Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон

№139 (4089) 19.11.2019

IMG_4595Аз 11 то 15 ноябри соли 2019 дар мамлакат Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.

Ҳайати кишвари ҳамсояро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва аҳли зиё пешвоз гирифтанд. Ба ҳайат ҳунарпешаҳои халқии Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраев, Ғуломҷон Ёқубов, Маҳмуд Намозов, ансамблҳои «Мақом» ва рақсии «Тошкент зеболари» шомил буданд.

12 ноябри соли 2019 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» мулоқоти вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо вазири фарҳанги Ӯзбекис­тон Бахтиёр Сайфуллоев доир гардид.

Баъди анҷоми вохӯрии расмӣ номбурдагон бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон вохӯрда, ба суол­ҳояшон посух гуфтанд.

Шамсиддин Орумбекзода иброз дошт, ки рӯзҳои фарҳанги кишварҳо маъмулан соле як бор доир мешавад. Вале ташрифи бародарони ӯзбек ба Тоҷикистон ва ҳунармандони тоҷик ба Ӯзбекистон мунтазам сурат гирифта истодааст, ки шаҳодати тақвияти дӯстии бесобиқаи байни ду миллат мебошад.

Таъкид гардид, ки муносибати дӯстона миёни тоҷикону ӯзбекҳо таърихи чандинасра дорад, ки дар саргаҳи он фарзандони фарзона Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ қарор гирифтаанд.

- Мо як халқ ҳастем, ки бо ду забон сухан мегӯем. Урфу одат, санъату ҳунари ягона дорем. Хушбахт аз онем, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи сарони ду кишвар ҳамкориҳо торафт тавсеа меёбанд, — гуфт вазири фарҳанги Ӯзбекистон Бахтиёр Сайфуллоев.

Шоми 12 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Сайфуллоев, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов, аҳли зиёи тоҷику ӯзбек иштирок намуданд.

Сипас, меҳмонон аз мавзеъҳои ҷолиби  мамлакат — Осорхонаи миллии бостоншиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон, Боғи Ирам, Боғи Алишер Навоӣ ва Боғи Куруши Кабир  дидан намуданд.

13 ноябр ҳунармандони ӯзбек ба ноҳияи Данғара сафар карданд. Онҳоро муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Обидҷон Назариён ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ҳамроҳӣ карданд.

Меҳмононро дар назди қасри навбунёд ва бошукӯҳи фарҳанги ноҳияи Данғара муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов, раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон ва аҳли фарҳангу ҳунар пешвоз гирифтанд. Аъзои ҳайат, қабл аз ҳама, аз китобхона ва осорхонаи Қасри фарҳанг дидан намуданд. Баъд меҳмононро дар Донишгоҳи давлатии Данғара пазироӣ карданд.

Дар анҷом дар шаҳри Душанбе консерти муштарак таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид.

Ҷ. САБОҲИДДИН, «Садои мардум»