Нақши созгори адиб

№71 (4021) 20.06.2019

Дар пешрафти ҷомеаи инсонӣ ашхоси фурӯтану некандеш, некмазҳар ва поктинат саҳми бориз доранд.

IMG_20190618_113908Яке аз чунин мардони поктинат, ки аҳли тарбия буда, ба даҳҳо шогирд ҳаққи устодӣ дорад, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикис­тон Умари Шерхон аст. Ӯ инсони ботаҳаммул, намакшинос, ҳалолкору покизарафтор аст. Боре надидаам, ки бо нафаре дағал сухан гуфта бошад. Мақсаду мароми ҳамсуҳбаташро хуб мешунавад ва беандеша ҳарф намезанад. Пастию баландии ҳаётро дида, аз имтиҳонҳои сангину зиндагӣ гузаш­тааст. Оромии ботинию зоҳирияш бештар дар донишҷӯияш ба назар мерасид ва бомулоҳизагию фурӯтанияш баъди хатми бахши журналистии факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон такомул ёфт. Солҳои таҳсил аз устодон С. Табаров, Х. Шарифов, А. Саъдуллоев, И. Усмонов ва дигарон сабақ омӯхт ва номбардори онҳо гашт.

Имрӯз Умари Шерхон даҳҳо ҷавон – журналистонро ба камол расондааст. Соҳаи журналистӣ яке аз бахшҳои душвор аст, ки аз ҳар як мутасаддӣ ҷиддиятро талаб менамояд. Маҳз ҳамин ҷиддияту самимият ӯро байни ҳамкорону дӯстон маҳбуб гардондааст. Ӯ фаъолияти эҷодиро аз ҳафтавори «Наврӯзи Ватан» (1991- 1992) ва рӯзномаи «Нидои ранҷбар» (1992- 1995) ба ҳайси мудири шуъба оғоз намудааст. Аз моҳи августи соли 1995 то соли 1997 корманди масъули котиботи Сарвари давлат буду аз моҳи майи соли 1997 дар вазифаи муовини директори Комплекси табъу нашри «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Очерку ҳикояҳояш аз ибтидои солҳои 70-уми асри XX дар рӯзномаҳои даврӣ ба табъ мерасанд.

Эҷодиёти ӯ гуногунпаҳлу мебошад. Ҳамчун адиб масъалаҳои муҳими ҳаётӣ ҳамеша дар мадди назараш аст. Асарҳояш ба мавзӯъҳои мубрами зиндагӣ ва масъалаҳои ҳаётан муҳим бахшида шудаанд.

Қаҳрамони матлаб медонад, ки адабиёт ва матбуот воситаи муҳими тарбияи ғоявию эстетикӣ, омили муҳим барои рӯи кор овардани идеалҳои инсонӣ мебошад.

Асарҳояш «Гурд» (1998), «Омад» (1999), «Кохи ҳунар» (1997), «Таҳамтан» (2001), «Асил» (2002), «Данғара» (2002- 2005), «Торҳои хаёл» (2007), «Валӣ» (2007), «Давлатманд» (2005), «Сипос» (2010), «Мурод» (2012), «Матин» (2014), «Пурдил» (2015), «Шуд он замона» (2017)  ба мардум ғизои маънавӣ мебахшанд. Мавзӯи марказии эҷодиёти адиб ахлоқи ҳамидаи инсонист. Нависанда мавқеи инсонро аз ҳама боло медонад ва таъкид мекунад, ки сарчашмаи бадбахтии одамон ҷоҳилӣ, коҳилӣ ва беэътиноӣ мебошад. Забони асарҳои устод хеле пуробуранг ва ширадор аст. Образҳое, ки ӯ офаридааст, муъҷаз, ҳаётӣ ва барҷаста мебошанд. Ӯ на фақат таъбиру ташбеҳ ва кинояву маҷоз, зарбулмасал ва мақолҳои халқиро моҳирона истифода мебарад, балки тарзи баён ва услуби нигоришаш низ халқист…

Китоби «Пурдил» -ро дар мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ хеле бамаврид офаридааст. Он мусоҳиба, очерк ва қиссаҳои адибро, ки аз боби диловарии ҷавонони тоҷик дар размгоҳҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қисса мекунад, фарогир аст.

- Меболам, ки умри хешро бесамар нагузаронидаам ва ҳар нафасе, ки мекашам, барои ободии Ватан, равшан намудани роҳи зиндагии насли наврас аст. Мехоҳам, ки Тоҷикистони азиз боз ҳам ободтару зеботар гардад, халқи ба ҷон баробар дар фазои сулҳу осоишта умр ба сар барад. Насли наврас аз паи ободии Ватан бошад. Зинҳор фаромӯш набояд кард, ки ваҳдати миллӣ маҳз бо талошу ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Ин фарзанди фарзонаи миллат бо фаҳму фаросати модарзодӣ дарёфт, ки бе рӯйи кор овардани ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон сулҳу осоиштагиро барқарор ва пойдор намудан амрест маҳол, — мегӯяд У. Шерхон.

Доктори илми филология, профессор ва адабиётшинос Аламхон Кучаров соли 2014 ҳикояҳо ва очеркҳои адибро хонда чунин гуфта буд: «Ба ман чунин менамояд, ки Умари Шерхон дар очерку ҳикояҳо худро ҳамчун нависандаи маҳоратнок нишон додааст. Ман ба сифати хонандаи одӣ ҳикоя ва очеркҳои ӯро хонда, ғизои маънавӣ гирифтаам. Дар хотири ман бисёре аз образҳои ҳикоя ва очеркҳое, ки Умари Шерхон офаридааст, адабӣ нақш бастаанд».

Умари Шерхон ба ивази хизматҳои шоён бо ордени «Дӯстӣ» (2002), нишонҳои «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» (2002) ва «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2007), Ифтихорномаи «Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011) ва медали «100-солагии матбуоти Тоҷикистон» (2012) қадр шудааст.

Дар зиндагӣ соҳиби эҳтиром гардида, ба халқу Ватан хизмати софдилона намудан ба ӯ муяссар гардидааст. Барои ӯ аз ин дида шарафи бузурге нест.

Шоҳрухи Фаррухзод, муаллими Институти адабии ба номи Горкийи шаҳри Москва