«Нақши занон дар ҳифз ва рушди ҳунарҳои мардумӣ»

№30 (3824) 08.03.2018

БурхикБо ин унвон 6 марти соли ҷорӣ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот (ПИТФИ) конференсияи илмӣ – амалӣ баргузор гардид.

Зимни ифтитоҳ директори ПИТФИ, номзади илмҳои педагогӣ Шариф Комилзода ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Модар табрику таҳният гуфта, таъкид намуд, ки маҳз занону модарони тоҷик нигоҳдорандаи суннат ва ҳунарҳои мардумӣ мебошанд. Онҳо, ки эҷодкору ҳунарманданд ойину суннатҳои мардумиро на танҳо нигоҳ дош­танд, балки эҷодкорона такмил дода, ба онҳо бо завқи баланд сифатҳои нав зам карданд. Ин гуфтаро мудири бахши Маркази мероси фарҳангии тоҷикони пажӯҳишгоҳ Зафар Холмуродов тақвият дода, дар мавзӯи «Таносуби гендерӣ дар касбу ҳунарҳои анъанавӣ» маърӯза кард.

Суханронии ходими калони илмӣ Насиба Умарова фарогири саҳми бонувони тоҷик дар рушди ҳунари гулдӯзӣ буд. Ба андешаи ӯ, «ҳунари гулдӯзӣ якранг набуда, дорои навъ ва усулҳои гуногуни кашидадӯзист. Навъҳои гулдӯзиро дар сарчашмаҳо чунин овардаанд: «Аз қадим боз зиёда аз 700 навъи нақши кашидадӯзӣ маълум аст, ки намунаҳои беҳтаринаш инҳоянд: аноргул, аштак, барги бед, бодом, гулак, ислимӣ, каҷак, лола, маҷнунбед, райҳон, себарга, тоҷи хурӯс, аждаҳо, булбул, гургурак, думи товус, морпечон, нохуни паланг, паи каргас, парпар, ҷанги гунҷишк, оташ, ҳилол, ҳашттарк, гулбаст, моҳу ситора  ва ғайра».

«Ороиши ғизоҳо – ҳунари нави бонувон» мавзӯи маърӯзаи муовини директори ПИТФИ, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимов буд ва номбурда онро дар заминаи далелу арқоми асоснок муфассал шарҳ дод.

Баромади мудири шуъбаи илмӣ – методии ПИТФИ Абдулфаттоҳ Аминов ба мавзӯи «Саҳми Мукаррама Қаюмова дар рушди ҳунари зардӯзӣ ва мактаби эҷодии ӯ» бахшида шуд. Ин зани ҳунарманд аз онҳоест, ки ҳунари зебои зардӯзиро дар бисёр кишварҳои олам муаррифӣ кардааст. Мукаррама Қаюмова дар ҳамоиш ширкат дошт ва роҷеъ ба комёбиҳо дар намоишгоҳҳои ҷаҳонӣ ва нақшаҳо дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҳарф зада, иттилоъ дод, ки имсол дар Тоҷикистон бори аввал баргузории фестивали «Сӯзании тоҷик» ташкили намоишгоҳи сӯзанӣ ва дигар маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва дар шаҳри Душанбе бунёди шаҳраки ҳунармандон дар назар аст.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»