«Рӯзи сафед»-и рассом дар осорхонаи миллӣ

№ 07.09.2016

IMG_8925Сеюми сентябри соли 2016 бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи рассомони Тоҷикистон намоиши асарҳои тозаэҷоди Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Муродзодаи Шарифро зери унвони «Рӯзи сафед» доир намуд.

То ин вақт намоиши асарҳои Сабзалӣ Муродзодаи Шариф дар Маҷористон, Афғонистон, Полша, Олмон баргузор гардидааст. Номбурда дар ороиши бадеии иншооти бузург саҳм дошта, маҳсули дастранҷи ин ҳунармандро дар биноҳои меҳмонхонаи «Тоҷикистон», Сирки давлатии Тоҷикистон, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, Кохи «Борбад», Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан мумкин аст.

Рассом барои хизматҳои арзандааш аз ҷониби Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвонҳои фахрии «Рассоми халқии Тоҷикистон», «Арбоби хизматнишондодаи Тоҷикистон» ва ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ сарфароз гардидааст.

Дар намоиши мавриди назар беш аз 20 мусаввара ба маъраз гузошта шуда, тӯлли як моҳ идома меёбад.

Шаҳло Абдуллоева, ходими калони илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон