Ба ифтихори 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ

Олиме, ки Ҷомишиносиро ба самти муҳим ва пурсамари адабиётшиносӣ табдил дод

№111 (3257) 25.09.2014

«Ҷомишиносӣ дар Тоҷикистон низ дар тӯли солҳои зиёд ба яке аз самтҳои муҳим ва пурсамари адабиётшиносӣ табдил гардида, дар ин замина асарҳои пурқимати илмӣ, ба мисли таҳқиқоти пурмуҳтавои донишмандони шодравон Аълохон Афсаҳзод ва Мӯсо Раҷабов офарида шуданд, ки имрӯз аз ҷониби олимони муътабари ҷаҳон эътироф гардидаанд».

(Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни кишвар, 20 марти соли 2014)

чоми 1Бидуни муболиға ва муҳобот Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ (1414-1492), ки солгарди зодрӯзи шарифаш савумин бор дар Тоҷикистони азизамон истиқбол мешавад, аз нуронитарин ахтарони осмони фарҳангу адаби форсии тоҷикӣ буда, сифату хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, навиштаҳои писандидаи илмию адабию ирфонӣ, ғояҳои баланду бегазанди умумибашарӣ ва ҳунару истеъдоди бемонанди сухангустарӣ эшонро ҳабибу азизи тамоми давру замонҳо ва мулку маконҳо гардонидаанд.

Беҳуда нест, ки ҳанӯз дар овони барҳаёт буданаш Мавлавиро ҳамзамононаш «дарёи нур» ва «Устоди суханварони номӣ– Ҷодусухани замона Ҷомӣ» номиданд.

Бино бар шаҳодати шогирди вафодору муриди сазоворашон Мир Алишери Навоӣ: «Ҷомӣ дар ҳамаи улуму фунун ба мақоме расидааст, ки барои посухгӯйӣ ба мушкилоти илмиву адабиву динӣ ниёзе ба муроҷиъа ба кутубу маъохиз надорад».

Ба гуфтаи Камолиддини Биноӣ(1453-1512):

Ҷомӣ – он Офтоби нуронӣ,

Он мунаввар ба нури субҳонӣ!

Буд аз чил зиёд таснифаш,

Рӯ дар иъҷоз кард таълифаш!

Дарвоқеъ, ин суварнигори муъҷизакор, мутафаккири мутабаҳҳир ва суханшиноси беқиёс ба шарофати андешаҳои бикру воло, неруи халлоқонаи сухан, дониши фароху доманадор ва заковату фазилати олӣ дар радифи суханварони бузург ва донишмандони сутурги миллатамон қарор гирифтааст.

Агар бигӯем, ки Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар радифи Рӯдакиву Фирдавсӣ, Хайёму Румӣ, Ҳофизу Саъдӣ, Камолу Бедил, Сайидову Сойиб, Туғралу Шоҳин … аз дӯстдоштатарин суханварони мардуми тоҷик асту шеъри ширадораш коми чандин наслашонро бардоштаасту қоматашонро шах кардааст, иғрозу иғроқе нахоҳад рафт.

Дар  ҳамин замина, дар идомату густараи фарҳангу адабиёти ғановатмандамон «ӯро дар Шарқу Ғарб баъзеҳо «хотиматушшуъаро», ҷамъе дар назм, баъди Фирдавсию Анварию Саъдӣ, «пайғамбари чаҳорум» ва гурӯҳе ҷамъбасткунандаи тамоми муваффақиятҳои даврони классикии адабиёти форсу тоҷик  (асрҳои IX–XV) медонанд. Таърихи адабиёт, афкори иҷтимоиву сиёсӣ, фалсафаву ахлоқ, тасаввуфу ирфон ва умуман симои маънавии халқи моро бидуни шахсият ва эҷодиёти ин чеҳраи бузурги эҷодӣ наметавон тасаввур кард.

Гуфтори ӯро одамони синну соли гуногун, ақоиду мафкураҳои мухталиф ва вазъияту кайфияти мутақобил, сарфи назар аз шуғлу пеша ва омолу андешаи хеш, чун далелу бурҳон барои қабулу рад, тақвияту тазъиф ва панду андарзи мусоҳиб ба сифати ҳикмати рӯзгорон ба кор мебаранд. Дар ҳар маврид, барои ошиқони шайдо, барои дилбарони раъно, барои пирони рӯзгордидаи доно ва барои ҷавонони ҷӯё, аз қулзуми гуфтори ин адиби рӯйиҷаҳонӣ суханҳои мувофиқе ёфт мешаванд. Мардуми суханшинос каломи худро бо зубдаи гуфта ва дурдонаҳои суфтаи Ҷомӣ зебу оро медиҳанд. Одамони ғамзада, дар ғурбат афтода ва  хастахотир дар паноҳи андешаҳои ӯ андӯҳу маломат ва ранҷу озурдагии табъи хешро сабук мегардонанд. Ҳофизону ромишгарон бо сурудани ғазалҳои диловез ва таронаҳои тарабангези вай ба дилҳо сурур мебахшанд. Муҳаққиқону пажӯҳишгарон дар пайи кашфи асрори ниҳонӣ ва маъниҳои таҳтонии каломи муъҷизасони Ҷомӣ ҳастанд.Тарҷумонҳо дар кӯшиши онанд, ки аз ин ганҷи маънавӣ барои ҳамзабонони худ ҳар чӣ бештар дурдонае бардоранд ва дар шаклу сурате гуворо ба забони худ бигардонанд. Ин аҳвол беш аз ним ҳазор сол боз идома дорад ва торафт густариш меёбад» (Аълохон Афсаҳзод).

Бештар аз панҷуним аср аст, ки саҳнаҳои ҷолиби рӯзгору саҳфаҳои рангини осори нобиғаи ҳаравӣ дар маърази омӯзишу пайравии пиру ҷавон ва маҳзари пажӯҳишу баррасии донишмандони варзидаи ҷаҳон қарор доранд, ки дар ин росто Ҷомишиносони тоҷик гӯйи сабқат аз ҳамгинонашон рабуда, дар ин ҷода ақдоми самарфарҷоме барниҳодаанд.

Беҳуда нест, ки Сарвари давлату миллатамон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти навбатии наврӯзӣ бо зиёиёни кишвар (20 марти соли 2014) дар заминаи Соли бузургдошти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ эълом доштани соли ҷорӣ ва тафсиру тавсифи доманадори мақоми беназири адабиву фарҳангӣ ва илмиву ирфонии ин шахсияти бузурги таърихӣ, бо қаноатмандӣ ва тафохури тамом чунин иброз доштанд: «Ҷомишиносӣ дар Тоҷикистон низ дар тӯли солҳои зиёд ба яке аз самтҳои муҳим ва пурсамари адабиётшиносӣ табдил гардида, дар ин замина асарҳои пурқимати илмӣ, ба мисли таҳқиқоти пурмуҳтавои донишмандони шодравон Аълохон Афсаҳзод ва Мӯсо Раҷабов офарида шуданд, ки имрӯз аз ҷониби олимони муътабари ҷаҳон эътироф гардидаанд».

Дар ҳақиқат, донишмандони сершумори даврони шӯравии тоҷик анъанаву суннатҳои гаронмояи илмиву адабии гузаштагонамонро шарафмандона ва таҳаммулкорона давому ривоҷи дигаре бахшида, дар тамоми соҳаҳои илму фанни замона, махсусан, адабиёту фалсафа, нақши носутурданӣ гузоштаанд, ки Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор Аълохон Афсаҳзод (1935-1999), бешубҳа, дар ибтидои ҳамин силсила қарор дорад.

Мактаби қавибунёди илмиву адабии бинобинҳодаи Аълохон Афсаҳзод, ки муҳаққиқину мунаққидини варзидаи ватаниву хориҷӣ ба иттифоқи оро «донишманди соҳибмактаб»- аш номидаанд, аз як ҷиҳат, ҷаҳони маънавию рӯҳонии муштариёнашро равшан дорад, мероси бешумору гаронмиқдори илмиву адабиаш, олами махсуси моддии мустафидонашро ғанитар мегардонад.

Агар раванди эҷодиёти илмиву адабии Аълохон Афсаҳзодро, ки ҷиддан аз авоили солҳои шастуми асри бистум ибтидо гирифтаву қариби чиҳил сол идома ёфтааст, муҳаққиқонаву мудаққиқона пеши   назар  оварем,  аёну баёнамон   хоҳад  гардид, ки ҳамвора дар куллияи бахшу соҳаҳои ройиҷи назариву амалии адабиёту  фарҳангу маънавиёти миллатамон хомафарсойӣ   намуда,  ҳамеша  ба  ин маъсарату машғулияташ содиқ  мондааст.

Аълохон Афсаҳзод андар соҳаву шохаҳои гуногуни адабу ҳунари гузаштаву ҳозираи ватаниву хориҷӣ рисолаву мақолаҳои зиёде иншо карда бошад ҳам, дар маҳофили илмиву адабӣ ба сифати як нафар матншиноси беназир ва Ҷомишиноси оламгир шинохта шудааст.

Ба ҳукми тақдир, ин ҷавонмарди тарбиятдида ва донишандӯхта, ки дар муҳити созгори илму адаби ориёиву исломӣ ба воя расидааст, аз хурдсолӣ, тақрибан, аз даҳсолагӣ, бо ному каломи муътабари Абдураҳмони Ҷомӣ шиносоӣ пайдо карда, ба таъбиру таъйиди худаш: «тамоми умрашро бо Ҷомӣ гузарондааст».

«Дар хонадони мо,–ба хотиру таъкид овардааст ӯ,  мақбулияту маҳбубияти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ суннате қадимӣ ва ойине муқаддас буда, яқинан, ба тарзи мерос аз насле ба насле гузаштааст. Ба ин маънӣ, ман аз рӯзе, ки худро мешиносам, бо номи Мавлавӣ Ҷомӣ ва каломи сеҳрбаёни ин марди бузурги адабу ирфон  ошноӣ дорам, доир ба зиндагӣ ва хислатҳои наҷиб, табиати шӯх ва ҳозирҷавобии ӯ нақлу ривоятҳо шунидаам».

Баъди хатми собиқ Универститети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин ва корманди илмии Пажӯҳишгоҳи шуҳратманди ховаршиносии фарҳангистони ҷумҳурӣ шудан дасти муроди ҷавони кӯшову ҷӯё ба домани мақсуд дарпайваст. Солҳои   1961— 1963,  дар   Тоҷикистони Шӯравӣ барои таҷлили   ҷашни  550-солагии зодрӯзи Мавлоно  Абдураҳмони   Ҷомӣ  омодагӣ ҷараён дошта, масъулини тадорукоти ҷашн дар радифи иддае аз донишмандони пажӯҳишгоҳ,  ӯро ҳам муваззафи таҳияи матни осори Ҷомӣ барои мунтахаби идона намуданд. Олими ҷавон ҳамроҳи устодаш Баҳром Сирус ( 1885–1981) матни илмӣ—оммавии ҷилди якум   («Ғазалиёт»)-и   «Осори   мунтахаб»- и панҷҷилдаи адиб, мустақилона матни «Лайливу Маҷнун» ва бо ҳамдастии Абӯбакр Зуҳуриддинов (ёдаш ба хайр!) «Хирадномаи Искандарӣ»-ро барои нашр (дар ҷилди панҷум) омода сохт, ки соли 1964 интишор ёфтанд.

«Ниҳоят, — менависад Аълохон Афсаҳзод, — рӯзҳои ҷашну тантанаи 550-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ, ки ташаббускори он Мирзо Турсунзода ва Муҳаммад Осимӣ буданд, фаро расид. Аз тамоми ҷумҳуриҳои шӯравӣ, олимону донишмандон, шоирону нависандагон ва ҳунаршиносон ба Душанбе ташриф оварданд. 17-уми ноябри соли 1964 Кинотеатри муҳташами ба номи Ҷомӣ ба кор даромад. Анҷуманро Абдулаҳад Қаҳҳоров боз карданд. Адибони муътабари ҷумҳуриҳои Исломии Эрону Афғонистон – Бадеъуззамони Фурӯзонфар, Саид Нафисӣ, Халилуллоҳи Халилӣ, Абдулҳай Ҳабибӣ, Сарвари Гӯё, дар баробари бузургони миллати тоҷик ва дӯстони шӯравии худ, садорати базмҳои суханро зеб медоданд…

Ба Абдураҳмони Ҷомӣ беш аз 100 асар нисбат дода мешуд, ки аз нисф зиёди онҳо моли ӯ набуданд. Баръакс, чанде аз асарҳои ҳақиқатан ҳам моли ӯ фаромӯш гардида, аз доираи истеъмоли илмӣ ва истифодаи умум берун монда буданд. Аз ҷумла ду девони пурраи ӯ: «Воситат-ул-иқд»-у «Хотимат-ул- ҳаёт», «Шарҳи ҳадиси Аберазин ал-Уқайлӣ» ва амсоли инҳо фаромӯш шуда, ба ҷойи «Шарҳи байти Амир Хусрав»-и аслӣ бо чунин ном рисолаи дигари ҷаълие таҳти номи Ҷомӣ даргард буд. Рисолаву китобҳои зиёде, мисли «Рисолаи таҷниси хат», бисёр шарҳҳо, китобҳои таъриху тафсир ва ғайра, ки аслан ба дигарон мутааллиқ буданд, чун эҷоди Ҷомӣ шинохтаву муаррифӣ мешуданд. Ҳамаи ин аҳли илмро водор мекард, ки даставвал мероси фикрии Ҷомӣ аз рӯйи меъёрҳои илми матншиносӣ ва нусхашиносӣ муайян карда шавад. Аз соли 1965 то имрӯз камина ба ҳалли ҳамин муаммо машғул ҳастам».

Аълохон Афсаҳзод камари ҳиммату заҳматашро маҳкам баста, батадриҷ иддае аз осори манзуму мансури Абдураҳмони Ҷомӣ, минҷумла, матни илмии оммавӣ ва илмии интиқодии «Баҳористон» (Душанбе, 1966, 1972, 1987; Маскав, 1987), «Лайлӣ ва Маҷнун», «Фотиҳат-уш-шубоб», «Воситат-ул-иқд», «Хотимат-ул-ҳаёт» (Маскав, 1974–1981), баргузидаи ашъори лирикӣ, пораҳо аз «Хирадномаи Искандарӣ» ва мухтасари «Саломону Абсол»(дар тазкираи панҷҷилдаи «Гулшани адаб», ҷилди III, Душанбе, 1976), «Мунтахаби  осор» (ба забони русӣ, Ленинград, 1978), ниҳоят, ҷилдҳои 1, 2, 5, 6, 7-уми «Осор»-и ҳаштҷилдаи Ҷомӣ, (Душанбе, 1986-1990) ва «Лирика. Достонҳо. Баҳористон» (ба забони русӣ, Душанбе, 1989)-ро дар заминаи нусхаҳои муътамади қаламиву сангӣ бо муқаддимаҳои муфассали илмӣ, тавзеҳоти густардаи матншиносӣ ва шарҳи оммафаҳми вожаҳо барои нашр омода намудааст.

Мутаассифона, таҳияву нашри матни илмии интиқодӣ ва таҳқиқи муфассали академии «Нафаҳот-ал-унс»-и Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, ки ҳамроҳи донишмандони эрониву афғонистонӣ ба фарҷом расониданаш аз орзуҳои деринасоли устод буд, аз бераҳмии чанголи аҷал натавонист ҷомаи амал ба бар оварад. Хушбахтона, нияти неки мавсуф аз ҷониби донишмандони эрониву тоҷикистонӣ ба фосилаи иҷро расондаву рӯҳи покашон шод гардонда шуд.

Меваҳои  ширини  дарахти   азими  матншиносии Аълохон  Афсаҳзоду  ҳаммаҳфилу   ҳаммактабонашро ҳамагон писандида, донишмандони маъруфи ватаниву хориҷие, чун А.Н. Болдырев, И.С. Брагинский, А.А.Гваҳария, Иржи Бечка, М.С.Осимӣ, Р.Ҳодизода, Х. Шарифов, А. Сатторзода, А. Абдуллоев, Р. Мусулмонқулов, Б. Тилавов, Н. Сайфиев, У. Каримов, С. Воҳидов, Ш.Мухтор, Ю. Акбаров, Ҷ. Додалишоев, С. Сиддиқов, А.Кучаров, Ҷ. Назриев, А. Муҳаммадӣ, Р. Фарҳодӣ, Н.Саидӣ, М.Ҳ.Наҷафӣ, Б.Кӯҳдоманӣ ва дигарон баҳои сазовори илмӣ додаанд.

Рисолаи нахустини  тадқиқотии Аълохон   Афсаҳзод «Достони «Лайлӣ ва Маҷнун» — и   Абдураҳмони  Ҷомӣ»- ст, ки соли 1970 чоп шуд, бар  иловаи  таҳқиқу  баррасии   мавзӯъ  ва  ишколоти ҳунарии достон, як сайри таърихии  ин мавзӯъ дар адабиёти форсӣ нуктаҳои тозае дорад. Баъдҳо дар бораи шахсияту  эҷодиёти  Ҷомӣ  китобҳои «Абдураҳмони   Ҷомӣ»   (Душанбе, 1978),  «Рӯзгор ва осори Абдураҳмони Ҷомӣ» (Душанбе, 1980), «Таҳаввули   афкори   Абдураҳмони   Ҷомӣ»   (Душанбе,   1981),   «Ашъори ғинойии   Абдураҳмони   Ҷомӣ.  Масоили  матну  назмшиносӣ»  (Маскав,   1988; ба  забони  русӣ),  «Ҷомӣ– адиб ва мутафаккир» (Душанбе, 1989)-ро таълиф кард,  ки дар онҳо кам чизе аз осори ин шоир мондааст, ки   муаллиф ба он даст назадаву назари худро иброз надошта бошад.

Бидуни шак, агар ба номгӯйи мазкураи рисолаҳои дар ҳалли масоили умдаи рӯзгору осору афкори Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ таълифнамудаи Аълохон Афсаҳзод силсилаи мақолаву маърӯзаҳои ба боз намудани уқдаҳои гуногуни ҳаёту эҷоди мутафаккири нобиға тахсисдода, муқаддимаву тавзеҳоти муфассали илмии барои тарҷумаҳои русии осори шоири номӣ бингошта, тақризномаҳои ба тадқиқоти Ҷомишиносони ватаниву хориҷӣ эроднамудаи ӯро биафзоем, паҳнову жарфои ҷӯйишу пӯйишу пажӯҳишҳои Ҷомишиносии  мавсуф аёнтар хоҳад гардид.

Бемуҳобо, мактаби матну адабиётшиносии Аълохон Афсаҳзод ибратбахшу сабақомӯз буда, деворашон бар пойдевори мустаҳкам ниҳода шудааст. Азбаски дар заминаи матини илмиву методологӣ офарида шудаанд, нахустин асару мақолаҳои дар бахши Ҷомишиносӣ таълифнамудаи Аълохон Афсаҳзод, баробари дигар муҳассаноти таркибиву забониву услубиашон, аз чанд сифати хосаву хосияти вижа бархӯрдоранд: якум – бар  таҳқиқи пешакии текстологӣ қарор доштан; дувум- бо диди навтари адабиву эстетикиву фалсафӣ нигошта шудан; савум — бо санаду далелҳои муътамаду  санҷида музайян будан. Ва ин сифатҳоро якумин тадқиқоти муфассали адабиётшиносии муҳаққиқ, ки «Достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Абдураҳмони Ҷомӣ» ном дошта, соли 1967 ба ҳайси рисолаи номзадӣ ҳимоя шудааст, дар   худ   таҷассум намуда, дарҳол мавриди таваҷҷуҳи  олимони соҳа қарор гирифтааст.

-Ин номаро,– навиштааст ховаршиноси бузурги чехословакӣ Ян Рипка қабл аз вафоташ, -дар бемористон ба воситаи завҷаам рӯйи коғаз овардам. Ӯ бароям автореферати рисолаи номзадии олими ҷавони тоҷик  Аълохон Афсаҳзод «Достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Ҷомӣ»-ро овард.Мутолиаву шиносоӣ бо мундариҷаи он маро қонеъ гардонд. Муаллиф дар назми Шарқ дониши васеъ дорад. Рисоларо ба тарзи наву писандида навиштааст… Он сазовори баҳои баланд аст».

Шоистаи тазаккур аст, ки Аълохон Афсаҳзод моҳи марти соли 1981 дар Шӯрои илмии васеи Институти ховаршиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар мавзӯи «Проблемаҳои матну шеърияти лирикаи Абдураҳмони Ҷомӣ» сарбаландона рисолаи докторӣ дифоъ намуд, ки сазовори баҳои баланди мусташриқини варзидаи шӯравӣ гардида, мазмуну муҳтавои он соли 1988 дар Маскав (ба забони русӣ), дар қолаби рисолаи ҳамном, ба дасти чоп расид.

Соли 1999 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Маркази мутолиоти эронӣ бо ҳамкории Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳама дастовардҳои илмиро дар панҷ муҷаллади муҷаммал интишор намуд, ки як навъ анҷому ҷамъбасти заҳамоти тӯлонии Ҷомишиносии Аълохон Афсаҳзоду ҳамдастонаш маҳсуб меёбад.

Бидуни шакку шубҳа, танҳо ҳамин осори беамсоли Ҷомишиносии Аълохон Афсаҳзодро, ки то ҳол шарафи бузурги дар хориҷи кишвар бо чунин ҳашамату ҷасимат (5 ҷилду 4084 саҳифа !) ва иззату шарофат интишор ёфтани назирашон насиби ҳеҷ муаллифи дигари тоҷик нагардидааст, яке аз корномаҳои бузурги фарҳангӣ дар таърихи деринасоли мардуми форсинажоду форсизабон ҳисобем.

Соли 2000-ум дастоварди беназиру бебадали Ҷомишиносии Аълохон Афсаҳзод аз ҷониби хонандагони сершумору нозуктабиат ва фарҳангсолорони эронӣ сазовори Ҷоизаи байнилмилалии «Китоби сол» ва нишони ёдгории тиллои «Баҳори озодӣ» гардид, ки далелу мадраки дигари бузургӣ ва нотакрории ҳунару истеъдоди зотии мавсуф аст.

Бемуҳобо, «асарҳои тадқиқотии Ҷомишиносии Аълохон    Афсаҳзод, пеш аз ҳама, аз он ҷиҳат қобили таваҷҷуҳанд, ки дар ҳар яке аз онҳо бозёфту сухани тозаи илмӣ ба назар мерасанд ва дар якҷоягӣ симои алломаи барҷаста Абдураҳмони  Ҷомӣ ва бузургии ӯро  ҳамчун инсон, адиб ва мутафаккири башардӯст ҷилвагар менамоянд» (Мирзо Муллоаҳмадов. «Фотеҳи қуллаҳои баланди илм». Маҷаллаи «Мактаби советӣ», 1981, № 8, саҳ. 63).

Бо ин  ҳама, метавон изҳори сипоси ифтихор намуд, ки «Аълохон Афсаҳзод дар муддати бист сол дар ҷодаи тадвину таҳқиқи осори васеи яке аз ситорагони дурахшони адабиёти дарӣ Абдураҳмони Ҷомӣ кор кардаву аз тарафи шарқшиносони шӯравиву хориҷӣ яке аз беҳтарин Ҷомишиносони ҷаҳон шинохта шудааст».

Асрори Сомонӣ