Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии «Оши палав»

Оши палави мо ваҳдатсозу фарҳангофар аст

№113 (3414) 24.08.2015

DSC_0187Бисту дуюми августи соли равон дар Боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии  Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Оши палав» баргузор гардид.

Дар оғози чорабинии мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ иштирок, сухаронӣ ва таъкид намуд, ки бахшида ба 24 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намудани Фестивал- озмуни ҷумҳуриявии «Оши палав» падидаи нек аст.

- Соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оши палав»-ро  барои сабт намудан ба феҳристи ЮНЕСКО ҳамчун фарҳанги ғайримоддии миллӣ пешниҳод кардааст. Дар санадҳо ҳамчун намуна тақрибан даҳ намуди оши палав — «Оши бедона», «Оши гӯшти мурғ», «Оши палави барги токӣ», «Оши девзира», «Оши кенҷа», «Оши як ба як» ва ғайра пешниҳод гардидааст. Аз ин хотир, моро зарур аст, ки ҷиҳати тарғибу ташвиқ ва густариши фарҳанги миллӣ чораву тадбирҳои судманд андешем, — гуфт М.Ҷабборӣ.

Мавсуф дар идома зикр кард, ки баргузории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Оши палав» минбаъд ба ҳукми анъана даромада, ҳар сол дар моҳи август баргузор мегардад.Дар озмун ошпазҳову ҳунармандон аз 30 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Зимни суҳбат бо иштирокчиёни озмун аён гардид, ки онҳо намудҳои гуногуни ош — «Оши шоҳона», «Оши кенҷа», «Ош бо сабзии сурх», «Оши бедона», «Ош бо равғани думба», «Оши як ба як», «Ош бо равғани зағир ва тухми харбуза»,  «Оши кишмиш», «Ош бо тухми бедона»,  «Оши чойхона», «Ош бо гӯшти кабк», «Оши хонагӣ» ва ғайраро омода ва пешниҳоди ҳайати ҳакамон намуданд.

Бояд гуфт, ки вобаста ба ошпазӣ аз рӯи чанд номгӯй, аз қабили «Дастони моҳир», «Кӣ зудтар?», «Оши палави беҳтарин», «Ошпази беҳтарин» (бо дарназардошти маҳорат, сарулибос, озодагӣ), «Ороиши дастархон», «Намоиши либосҳои миллии ошпазҳо ва пешхизматҳо», вобаста ба бахши санъаткорӣ – «Рақси ошпазӣ», «Сурудҳои ҳаҷвӣ доир ба оши палав ва ҳаҷвнигорӣ»  озмун гузаронида шуд.

70 нафар ошпазҳое, ки дар даври аввали озмун дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуда, ғолиб омада буданд, дар даври ҷамъбастӣ ширкат варзиданд. Дар маҷмӯъ, онҳо дар 70 дег ош омода намуданд, ки баъди санҷиш аз ҷониби ҳакамон баҳогузорӣ шуданд.

Дар  ҳар дег аз 10 то 20 — килограммӣ биринҷ ҷой дода шуда буд, ки вобаста ба маҳсулоти истифодашуда, тарзи омода  ва пешниҳод карданашон номҳои гуногун доштанд.

Таъкид гардид, ки воқеан ҳам дар озмуни мазкур ошпазҳои беҳтарин ҷамъ омадаанд.

Дар номинатсияи «Оши палави беҳтарин» аз рӯи таъм, хуб пухтани биринҷ, гӯшт ва сабзӣ, сифати маҳсулоти истифодашуда, ороиш ва намуди пешниҳоди ош, тозагии дег, оташдон, дигар лавозимот ҷойи якум ва ҷоизаи асосӣ – «Кафгири тиллоӣ»-ро ошпази бозори «Фаровон»-и шаҳри Қӯрғонтеппа Карим Ҳалимов соҳиб шуд. Оше, ки мавсуф омода карда буд, «Шоҳона» ном дошт.

DSC_0262Тавре маълум гардид, номбурда 40 сол аст, ки ҳамчун сарошпаз кор мекунад. Ӯ ғолиби даври аввали озмуни  «Оши палав» дар вилояти Хатлон мебошад.

Дар бахши «Ошпази беҳтарин» бошад, сокини шаҳри Хуҷанд Баҳодур Додобоев бо навъи  «Оши кенҷа» мақоми аввалро соҳиб шуд. Ӯ дар суҳбат бо мо изҳор дошт, ки оши палавашро бо биринҷи «кенҷа», зира, кишмиш, гӯшти гову гӯсфанд, думба, равғани омехта, сабзии сурх, тухм ва дигар маҳсулот омода кардааст. Мавсуф намуди зоҳирии ошро бо маҳсулоти тару тоза ва хӯришҳои гуногун хеле дилкаш оро дода, Парчами Тоҷикистон болои он тасвир шуда буд.

DSC_0218Дар бахши «Дастони моҳир» — Отабек Бобоқулов аз ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, дар бахши «Ороиши дастархон» — Х. Азимова аз ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, дар бахши санъаткорӣ, суруди ҳаҷвӣ — санъаткорони ноҳияи Файзобод ва рақси «Ошпаз» намояндаи  шаҳри Хуҷанд ғолиб дониста шуданд.

Дар фестивал асбобҳои оштайёркунӣ, аз қабили корд, кафгир, тахтача, чангак, дег, табақ, дастархон ва ғайра ба намоиш ва фурӯш гузошта шуд.

Намоиши маҳсулоти гуногун, ки аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъиятҳои матлуботи шаҳру ноҳияҳои мамлакат ташкил гардида буд, ба чорабинӣ шаҳомати хоса зам менамуд.

Дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Оши палав» зикр шуд, ки палав бидуни ҳеҷ шакку шубҳа хӯроки миллии тоҷикист, ки мисли Наврӯз ба фарҳанги миллатҳои дигар гузаштааст.

- Палав хӯроки суннатии тоҷикон аст. Чунки барои пухтани анвои хӯрокҳое, ки завқу салиқа ва донишу маҳорат лозим аст, пеш аз ҳама, мардуми муқимӣ машғул мешуданд, на кӯчиҳо. Он қавму қабилаҳое, ки баъдан сокини шаҳрҳо шуданд ва бо миллатҳои мутамаддин даромехтанд, табиӣ аст, ки аз фарҳанги пешрафтаи муқимиҳо баҳра мебурданд. Яъне, пӯшок, хӯрок, касбу кор ва дигар нишонаҳои тамаддуни мардуми муқимӣ ба кӯчиҳои сокиншуда бидуни таъсир набуд ва ҳатто ба пешрафти онҳо ёрӣ расонид. Палав яке аз онҳост, ки дар шаҳрҳо ба вуҷуд омада, бо мурури замон ба фарҳанги миллатҳои дигар низ интиқол ёфтааст. Аксари истилоҳоти вобаста ба палав, ба монанди дегдон, дег, дегча, кафгир, корд, табақ, тағора, тахтача, зирбак, дамкун, дамдеҳ, дамгир, дампаз, хомдам, пухтадам, хуриш, зира, номҳои палав ва ғайра марбути забони тоҷикӣ аст,- иброз дошт доктори илмҳои филологӣ, профессор Равшан Раҳмонӣ.

Ба андешаи номбурда, «ош» вожаи соф тоҷикӣ буда, дар мавридҳои зиёд дар вожасозӣ иштирок намудааст. Вожаҳои ошдиҳанда, ошдиҳӣ, ошкаду, ошкор, ошкоркунанда, ошкоро, ошкоса, ошомидан, ошмон, ошно, ошнобоз, ошнонамо, ошпаз, ошпазхона, оштахта, оштихӯрок, ошхона, ошхӯр ва ғайра аз ҳамин қабиланд.

Фолклоршинос Дилшод Раҳимов иброз дошт, ки оши палав танҳо як хӯроки одӣ набуда, аз ҷумлаи таомҳоест, ки дар атрофи он жанрҳои гуногуни фолклорӣ эҷод шудааст. Фарҳанги мардуми тоҷик пур аз зарбулмасалу мақол, нақлу ривояту таронаҳое аст, ки ба оши палав иртибот доранд.

Ба гуфтаи ӯ, тибқи таҳқиқоти корманди илмии шуъбаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муъмина Шовалиева ҳоло ошпазони касбии тоҷик 130 навъи палавро пухта метавонанд. Дар ин робита, М. Шовалиева китоберо таҳти унвони «Таърихи фарҳанги ошпазии халқи тоҷик»  ба табъ расонидааст, ки он аввалин таҳқиқоти монографии фарҳанги ошпазии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар ин китоб  давоми  30 сол аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ мавод ҷамъоварӣ шудааст.

Дилшод Раҳимов дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Оши палав» шоҳиди пухтани  якчанд навъи ош, ба монанди, «Оши як ба як», «Оши пӯстдумба», «Оши токӣ», «Оши кенҷа», «Ош бо сабзии зарди сафедча», «Оши бедона» ва ғайра шудааст. Ӯ мегӯяд, ки оши палав як воситаест, ки мардумро гирди як дастархон муттаҳид сохта, байнашон дӯстиву рафоқат ва сулҳу ваҳдатро ба миён меорад. Имрӯз ӯзбекҳо, қазоқҳо, қирғизҳо, туркменҳо, ҳиндуҳо, эрониҳо ва дигар миллатҳо низ ош мепазанд. Яъне, имрӯз ош марз намешиносад. Аммо мо бояд ифтихор кунем, ки баромади палав ё ош тибқи сарчашмаҳои таърихӣ аз сарзамини тоҷикон аст ва он номи тоҷикӣ дорад. Халқҳои бародар, ҳамсояҳои мо тақрибан дар асрҳои миёна ба ин сарзамин омада, фарҳанги бойи ниёгони моро дида, қабул карданд ва ҳатто омехта шуданд. Аз оилаҳои тоҷик арӯс гирифтанд ва духтаронашонро ба ҳунармандони тоҷик доданд, то ки фарзандони онҳо низ ҳунарманд шаванд. Ҳамин тавр, робитаи хешовандӣ ба вуҷуд омад. Имрӯз агар мо фарҳанги тоҷикиро модари фарҳанги кишварҳои Осиёи Марказӣ гӯем, хато намекунем. Яъне, оши палави мо ваҳдатсозу фарҳангофар аст.

Фарҳангшиносони тоҷик исбот намудаанд, ки дар таърих сарчашмаҳои зиёде аст, ки навъҳои гуногуни таом дар онҳо зикр шудааст ва дар садаҳои қабл аз чордаҳ то ба имрӯз, бидуни ҳеҷ шаку шубҳа, палав дар байни мардуми тоҷик ва ҳамзабонони мо машҳур будааст. Масалан, адиби маъруф Бусҳоқи (Абӯисҳоқи) Атъима тақрибан дар ҳамаи навиштаҳояш, аз ҷумла дар «Канз-ул-иштиҳо», достони «Музаъфар ва Буғ», маснавии «Асрори чангол» ва дигар қасидаву ғазалу рубоиёташ аз биринҷ ва ё палав (бо номи музаъфар) ёдовар мешавад.

Баргузории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Оши палав» гувоҳи он аст, ки тоҷикон дар марҳалаи ҷаҳонишавии фарҳангҳо дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи намоён доранд. Маҳз бо баргузории ин фестивали зебо якчанд навъи дигари оши палав эҳё шуд ва чандин нафар мутахассисон китобҳоро варақ заданд, мақолаҳо рӯи чоп омадаанд. Чандин нафари дигар бошад, ҳоло дар фикри нашри китоб ҳастанд. Ин чорабинӣ ба мисли оина таҷассумкунандаи маърифат, муҳаббат ва назокат буда, дар хотирҳо нақш хоҳад гузошт.

Муҳаммад ЗОКИР, Хайрулло ШАРИПОВ, «Садои мардум».

Суратгир А. Исоев