Навои меҳру муҳаббат

№57 (3694) 23.05.2017

Агар гӯем, ки баргузории Фестивали байналмилалии мусиқӣ дар толори «Арғунун»-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 май оғоз ёфт, Тоҷикистонро чун кишвари дорои арзишҳои фарҳангии байналмилалӣ муаррифӣ намуд, муболиға нахоҳад шуд.

Онро бо сухани муқаддимавӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла, қайд кард, ки баргузории чорабиниҳои мусиқӣ имкон медиҳанд, ки дӯстию рафоқат байни кишварҳо мустаҳкам гардида, навои меҳру муҳаббат баланд садо диҳад ва дар ин замина ҳамкориҳои фарҳангӣ тавсеа ёбанд.

Фестивали арғунуннавозон бо ташаббуси раёсати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода ва намояндагии «Россотрудничество» дар Тоҷикистон, бо дастгирии молиявии «Газпромнефт» ва ширкати ҳавоии «Тоҷик- Эйр» роҳандозӣ шуд.

Дар он беҳтарин арғунуннавозони Федератсияи Россия, Олмон, Қазоқистон, Қирғизистон ширкат варзида, тайи ду рӯз дарси маҳорат ва барномаҳои фарҳангӣ идома ёфтанд.

 Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»