Журналист масъала мегузорад

Қӯрғонтеппа. Коллеҷи санъат зарур аст

№107 (3587) 16.08.2016

Бо тақозои касби рӯзноманигорӣ ҳангоми сафар ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон зарур меояд, ки дар қатори кормандони дигар соҳаҳо бо ходимони соҳаи фарҳангу санъат низ суҳбату мулоқот дошта бошем. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар байни кормандони ин соҳа солҳои охир шумораи ҷавонон камтар ба назар мерасад. Шумораи духтарон низ тамоюли камшавӣ дорад. Вақте натиҷаи мушоҳидаҳоямро ба сардори Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Бурҳониддин Раҷабов ва сарвари китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳин Тӯтинисо Юсуфова иброз намудам, онҳо гуфтанд, ки воқеан соҳаи фарҳангу санъати вилоят, бахусус ба мутахассисони сатҳи миёна ниёз дорад. Вале мушкилоти иқтисодӣ ба рӯзгори мардум то дараҷае таъсир гузош­тааст, ки кам ҷавонон барои ба шаҳри Душанбе, ноҳияи Рӯдакӣ ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ рафта, таҳсил намудан дар коллеҷҳои санъат изҳори ҳавас­мандӣ мекунанд. Барои қисми зиёди духтарони соҳибистеъдод, ки дар деҳоти дурдаст зиндагӣ мекунанд, тафаккури нодурусти волидайн, ки фарзанд ба роҳи дур равад, шояд дар зиндагӣ хато содир намояд, низ монеаи таҳсил мешавад. Аз ин ҷост, ки соҳаи санъату фарҳанги вилоят ба мутахассисони варзидаю соҳибмаълумоти сатҳи миёна хеле ниёз дорад. Роҳи беҳтару хубтари ҳалли ин масъала дар маркази вилоят — шаҳри Қӯрғонтеппа кушодани чунин коллеҷи махсуси соҳавӣ аст.

Тавре Тӯтинисо Юсуфова илова намуд, зарурати таъсиси чунин коллеҷи махсуси санъатро Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ дарк намуда, барои бунёди он дар маркази вилоят ду маротиба маблағи заруриро ҷудо намуд, вале бо сабаби ҷудо нашудани қитъаи замин барои бунёди бино маблағҳо аз худ нагардиданд.

Хушбахтона, солҳои охир бо иқдому дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби заминҳои ноҳияҳои Бохтару Вахш, ки дар паҳлуи шаҳри Қӯрғонтеппа ҷой гирифтаанд, беш аз 1775 гектар ба тавозуни шаҳри Қӯрғонтеппа гузаронида шуд. Ин имкон дод, ки дар маркази вилоят барои бунёди иншооти ҳаётан муҳим шароити зарурӣ муҳайё гардад. Ҳоло шаҳри Қӯрғонтеппа ба макони бунёди иншооти гуногун табдил ёфтааст. Вусъати тоза пайдо намудани бунёди иншооти зарурии фарҳангӣ исботи ин гуфтаҳо шуда метавонад.

Айни замон дар маркази вилоят бунёди бинои муҳташами театри касбӣ бо суръати баланд идома дорад. Он аз рӯи дастовардҳои охирини санъати меъморӣ бунёд ёфта, дорои қариб 1000 ҷойи нишаст хоҳад буд. Бунёди саҳнаи гардон, ки орзуи деринаи кормандони театр аст, дар бинои нав ба назар гирифта шудааст. Барои бунёди боғи нави фарҳангии дорои майдони васеъ қарори дахлдор қабул гардидааст. Тибқи маълумоти оморӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла дар минтақаи Қӯрғонтеппа қасрҳои зиёди фарҳангӣ, хонаҳои фарҳанг, китобхонаю дигар муассисаҳои соҳа мавҷуданд, ки дар онҳо низ нарасидани мутахассисони соҳибмаълумот эҳсос мегардад. Аз ин рӯ, бо мақсади таъмини муассисаҳои мазкур бо мутахассисони соҳибмаълумот зарур аст, ки дар маркази вилоят коллеҷи махсуси соҳавӣ таъсис дода шавад.

Ёдовар мешавем, ки танҳо барои таъмини театри бунёдшавандаи касбии маркази вилоят беш аз 70 нафар мутахассиси соҳибмаълумот зарур аст. Яъне, агар дар театри алҳол фаъолияткунанда 80 нафар санъаткор ҳунарнамоӣ мекарда бошад, дар театри нав теъдоди онҳо бояд 150 нафар ва ҳатто бештар гардад. Ҳамчунин, дар назар аст, ки дар заминаи бинои куҳнаи ин боргоҳи ҳунарӣ театри лӯхтак, ки мутаассифона, то ҳол дар вилоят вуҷуд надорад, таъсис дода шавад. Яъне, дар ин ҷо низ ба мутахассисони касбӣ ниёз пайдо мешавад.

Ба изофа ҳар сол 20 муассисаи таълимии санъати бачагонаи вилоятро наврасон хатм мекунанд, ки дар байнашон истеъдодҳо хеле зиёданд. Барои такмили ҳунару истеъдоди онҳо низ таъсиси коллеҷи махсуси соҳаи санъат мисли обу ҳаво зарур аст. Агар ин масъала ҳал гардад, сифату тайёр намудани мутахассисони зарурӣ баланд, мушкили таъмини ин гуна муассисаҳо бо ҳунармандон осон мешавад.

Вилояти Хатлон имрӯз соҳиби Донишгоҳи олии соҳаи тиб ва якчанд коллеҷи махсуси ин соҳа аст. Агар кормандони соҳаи тиб муҳофизони саломатии мардум бошанд, пас кормандони соҳаи фарҳангу санъат дар тарбияи онҳо ва таъминашон бо ғизои маънавӣ нақши ҳалкунанда дош­та метавонанд. Умед дорем, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вилояту шаҳр ин масъалаи муҳим роҳи ҳалли худро пайдо мекунад.

Дар назар аст, ки бинои муҳташами Донишгоҳи энергетикии Тоҷикистон дар рӯзҳои таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Пас имкон аст, ки бинои ҳозираи онро, ки дар маркази вилоят қарор дораду дар гузаш­та ҳамчун коллеҷи энергетикӣ фаъолият мекард, ба коллеҷи санъат табдил дод.

Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ ­Раҳмон фарҳангро ҳастии миллат номидааст. Пас зарур аст, ки барои пойдории ҳастии миллат шахсони масъул ин пешниҳодро бипазиранд.

 Давлат Султонов, «Садои мардум»