Натиҷаи озмуни «Килки сабз» чиро нишон дод?

№144 (4094) 28.11.2019

22 ноябри соли 2019 дар толори хурди Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти озмуни шеъри ҳафтаномаи «Тоҷикистон» таҳти унвони «Килки сабз» баргузор гардид. Дар он, ки аз оғози соли равон эълон гашт, беш аз сад нафар шоири ҷавон ширкат варзиданд ва намунаи ашъори онҳо дар ҳафтанома пешкаши ҳаводорон гардид.

Тавре Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким дар муқаддимаи  маҷмӯаи «Килки сабз», ки дар он намунаи ашъори 55 нафар иштирокчии беҳтарин ҷой дода шудааст, овардаанд: «Ба ҳамаи хоҳишмандон, ки синнашон то 35 буд, имкон дода шуд, ки се шеъри беҳтарини худро барои чопу доварӣ бифиристанд».

Дар озмун аз мактабиён то онҳое низ ширкат варзиданд, ки аллакай мисли Фирдавси Аъзам, Бузургмеҳри Баҳодур, Бобаки Суғдӣ, Кӯҳзоди Фатҳулло, Баҳроми Раҳматзод, Толиби Луқмон, Муҳриддин Сабурӣ дар шоирӣ таҷриба андӯхтаанду ашъорашон ба хонандагон ошност. Тибқи натиҷаи ниҳоӣ ҷойи аввал насиби Толиби Луқмон гардид. Корманди рӯзномаи «Ҷумҳурият» Бузургмеҳри Баҳодур  ҷойи дуюм ва Муҳриддин Сабурӣ ҷойи сеюмро ба даст оварда, бо диплом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуданд. Чанд нафар, аз ҷумла. Суҳайлои Ёдовар – хонандаи мактаб аз ноҳияи Ванҷ,  бо ифтихорнома сарфароз гардиданд.

Н. НИЗОМӢ, «Садои мардум»