Дар ҳошияи «Хотираҳо»-и Мирзо БОБОЕВ

НИШОНИ МАРДИ ҲАҚ

№68 (3548) 26.05.2016

Мирзо Бобев-2Ду сол пеш дар ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати раиси ноҳияи Восеъ Ғафурзода Мусо Зариф собиқадорони ҷангу меҳнат, ходимони фаъоли ҷамъиятӣ, шахсиятҳои маъруфи ҷумҳурӣ Мирзо Бобоеву Султон Мирзошоев меҳмони фахрӣ буданду камина ҳамсафари онҳо. Ин ташаббуси нави раиси ноҳия ҳоло ба ҳукми анъана даромадааст ва дар ҳар ҷашну маъракаҳои муҳим мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия онҳоеро, ки солҳои пеш дар рушду равнақи иқтисодию иҷтимоӣ, тарбияву камолоти фарзандони ин диёр бевосита саҳм гузошта, имрӯз аз давлати пирӣ роҳат доранд, арҷ мегузорад, насли ҷавону кадрҳои навро дар мисоли рӯзгору таҷрибаи ибратбахши чунин шахсиятҳои маъруф, садоқат ба миллату давлати соҳибистиқлол, муқаддасоти он ва дар рӯҳияву мароми созандагию бунёдкорӣ ба камол мерасонад.

Ин ду шахсияти фаррухқадаму шуҳратбаланди ҷумҳурӣ ҳам аз оғози солҳои 60-ум то нимаи аввали солҳои 70-уми асри сипарӣ (баъди шодравон Мирзоалӣ Вайсов – вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) пайи ҳам масъулияту рисолати сарварии ноҳияро ба уҳда дошта, нақши онро дар рушди иқтисодиёти кишвар хеле ва хеле назаррас гардонидаанд. Аз ҷумла, соли 1972 ғолиби мусобиқаи умумииттифоқии сотсиалистӣ гардидани ноҳия, ба унвони олӣ – Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ мушарраф гардидани Мирзо Бобоев ифтихору музаффарияти на танҳо меҳнаткашони ноҳия, балки аҳли заҳмати ҷумҳурии иттифоқӣ буд.

Истиқбол, пазироӣ ва гусели меҳмонро бисёр дидаву мушоҳида кардам, вале кам ба назар мерасид, ки занону мардони солдида ин қадар меҳмонро самимона, бо чеҳраи кушоду хандон, бо нигоҳҳои саршор аз меҳру муҳаббат, бо чашмони лабрез аз ашки шодию нишот истиқболу ба оғӯш гиранд, бибӯсанду муштоқона бибӯянд, ҳатто бар қадамҳо хам шуда, хоки пояшонро бар дидаҳо моланд. «Хоки поятро ба чашмам тӯтиё мекунам» ифодаи маҷозист, вале воқеияти онро дида, дарк намудам, ки вақте инсон аз ғояти ниҳояти шодӣ, фараҳмандию болидарӯҳӣ худро гум мекунад, забонаш лол мемонад, орои гуфтан надорад, бидуни ихтиёр чунин рафтор мекардааст…

Мардуми ноҳия он субҳи босафои рӯзи Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ аз дидори ғайриинтизори ин ду марди хирад, ин ду чеҳраи фарзонаи миллат мефахриданду меболиданд, гӯё як умр дар ҳасрати дидор буданду акнун ба орзуяшон расиданд. Ҳузури меҳмонони олиқадр — Мирзо Бобоеву Султон Мирзошоев дар он маърака мисли тӯй болои тӯй гардида, иншои ин сатрҳо дар дилам ҷо гирифт.

Воқеан, дар бораи инсоне, ки ӯро хуб медонӣ, навиштан мушкилӣ дорад, намедонӣ аз чӣ, аз куҷо, чӣ тавр оғоз бикунӣ. Қаҳрамони мо Мирзо Бобоев 5 июли соли 1926 таваллуд шуда, ба қуллаи мубораки 90 — солагии умр мерасад. Агар аз умраш ҳафт соли аввалро тарҳ кунанд (он солҳоро нағз дар хотир надорад), бемуҳобот ҳаштоду се солаш дар талоши зиндагӣ, баҳри ҳаёти осудаю босаодати хешу дигарон, ҳақиқату адолат, рушду шукуфоии дурахшони халқу кишвари азизамон сарф шудааст. Умри пур аз умеду ноумедӣ, бенавоию камбағалӣ, сарсонию дастнигарӣ, азобу машаққат. Одаме, ки дар кӯдакӣ аз гуруснагӣ ҷон додани падар, хоҳару бародарро бо чашми худ дидаю сарсону ҳайрон, нолону гирён дар нонвойхона, даруни танӯру дегдонҳои пур аз хокистар шабро рӯзу рӯзро дар кӯчаи ноумедию гумроҳӣ гузаронидааст ва қариб, ки худашро зинда ба гӯр кунанд, ин қуллаи умрро муъҷизаи илоҳӣ медонад. Нишебу фарози умр, умеду ноумедиҳои рӯзгор, пастию баландиҳои ҳаёт рӯҳу пӯсту устухонашро ба ҳама ҷабру ҷафоҳо тобовар, пуртоқату ботаҳаммул, фурӯтану хоксору хирадманду ояндабин, ифтихорманду соҳибназар ва боғуруру сарбаланд кардаанд.

- Вақте тобистони соли 1999 ба зодгоҳам – деҳаи Ғуломободи ноҳияи Муъминобод рафтам, – ба хотир меорад устод, — қабристони деҳаро низ зиёрат кардам. Мақсад ҳамин буд. Падару апа ва додараки ҷавонмаргам он ҷо ба хоби абадӣ рафтаанд. Гузаштагонамон беҳуда нагуфтаанд, ки шод ҳам бошӣ, гӯристон бирав, ғамгин ҳам бошӣ, гӯристон бирав… Ҳамон рӯзҳои наҳси аз гуруснагӣ ҷон кандану мурдани пайвандон, аз ноилоҷию бенавоӣ дар талвосаи ҷон афтодани модари бечораам пеши назар омаданд. Ният кардам, ки саргузаштамро хоса барои фарзандону набераҳоям, дӯстону наздиконам бинависам. Аввал хостам, он чӣ ки дар хотир дораму аз сар гузарондам, қисса-қисса дар лентаи магнитофон сабт намоям. Охир, нависандагӣ куҷою ман куҷо? Маъқул нашуд, қалам ба даст гирифтаму «Сатрҳо аз зиндагӣ»-ро иншо кардам…

Дар нахустмаҷмӯаи устод Бозор Собир ба ҷои сарсухан байти зерин омадааст:

Аз содагии ман нест шеъре, ки сода гуфтам,

Худро ба мактаби худ ман ёд  дода гуфтам.

«Сатрҳо аз зиндагӣ» ҳам бо як мисраи шоир: «Тоҷикистон… аз ту ман сарват намехоҳам, Ватан ҳастӣ, бас аст» оғоз меёбад, ки баёнгари мақсаду ҳадафи муаллифонанду мактабу устоди ҳар ду низ ҳаёту таҷрибаи зиндагии эшон. Муаллиф даъвои адибӣ, олимӣ, муаррихӣ ва сиёсатмадорӣ надорад: «Мақсад гузоштаам, ки ба таври мухтасар ҳам бошад, дар бораи роҳи тайнамудаи зиндагиам бе муҳобо ва бидуни дурӯғ, он чӣ ки аз сарам гузаштааст, нақл намоям», — гуфтааст ва хушбахтона, хотираҳои зиндагии пири хирад аз ҷониби хонандагон эътирофи самимона ёфт, бахусус иншои воқеии ҳаёт.

Солҳое, ки мо талабаву донишҷӯй будем, мешунидам, ки «калони ноҳия Мирзо Бобоюфай» ва зарурате ҳам пеш наомада буд, то бевосита шинос шавем. Ҳамин «Сатрҳо аз зиндагӣ» моро бо ҳам шиносонд, наздик кард ва аз мутолиаи он тавре аз «Ёддоштҳо»-и Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ ва «Субҳи ҷавонии мо»-и Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода мутаассир шуда будам, таассуфу таҳайюр маро думболагир буд. Кӯдакии пур аз ғаму ғусса, бачагии дар ҳасрати як бурда нони зағораю тактакӣ, азобу машаққати гардун, сарсонию бенавоӣ, хайрият боз зинда мондан… «Шиносномаи ним аср пеши миллат, як қисса аз силсилаи «Ҳеҷбудагон ҳар кас шуданд»- гуфтаму устод табассум карданд.

Истиқболу эътирофи самимонаи хонанда аз хотираҳои зиндагӣ устодро воқеан ҳам нависанда карданд ва шавқу завқаш афзуда, илҳомашро парвози баланд бахшиданд. Давоми даҳ соли охир китобҳои наваш — «Андешаҳо» (Размишление), «Нуқтаи назар» (Взгляд) бо забонҳои тоҷикию русӣ, «Хотираҳо» (Иловае чанд ба «Сатрҳо аз зиндагӣ») ва «Чаро камбизоатем?» тавассути кумаку дастгирии фарзандону набераҳояш чоп шуданду хонандаи закӣ аз мутолиаи онҳо ба ҷаҳони маънавӣ, хираду маърифати воло, муносибату масъулияти содиқонаи Мирзо Бобоев, котиби КМ ПК Тоҷикистон, муовини Раиси Совети вазирон – раиси Госплан, Корманди шоистаи кишоварзии Тоҷикистон ба кору зиндагӣ, мушкилиҳои рӯзгори мо жарфтар фурӯ хоҳанд рафт.

- Устод, мебахшед, дар замони шӯравӣ ҷавонони ҳушманд барои карера шуда ҳамсари рус ё русзабон мегирифтанд ё баръакс, духтарони болиғу занони муҷаррад ҷавонони лаёқатманди маҳаллиро ба доми худ меандохтанд. Албатта шумо ҳам…

- Шояд барои баъзеҳо ҳамин тавр ҳам буд, инро ман баъд фаҳмидам, вақте ки соҳиби зану фарзанд шудам. Қисмату тақдири ман тамоман дигар аст. Охири соли 1950 маро аз вазифаи инспектори Уполминзаги вилояти Кӯлоб (сохтори Вазорати маҳсулоттайёркунии СССР) озод карда, ҷонишини намояндаи вазорати мазкур дар ноҳияи Данғара таъин намуданд. Баъди аз ҷанг зинда баргаштанам модарам Гавҳарбӣ як орзу дошт: ман бояд ҳар чӣ зудтар хонадор шаваму ӯ наберадор! Вақти дар шаҳри Кӯлоб кору зиндагӣ карданамон бароям як духтари ҳамсояро интихоб карда будааст, вале духтардори беинсоф як гову панҷ бузу гӯсфанду дигар молу мавод талаб мекунад. Барои мани нав аз хизмати ҳарбӣ бо як борхалта омада, ки на сарпаноҳе доштаму на ғизои кофии хӯрданӣ, дарёфти ин фармудаҳо имконнопазир буд. Ба хотири орзую ҳаваси модари раҳматиам дари чанд дорое рафтам, мутаассифона, касе на қарз доду на кумак расонид. Камбағалу нодор дар ҳеҷ ҷо рӯи хуш надорад, ҳама шум мебинанд. Вақти кор дар ноҳияи Данғара бо Кузнетсова Валентина Александровна – мудири шуъбаи муҳосиботи Райуполминзаг меҳр баста, баъдтар издивоҷ кардем. Тӯли зиндагии сисолаамон, Худоро шукр, соҳиби панҷ фарзанд — ду духтар ва се писар – Олия, Искандар, Наташа, Рустам ва Сироҷ шудем. Тақдир ҳамин будааст, афсӯс намехӯрам.

- Дар ёддошту хотираҳо аз Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, раиси номдори ҷумҳурӣ Миралӣ Маҳмадалиев аз ҳама зиёд ба некӣ ёд кардаед.

- Воқеан ҳам эшон аз ҳама ҷиҳат намунаи ибрат буданд. Чанд сол пеш, вақти дар ҳаёт буданашон аз Абдуҷаббор Зардиев, роҳбари хоҷагии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб, ки таҷрибаи истеҳсолию сарвариро бори аввал аз эшон андӯхтааст, шунида будам: «Бобои Раис аслан понздаҳ –бист соли охир раисӣ кардааст». Мақсади ӯро нафаҳмида, гуфтам, ки «Бобои Раис аз ним аср зиёд раисӣ кардааст».

- Ту маро нафаҳмидӣ? – гуфт Зардиев – ман истеҳсолоту иҷрои барзиёди нақшаро дар назар надорам.

- Ба гуфтаҳои ӯ, баъд сарфаҳм рафтам ва барои сабақи имрӯзу ояндаи роҳбарон гардидан мехоҳам як мисол биорам. Соли 1958, моҳи сентябр барои фарзандони деҳқонони хоҷагиҳои ба номи Ленину «Коммунизм»-и ноҳияи Восеъ як хурсандию хушбахтии беинтиҳое рӯй дода буд. Дар ин хоҷагиҳои он вақт овозадор, ки сарваронашон Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ Миралӣ Маҳмадалиев ва Бобошо Шарифов буданд, дар як вақт ду бинои мактаб-интернати замонавии дуошёна сохта, ба истифода медиҳанд. Одамони деҳотӣ он солҳо биноҳои ду –сеошёнаро бори аввал чун муъҷиза медиданду ангушти ҳайрат мегазиданд. Ин ду муассисаи таълимии ҳаётан муҳим яке дар деҳаи Арал, дигаре дар деҳаи Кадучӣ ҳанӯз ҳам дар хизмати халқанд ва тӯли қариб шаст сол чандин ҳазор ятимону бепарасторонро таълиму тарбия намуда, ба камол расонидаанд. Он хоҷагиҳо имрӯз вуҷуд надоранд, он ду раиси қаҳрамон ҳам дар қайди ҳаёт нестанд, вале мардум то ба имрӯз он ду муассисаи таълимиро «мерос аз Миралию Бобошо» медонанду ба рӯҳи покашон дуои нек мекунанд. Дар маҷлису ҷамъомадҳо, воситаҳои ахбори омма ҳам хизмати онҳоро ёдовар мешаванду арҷ мегузоранд.

Аз нигоҳи ман ҳам онҳо ба ин қадрдонӣ меарзанд, лекин агар шодравон Мирзоалӣ Вайсов (солҳои 1956 — 1960 котиби якуми кумитаи ҳизби коммунисти ноҳия буд) зарурати ин ду  муассисаи таълимиро дарк намекард, сохтмони онҳоро дар нақшаи давлатӣ надароварда, фонди масолеҳи сохтмониро дарёфт наменамуд ва… ниҳоят маҷбур  намекард, ки  хоҷагиҳо ин ду иншоотро аз давлат харида, ба тавозуни худ гиранд, имрӯз дар бораи онҳо умуман  сухан  намерафт. Ин ҳақиқати ҳолро аз  Фақер Умаров- мудири шуъбаи маорифи вақти ноҳия ва Абдӣ Авазов – директори  ҳамонвақтаи мактаб- интернати Арал (рӯҳу равонашон шод бод) шунида будам. Вайсов бо хиради  азалиаш дурандеш буд, ғами ояндаи мардумро  мехӯрд, ки имрӯз дар шаҳрак ба номаш кӯча, дар ноҳия ба номаш ҷамоати деҳотро  гузоштаанд ва арзандаи чунин  посдорист.

- Зимни ин  гуфтаҳо фаҳмидан  мехоҳам, ки шумо ҳам дар ноҳияи Восеъ аввал раиси комиҷроия ва қариб даҳ сол  котиби якуми Кумитаи ҳизби коммунист будед. Дар баробари рушди  кишоварзӣ ва иқтисодиёт, аз он давра чӣ нақшу меросе мондааст?

- Шояд  гуфтаҳои шумо дуруст бошанд, вақте масъулияти роҳбарии ноҳия ба зиммаи ману Султон Мирзошоев афтид, мактаб — интернатҳои гуфтагиатон фаъолият мекарданд. Он солҳо роҳбарони хоҷагиҳо ба бунёди иншооти истеҳсолӣ таваҷҷуҳ доштанду манфиатдор буданд, иншооти фарҳангӣ — иҷтимоӣ, ғайриистеҳсолиро асосан давлат месохт. Баъзан  мешуд, ки барои иҷрои дурнамои давлатӣ яке ба ҷои дигаре  месохту ба тавозуни ҷониби  манфиатдор — истифодабаранда месупорид. Нақшаи сохтмон барои колхозҳо нишондиҳандаи асосӣ набуд, бинобар ин роҳбарони онҳо ба рушди кишоварзӣ, чорводорӣ, кирмакпарварӣ ва заминсозию заминкушоӣ эътибори махсус медоданд. Дигар ин ки мафкураи насли ҳар давру замон ҳадду ҳудуди худро дорад. Пеш аз ҷангу (ҶБВ) баъди он хоҷагиҳои деҳотро одамоне сарварӣ мекарданд, ки ҳатто хату савод надоштанд. Баъди ҷанг маъракаи муттаҳидшавии хоҷагиҳои хурд — хурд ва дар заминаи 5 — 10 — тои он ташкил намудани як хоҷагии калон давом кард. Раиси хоҷагии нав онҳоеро интихоб  мекарданд, ки нисбати роҳбарони дигар хоҷагиҳо кордону ташкилотчӣ буданд. Миралию Бобошо ҳам аз ҷумлаи ҳамин хел раисон буданд.

Дар бораи он ки чӣ нақшу меросе дар ноҳия гузоштаам, кам дар хотирам мондааст, зеро аз он вақт 40- 50 сол сипарӣ шуд. Ҳаминро гуфтаниам, ки як умр худро  аз мардуми  ноҳияи Восеъ қарздор медонам.  Обу замини он моро хӯронду пӯшонд, мардумаш тарбият кард, ба камол расонд, болу пар  бахшида, ба шоҳроҳи бузурги ҳаёту мубориза ҳидоят намуд. Ҳамин мардум, ҳамин диёр моро қаҳрамон кард. Намедонистам, дар Москва, дар Анҷумани XXIV КПСС ҳамчун вакил иштирок доштам, ки ба ман – котиби якуми кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Восеъ унвони олӣ — Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ доданд. Аз Миралӣ Маҳмадалиев, Олмурод Қараев, Одина Остонаев, Абдӣ Авазов, Раҷаб Мирзошоев, Лашкарӣ Боронов, Пӯлод Раҳматов, Самад Абдуқаюмов (рӯҳашон шод бод), Ҳабибулло Табаров, Неъматулло Ҳикматуллоев, Партов Ҳабибов ва дигар  ҳамкорону ҳамсафонам миннатдору сипосгузорам. Онҳо дар иҷрои кору вазифа, меҳнати  ҳалолу содиқона ба нафъи ҷамъият фидоӣ буданд, масъулияти баланд ҳис мекарданд.

Ҳар гоҳе ба ноҳия равам, мебинам, ки беморхонаи  сеошёнаи марказӣ, поликлиника (собиқ бинои кумитаи ҳизбӣ), корхонаҳои нону  пивабарорӣ дар шаҳраки Восеъ, мактаби миёнаи  дуошёна дар деҳоти ба номи Худоёр Раҷабов, осоишгоҳи табобатию фароғатӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи  Миралӣ Маҳмадалиев ва ба инҳо монанд дигар иншооти иҷтимоию истеҳсолӣ ҳанӯз ҳам дар истифодаи умуманд, дилам об мехӯрад, таскин меёбад ва ба худ мегӯям, ки умрам ин ҷо зоеъ нарафтааст.

Дар бораи  канали ирригатсионӣ, ки аз обанбори Чӯбек болои дарёи Сурхоб оби дарёи Панҷро ба деҳаи  Қурбоншаҳиду заминҳои Гулистону Олимтой мебарорад, мехоҳам каме  равшанӣ андозам. Ноҳияи Восеъ дар иҳотаи ду дарё  — Ёхсу ва Сурхоб бошад ҳам, обёрии заминҳо мушкилоти  рақами як буд. Дар мавсими обёрӣ байни хоҷагиҳо мудом  низову кашмакаш рух медод. Фаъолони хоҷагиҳо, чун  миробҳо, шабҳоро дар макони тақсимшавии оби дарёву обанборҳо рӯз мекарданд, ҳолатҳое мешуд, ки  даст ба гиребону занозанӣ мекарданд баъзеҳо ба беморхона, баъзеҳо ба милисахона меафтиданд. Андешаи аз сарбанди Чӯбек (ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) то ноҳияи Восеъ сохтани канали об маро ором намегузошт. Солҳои панҷоҳуми асри гузашта аз ин обанбор як каналча об меомад ва заминҳои деҳоти Қурбоншаҳиду Гулистони хоҷагии ба номи  Ленин обёрӣ мешуданд, вале об ниҳоят кам буд. Заминҳои қисмати болои хоҷагӣ аз обанбори Селбур ва дарёи Сурхоб то андозае обёрӣ мешуд. Агар сол камбориш меомад, обанбор беоб мемонд. Дарёҳои Ёхсуву Сурхоб бошанд, то ноҳияи мо наомада хушк мешуданд. Мавридашро ёфта, масъалаи сохтмони канали навро ба Ҷаббор Расулов гуфтам. Таваҷҷуҳ карданду «Рафта дар ҷояш мебинему ба як хулоса  меоем, Мирзо Бобоевич», — гуфтанд.  Дилам пур шуд ва бовар кардам, ки мушкилот ҳалли худро меёбад. Ҳамин тавр, бо Ҷаббор Расулов аз сарбанди Чӯбек  пиёдаву савора то таги кӯҳи намаки Хоҷамуъмин ва деҳаи Қурбоншаҳид омадем. Бо маслиҳати ӯ ва хулосаи мутахассисон тарҳи канал пурра аз нав кашида шуд, сохтмонаш зуд ба анҷом расид. Мақсад буд обанбори  Селбурро, ки обаш захираи борон буд, аз ҳамин канал пур карда, 500 гектар замини  Олимтойро ҳам обёрӣ кунем. Мутаассифона, ин  ният амалӣ нашуда бошад ҳам, мушкилоти  камобӣ, дурусттараш беобӣ, ҳалли худро ёфт. Ҳар гоҳе аз болои ҳамин  канал гузашта, вориди Қурбоншаҳид мешавам, ҳамон солҳо  пеши назар меоянд.

Ман аз ҳидояту дастгирии Абдулаҳад Қаҳҳоров — Раиси Совети вазирони вақти Тоҷикистон, ниҳоят миннатдорам. Бо дахолату сарпарастии эшон маро ба курси шашмоҳаи олии иқтисодии шаҳри Москва фиристоданд. Ба ин курс танҳо маълумоти  олидор роҳ меёфт. Он вақт ман  намояндаи ваколатдори уполминзак дар ноҳияи Совет (Темурмалики ҳозира) будам, маълумоти миёнаро дар мактаби  шабона гирифтаам. Лекин рӯзгори сангин, ҳаёти пур аз азобу машаққат, нимсерию нимбараҳнагӣ, панҷуним соли ҷангу  зимистонҳои қаҳратуни Шарқи Дур, борҳо ба  аҷалу марг рӯбарӯшуданҳо сабақи хуби  зиндагиам дода буданд ва шунавандаи курси олии иқтисодӣ шудан як гардиши куллие дар ҳаёту фаъолияти ояндаам гашт. Ба ёдам омад, вақти дар курс хонданам академик Струмиллин нақл карда буд, ки пеш аз ҷанг Сталин қонуни «Банақшагирӣ ва рушди мутаносиб»- ро қабул кард. Ин санад бо номи  «Қонуни Сталинӣ» машҳур буд. Бо роҳнамоии академик  Струмиллин як гурӯҳ олимони  иқтисоддону ҷомеашинос ба қабули Сталин даромада мегӯянд, ки ин қонун ҳатто барои мо нофаҳмо ҳаст. Сталин ба рӯи ҳар кадоме бо навбат зеҳн монда, оромона мегӯяд: «Шумо коратонро давом диҳед, ин қонун ба ҳеҷ  кадоматон халал намерасонад, дар як кунҷи торики хона истода, ноаён назорат мекунад. Вақте аз нақша берун баромадед, рушди  мутаносибро ба инобат нагирифтед, ба сари шумо ногаҳон мушт мезанад».

Ба андешаи ман, чунин қонуну тартибот дар вуҷуди инсон, ҷомеа ва табиат ҳам амал мекунад. Ба хулосае омадаам, ки ҳар шикасту рехти зиндагӣ, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, дигар нобасомониҳое, ки мо дучор шудему мешавем, «мушти ногаҳонӣ»-и ҳамон қонун аст, ки ба сари мо омадааст. Бинобар ин, роҳбар дар кадом зинаю мартабае бошад, бояд дурбину дурандеш ва оқилу хирадманд бошад, ҷонибро ба назар гирад.

- Агар умри пурмашаққату бобаракати шуморо ба 2 тақсим кунем, нисфи  дуюми кору фаъолиятатон ба марказ – пойтахти азизамон Душанбе рост меояд.  Дар мавқеву мартабаи баланд – котиби КМ ПК  Тоҷикистон, муовини Раиси Совети вазирон-раиси Госплан ва ниҳоят, раиси Шӯрои ҶСК «Агроинвестбонк» дар муҳити дигар, бо чеҳраву шахсиятҳои маъруф ҳамкорию фаъолият доштед. Дар китобҳоятон хотираҳои ҷолиб, лаҳзаҳои гуворову ногувори ҳаёту зиндагиро баён кардаед. Аз роҳбарони вақти ҷумҳурӣ мисли шумо ман намедонам роҳбареро, ки ба ҳама соҳаҳои илму ҳаёт, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу маърифат, забону адабиёти миллӣ ин қадар таваҷҷуҳ дошта, нуқтаи назари хешро дилсӯзона, воқеъбинона баён карда бошад. Баъди нашри китобҳо боз гуфтание дар хотираву андешаҳои шумо падид омад?

- Воқеан, дар пирӣ афсӯси ҷавониро мехӯрдаию ба қадри умри кӯтоҳ баъд сарфаҳм мерафтаӣ. Инро ба он хотир мегӯям, ки ҷавонон-фарзандони мо ба қадри ҳар лаҳзаи умри хеш расанд, онро сарфи кору амалҳои беҳуда накунанд. Мутаассифона, чунин муносибату бепарвоиҳо нисбати вақти умри равон имрӯз  хоси ҷавонони деҳотанд, ки аксариятро ташкил медиҳанд.

Ман таъкиду ҳушдорҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳаматарафа таҳлилу дарк менамоям, хулоса мебарорам, ки чаро роҳбари давлатамон имрӯз бештар аз ҳифзи истиқлолият, арзишҳои миллӣ, сулҳу ваҳдат, худшиносию худогоҳӣ, зиракию ҳушёрии сиёсӣ, эҳтирому садоқат ба фарҳангу забон ва миллату ватани азизамон ҳарф мезанад? Охир, ҳамаи ин ба қимати ҷону хун ба даст омадааст. Агар ҷавонони бохираду донишманди мо ин рисолати таърихӣ, ин қарзи фарзандиро бо масъулияти ватандорӣ ба дӯш гирифта тавонанд, Худо хоҳад, кишвари азизамон қомат рост карда, мутаносибан рушд менамояд. Дигар он рӯзҳои сангину ҳалокатоваре, ки давлату миллати тоҷиконро ба вартаи марг оварда буданд, намеоянд.

Зимнан ба ин гуфтаҳо мехоҳам бори дигар фикру зикри ҷавононро ба рӯйдодҳои ғайричашмдошти солҳои навадуми асри гузашта, ки ба оғози соҳибистиқлолӣ рост омада, аксарият шоҳиди зинда буданд, нигаронам. Дар ин бора бисёр гуфтаанду навиштаанд, шояд оянда ҳам гӯянду нависанд, гунаҳгорони нав ёбанду маҳкум намоянд. Ман ҳам, ки он солҳо дар дастгоҳи марказии Ҳукумат кор мекардаму рӯйдоду ҳодисаҳои ҳаррӯзаро бо чашму ақли худ медидам ва дарк мекардам, хулосаю назари худро дорам: ягон ҷониб, ягон ҳизбу созмон ва ягон шахсро гунаҳгор намедонам. Сабабгори ҳамааш ҳукумати фалаҷшуда бе сарвари ҳақиқию ноуҳдабаромонда буд. Дар таърих як истилоҳ аст: вазъияти инқилобӣ. Яъне, мардум ба таври пешина кору зиндагӣ карда намехоҳад, ҳукумат бошад, ба тарзу шеваи нав роҳбарӣ кардан наметавонад. Тазодро бинед, ки як ҷониб намехоҳад, дигар ҷониб наметавонад. Он вақт айнан чунин вазъият ба сари халқу давлати мо омад. Афсӯс, аз роҳбарони вақти ҷумҳурӣ нафаре, ягон худогоҳу бохираде ҷуръат накард ё нахост, ки ба майдон баромада, бо 15-20  ё 30 нафар  намояндаи бесилоҳи мардум рӯ ба рӯ гап занад, онҳоро гӯш кунад, чора андешад ва алангаи оташу тӯфонро хомӯш кунад, то баъдтар бадхоҳону душманони давлат дар дохилу беруни кишвар нақшаву ниятҳои ғаразнокашонро роҳандозӣ  накунанд. Баъд чӣ шуд, ҳама медонад. Ғайбат, туҳмат, ғараз, гила ва бадгӯӣ нисбати дигарон умуман дар вуҷуди ман набуд  ва нест, лекин баёни ҳақиқатро зарур, тақозои виҷдонам медонам, то наслҳои имрӯзу фардо аз гузаштаи таърих сабақ гиранд, дигар ба доми ҳуққабозону дасисакорон наафтанд. Рости гап, ҷумҳурии мо, миллати заҳматпешаи мо баъди гузашти Ҷаббор Расулов тӯли зиёда аз даҳ соли баъд  сарвари хирадманду ҷасури аз тарафи умум баробар эътирофгардида наёфт. Ӯ хирадманд, ҳақиқатпазир, ботамкину таҳаммул, покизасиришт, дар маҷмӯъ дорои ҳама хислату амалҳои неки инсонӣ буд. Новобаста ба вазифаю мартабаи шахс, муносибату муоширати якхела дошт ба ҳама. Маишат, кайфу сафо, меҳмоннавозию исрофкориро  дар ҳама ҷо бад медид ва  барои ҳамин баъзе атрофиёнаш ӯро ҳам бад медиданд. Ҳангоми санҷишу сафарҳои корӣ дар вилояту минтақаҳо масъулиятро ба худ мегирифт, дар фурудгоҳ расидан замон ситод мегузаронду мақсаду вазифаҳоро ҷиддӣ матраҳ, муҳлати натиҷагириро муайян мекарду соатҳои даҳи шаб фаъолонро ҷавоб медод.

Чунин тарзи кору хислатҳои наҷибаш ба онҳое, ки ҳар чӣ зудтар ба курсиаш нишастан мехостанду кайфу сафо кардан писанд набуд. Барои расидан ба мақсад рӯз мешумориданду пайт меҷустанд.

Дар қабули қарор, додани ҷазо ё озод кардан аз вазифа ниҳоят дақиқназарона ва эҳтиёткорона муносибат мекард, заррае гумону шубҳа ё саволе ба миён меомад, то аниқ кардан муҳокимаи масъалаҳоро мавқуф мегузошт. Вале аз ҳақиқат, аз воқеият чашм намепӯшид. Инро ман ҳангоми қабули қарорҳои бюрои КМ ПК Тоҷикистон дар бораи додани ҷазо ба Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода ва Шоири халқии Тоҷикистон Ғаффор Мирзо ҳис карда будам. Дилаш намехост, вале илоҷ надошт.

Соли 1981 Ҷаббор Расулов ба унвони олӣ — Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ мушарраф гардид. Хуб мешуд, агар ин унвонро ба унвони олӣ — Қаҳрамони Тоҷикистон баробар мекарданд. Барои чӯпон, говдӯш, деҳқон, бригадир ё сарвари хоҷагӣ он замон қаҳрамон шудан осонтар, вале барои роҳбари аввали ҷумҳурӣ ниҳоят мушкил буд. Натиҷаҳои панҷ солро дар ҳама соҳа ҷамъбаст намуда, баъд мукофот медоданд. Вақте коллективона табрикаш кардем, изҳор намуд, ки ин мукофоти қаҳрамонии халқи Тоҷикистон аст ва ба ман нигариста чунин шӯхӣ ҳам кард: «Ин мукофотро ба Мирзо Бобоевич доданӣ буданд, вале фаҳмиданд, ки ӯ қаҳрамон ҳаст, ба ман супориданд».

Ҳозирин фаҳмиданд барои чӣ ин тавр гуфт. Ман котиби КМ ПК Тоҷикистон, мутасаддии соҳаи кишоварзӣ будам. Назар ба панҷсолаи гузашта нишондиҳандаҳо 4-5 баробар, суръати афзоиш 8 дарсадро ташкил мекард. Бори аввал зиёда аз як миллион тонна пахта рӯёнида шуд, боз беш аз 100 ҳазор тоннаи дигар дар саҳро ночида монд. Обрӯи Тоҷикистон дар байни ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва мақому эътибори Ҷаббор Расулов хеле баланд шуд. Ҳамаи ин зарбае буд алайҳи бадбинонаш.

Моҳи январи соли 1982 Ҷаббор Расулов аз Москва омаду маро наздаш хонд. Хастадил, маҳзуну хотирпарешон менамуд. Баъди салому алейк рӯ ба рӯяш нишастаму аз рӯи одат дафтару қалам ба даст интизори супориш шудам. Вале ӯ хомӯш буду нигоҳашро аз рӯям намегирифт. «Чӣ гап бошад?», — аз дил гузарондам.

- Хостам ба нафақа раваму давоми умрамро осуда гузаронам, вале Марказ розӣ нашуд. Шумо чӣ мегӯед, Мирзо Бобоевич, – оҳиставу оромона дилашро кафонд.

- Не, Ҷаббор Расулович, ҳоло кор мекунем, рафтан лозим шавад, якҷоя меравем, — гуфтам ва чанд роҳбари аввали ҷумҳуриҳои иттифоқиро, ки дар синну сол аз ӯ калон буданду кор мекарданд, мисол овардам.

- Охир, ҳавасмандони ин курсӣ ду даст ба пояҳои он бурда, бетоқатӣ доранд, мехоҳам дер интизор нашаванд, — гуфт.

Ман ҳам ба андеша рафтам, дигар чӣ гуфтанамро надонистам…

2-3 апрел дар Хонаи маорифи сиёсӣ (Кохи «Ваҳдат») анҷумани Иттифоқи ҷавонони ҷумҳурӣ баргузор гардид. Вакилони он иштироки фаъолона ва табрикоту суханронии Ҷаббор Расуловро сидқану самимона бо кафкӯбиҳои гарму бардавом истиқбол гирифтанд. Аз ин пазироии гарму самимӣ чеҳрааш хандон, хотираш болидаю осуда ва лабонаш моил ба хандаву табассум буд. Рости гап, чунин ҳолатро дар ӯ бори аввал медидам. Баъди пӯшидани кори анҷуман аъзои бюрои КМ ПК Тоҷикистон ва меҳмононро барои хӯроки нисфирӯзӣ ба ошхона даъват карданд.

Аз ҳама охир Ҷаббор Расулов вориди ошхона шуду ба мизу курсии дар бари болобуда рафта нишаст, ки ин барои мо ғайричашмдошт буд. Ба эҳтиромаш ҳама аз ҷой хестанд ва бо ишораи миннатдоронааш боз нишастанд. Пешхизмат зуд як коса хӯрок оварда, нав қошуқ ба даст гирифта буд, ки Раҳмон Набиев, Раиси Совети вазирон наздаш рафта ба гӯшаш чизе гуфт. Аз он чеҳраи кушода, аз он рӯҳу хотири болида ва аз он лабони моил ба табассуму ханда дигар нишоне намонда, якуякбора маъюс, ғамгину ошуфта гардид, қошуқи дасташро ба коса монду аз ҷой хест… Сактаи дил корашро кард, шаби 4 апрел дилаш аз задан монду чашм аз олам пӯшид.

Баъд, давоми даҳ соли охир ба сари миллати мо чиҳо омаду ҳоламон чӣ шуд, ҳама медонад. Уф…

- Устод, ба гумонам, хаста шудед.

- Дуруст фаҳмидӣ, Каримҷон, биё суҳбатро мавқуф мегузорем. Дар пеш Рӯзи Ғалаба, 9 май, баъд идома медиҳем.

Розӣ шудам, субҳи рӯзи 10 май ба хонаи устод занг задам. Гӯшаки телефонро набераашон Мурод бардошт.

- Устод чӣ ҳол доранд? – пурсон шудам.

- Бобоям дирӯз бегоҳӣ бандагӣ карданд, имрӯз дар Масҷиди марказӣ ҷанозаашон…

- …

Нишони марди ҳақ дигар чӣ гӯям?

Чу марг омад, табассум дар лаби ӯст.

Карим ДАВЛАТ,

нависанда