11-уми март -Рӯзи матбуоти тоҷик!

Пойи луч… ба водии гармо

№34-35 (3335-3336) 10.03.2015

Адиби ҷангноманавис Раҳмон Сафаров ва рӯзноманигоре аз Ҷумҳурии Беларус барои таҳияи мавод аз корнамоии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳайдар Қосимов ба ноҳия омаданд. Котиби кумитаи ноҳиявии Ҳизби коммунист оид ба корҳои идеологӣ маро, ки муҳаррири рӯзномаи «Вахш» будам, ба наздаш хонда, супориш дод, ки роҳбалади меҳмонон бошам.

Меҳмонон бо Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳайдар Қосимов ва ҷойҳои кори ӯ шинос гардиданд, бо ҳамкасбону сокинони деҳот вохӯрданд. Ҳайдар Қосимов дар ноҳия вазифаи раиси ҷамоат, муовини роҳбари хоҷагии гӯсфандпарварӣ ва ҳамчунин чандин вазифаи ҷамъиятиро бар уҳда дошт.

Баъди анҷоми суҳбату вохӯриҳо ва гирд овардани маълумоти лозима якҷо ба хонаи қаҳрамон рафтем. Дар бойгонии ӯ суратҳои зиёде маҳфуз буданд, ки лаҳзаҳои суҳбату вохӯриҳои қаҳрамонро дар шаҳру деҳоти Россия, Украина, Беларус, ҷумҳуриҳои Наздибалтика ва хориҷи кишвар акс намуда буданд. Қаҳрамон чанде аз онҳоро ба меҳмон ҳадя кард. Рӯзноманигор мақсади дар маҷаллаи «Белорус» аз корнамоиҳои ҷангӣ, кору зиндагии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳайдар Қосимов чоп намудани мавод доштааст.

Баъд нависанда Раҳмон Сафаров барои ба меҳмон фаҳмо будан бо забони русӣ гуфт, ки медонед журналисти беларусиро чӣ тавр ба водии Вахш овардааст? Ӯ нақл намуд, ки бо ҳамроҳии меҳмон аз Душанбе озими шаҳри Қӯрғонтеппа шудаанд. Дар баландии назди шаҳраки Уялии ноҳияи Илич (ҳозира ноҳияи Хуросон) бо забони русӣ навиштаҷоти «Вахшская долина» (он ҳоло ҳам пойбарҷост) гузошта шудааст.

Нависанда Раҳмон Сафаров назди ҳамин навиштаҷот мошинро нигоҳ медорад. Ба журналисти меҳмон мефаҳмонад, ки аз ин ҷо водии Вахш оғоз мешавад. Мувофиқи одат, ҳар меҳмони ба ин ҷо омада бояд аз мошин фаромада, камаш даҳ метр пойи луч роҳ равад. Меҳмон, ки бори нахуст ба Тоҷикистон омада буд, ин шӯхии мизбонро ҷиддӣ қабул мекунад.

Ҳар ду пойи луч рӯи асфалт, ки фасли тобистон даҳчанд тафсон мешуд, масофаи «шартӣ»-ро тай намудаанд. Бо пойҳои аз гармӣ ба сӯзишомада ба мошин нишаста роҳро идома медиҳанд.

Нависанда Раҳмон Сафаров бо шавқ нақл менамуд ва гуфт, ки барои мондани хотироти фаромӯшнашудании сафар аз водии Вахш ин гуна шӯхӣ карда буд.

Журналисти беларусӣ, ки завқ карда механдид, ба Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳайдар Қосимов рӯ оварда гуфт, ки барои ба дидори қаҳрамон мушарраф шудан на танҳо даҳ метр, балки даҳҳо километр пиёда рафтан кам аст. Эшон сазовори ҳама гуна ҳурмату эҳтироманд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»