адабиёт ва аҳли адаб боз ҳам назаррас аст.

Ҳамқадаму ҳамнафаси халқ будан, ба сулҳу салоҳ, ваҳдату субот, оромишу осоиш даъват намудан вазифаи ҳар як қаламкаш аст. Адибони муосири мо низ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар бештар ба ҳамин мавзӯъҳо рӯ оварда, асарҳои шоиста офариданд. Ҳисси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, ифтихор аз гузаштаву соҳибистиқлолӣ маҳаки асосии эҷодиёти онҳоро ташкил намуд.  Солҳои охир ба адабиёт дар қатори шоирони баркамол як зумра адибони ҷавон бо назари тоза ворид шуданд, ки имрӯз онҳоро чун суханварони даврони истиқлолият ном  мебаранд. Воқеан, нақши адибон дар таҳкими Истиқлолияти кишвар кам нест. Адибон солномаи бадеии давру замони худро меофаранд. Тавассути навиштаҳояшон ҷаҳониён аз комёбиҳои мардуми мо огоҳ мешаванд. Тоҷикистони соҳибистиқлоли моро, ки пайваста ободу шукуфо мегардад, хубтар мешиносанд. Хушбахтии адибони тоҷик аст, ки дар  симои муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  Сарвари  хирадманду фарҳангпарвар доранд, ки  барои рушди адабиёти мо ҳамеша ғамхорӣ менамояд. Барои нашри асарҳои  классикон ва муосирон ҳар сол аз фонди Президент маблағ ҷудо карда мешавад. Таъсиси Маркази тарҷумаи адабиёти бадеӣ барои тарғиби асарҳои беҳтарини эҷодкорон ба забонҳои хориҷӣ, аз ҷумлаи ғамхории навбатии Сарвари давлат нисбати адабиёту адибони тоҷик аст.

- Шумо  ба олами шеър чӣ тавр ворид шудед? Устодонатон киҳо буданд?

- Меҳри шеъргӯйи хеле барвақт дар дили ман ҷой гирифт. Соли 1956, ки дар синфи шашум мехондаму муаллими забону адабиётамон шоир ва нависанда шодравон Разиюлло Абдуллозода буданд, барои эҷод қалам ба даст гирифтам. Нахустин сатрҳоям дар васфи баҳор буд, ки бо таҳрири муаллимам дар рӯзномаи шаҳрӣ рӯйи чоп омад. Аз ҳамон вақт то имрӯз шеър мегӯям. Маҷмӯаи нахустинам бо фотеҳаи устодам- шоири шаҳир Аминҷон Шукӯҳӣ  бо номи «Заврақи умед»  соли 1967 тариқи Нашриёти «Ирфон» чоп шуда буд. Инак, беш аз 50 сол аст, ки қаламкашӣ мекунам, соҳиби чандин маҷмӯаҳо ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ ва беларусӣ мебошам. Шоирӣ сарнавишт аст, аз ин рӯ  ба ин маънӣ гуфтаам:

Шеъри ман сарномаи ҳоли ман аст,

Розгӯйи ҳолу аҳволи ман аст.

Рӯзу моҳе, ки равад дар кори шеър,

Нақши ҳар рӯзу маҳу соли ман аст.

-  Аз нигоҳи шумо дар шеъру шоирӣ чӣ чизҳо муҳиманд ва аз чӣ бояд даст кашид?

- Чизи муҳим дар шеъру шоирӣ, қабл аз ҳама ҳамдард будан бо дарди дигарон аст. Сониян, сухани нав гуфтан аст, зеро фармуданд: « Сухан нав ор, ки навро ҳаловатест дигар». Аз такроргӯйи ва суханбозӣ бояд даст кашид.

- Шеъру мусиқӣ ҳамеша тавъам мебошанд. Садҳо таронаву  ғазалҳои шуморо ҳофизон тараннум мекунанд. Кай ва бо кадом суруд ин ҳамкориҳо оғоз ёфтаанд?

- Шеър худ мусиқӣ аст. Онҳое, ки (қабл аз ҳама оҳангсозон) бо вазни  арӯз ошноӣ дошта бошанд, инро хуб дарк мекунанд. Аввалин суруди банда, ки «Муаллим»  ном дошт, бо оҳанги бастакор Зайниддин Зулфиқоров дар иҷрои овозхони давр Меҳрӣ Исҳоқбоева тавассути радиои тоҷик солҳои 60- уми асри гузашта садо дода буд. Дуюмин сурудам «Муҳаббате  нест бе оташ» буд, ки  бо оҳанги Қудратулло Яҳёев шодравон Муқаддас Набиева месуруд. Баъдан, ҳамкориҳоям бо бастакорон Миратулло Атоев, Қудратулло Ҳикматов ва солҳои охир бо профессор Фаттоҳ Одинаев оғоз ёфт, ки боиси офаридани чандин суруду таронаҳо гардид. Сурудҳои алоҳидаамро ҳофизони мумтоз  Ҷӯрабек Муродов, Давлатманд Холов, Хосияти Зарафшонӣ, Хурсандмурод Зарифов, Наимҷон Маҳқамов, Орзугул Хӯҷамова ва дигарон бо оҳангҳои худ то имрӯз замзама менамоянд. Суруд умри дубораи шеъру шоир аст. Бисёр мехоҳам, ки овозхонони ҷавони имрӯза бо шоирон ва оҳангсозон ҳамкорӣ дошта бошанд, аз хондани хазафпораҳо парҳез намоянд.

- Китоби тозаэҷоди шумо бо номи «Давлати дидор»,  ки аз ҷониби Нашриёти «Адиб» ба табъ расидааст, намунаи фаъолияти эҷодии шумо дар солҳои охир аст?

- Нашриёти «Адиб», ки солҳои зиёди фаъолиятам дар ҳамин ҷо гузашт, барои ман бисёр даргоҳи  муқаддас аст. Барои он ки сухани эҷодкор умри дубора ёбад, чопи китоби ӯ зарурат дорад. Ин корро бошад, нашриёт мекунад. Шодам, ки ба истиқболи 70- умин солгарди умрам  Нашриёти «Адиб» гулчини ашъори маро бо номи «Давлати дидор» ба нашр расонид. Китоби банда дорои чаҳор фасл аст. Фасли аввал, ки «Ашъори навин» — ном дорад эҷодиёти бандаро дар се соли охир фаро гирифтааст. Дар фаслҳои дигар — «Аз шеърҳои пешин», «Ғазалвораҳо» ва «Рубоиёт», ки ин шаклҳои  шеърӣ дар эҷодиёти ман нақши муайян доранд, ҷой дода шудаанд. Дар китоби  номбурда шеърҳо дубора аз назари таҳрир гузаштаанд.

Шеърҳо дар китоб аз рӯйи санаҳо гулчин шудаанд. Умедворам, ки дӯстдорони каломи бадеъ  ба он баҳои сазовор медиҳанд. Баҳои хонанда бошад, барои ман аз ҳар мукофот баландтар аст.

- Адабиёт аз калимаи адаб гирифта шудааст, адаб гуфта, мо хулқу рафтори инсониро мефаҳмем. Мутаассифона, солҳои охир одобу ахлоқ дар ҷомеа хеле коста аст. Аз ин хотир, маҳз бо пешниҳоди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (соли 2011) ва  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2007) қабул гардида буданд. Дар ин бора мехостем чанд сухан бигӯед.

- Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тақозои замон буд, ки аз ҷониби аҳолии ҷумҳурӣ хуш қабул карда шуд. Тарбияи хуби фарзанд қарзи ҳар падару модар аст. Қарзи падару модар танҳо ба дунё овардани фарзанд нест. Онро чунон тарбия кард ва тавре бояд ба камол расонд, ки фардо насли давронсоз бошад, барои халқу Ватани худ  содиқона хизмат кунад. Мутаассифона, баъзе  падару модаронро мебинем, ки масъулияти волидайнии худро таври бояду шояд дарк намекунанд. Тифлони бегуноҳашонро дар зиндагияшон ятим мегардонанд. Аз ин ҷост, ки имрӯз иддае аз тифлон дар ятимхонаҳо ба сар мебаранд ва дар ҳасрати  дидори падару модаранд. Ё худ фарзандон аз бемасъулиятии волидайн то дергоҳи шаб вақтро дар компютерхонаҳо ва тарабхонаҳо мегузаронанд, ки оқибати нохуш дорад.

Баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бошад,  маъракаҳо камтару камхарҷтар шуданд, ки ба баланд шудани некуаҳволии  мардум нақши муассир гузошт. Дастаҷамъона гузаронидани тӯйҳои хатнасур ва арӯсию домодӣ ҳоло ба ҳукми анъана даромадааст ва боиси дастгирии ҳамагон мебошад. Аммо ҷудошавии навхонадорон вақтҳои охир зиёд шудааст, ки боиси ташвиш аст. Дар ин самт падару модарони навхонадорон, ки таҷрибаи бештари зиндагӣ доранд, бояд пандомӯзи эшон бошанд.

-  Ташаккур  барои суҳбат.

Мусоҳиб Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»