«Нури маърифат» идома дорад

№109 (3589) 20.08.2016

Аксияи умумивилоятии «Нури маърифат», ки бо ташаббус ва дастгирии вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва Кумитаи  иҷроияи суғдии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба хотири дастгирии оилаҳои камбизоат ва муҳайё кардани шароити таҳсил ба фарзандони онҳо ташкил шудааст, идома дорад.

Тавре мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом Парвина Абдуллоева хабар дод, тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом 16-уми август вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Рауфҷон Бобоҷонов,  раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и КИВ ҲХДТ Абдунабӣ Сангинов, намояндаи КИ ҲХДТ-и шаҳр Фирӯз Ҳоҷиев ба як идда мактабиён лавозимоти хониш ва либосҳои мактабӣ туҳфа намуда, бо шароити зисташон шинос шуданд.

 Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»